logo

Хабарҳо

ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

- Соли 2020 аз ҷониби кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1960 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ошкор шуд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1375 ҳолат коҳиш ёфтааст. Аз ин қонуншиканиҳо бештар қоҷоқи телефонҳои мобилӣ ба кишвар мебошад, ки беш аз 7 ҳазору 300 ҳолатро дар бар мегирад, - иттилоъ дод Азим Турсунзода, муовини якуми сардори  Хадамоти гумрук.
Ба гуфтаи масъулони соҳа нисбат ба як соли пеш коҳиш ёфтани қонуншиканиҳои гумрукӣ, агар аз як ҷониб, таъсири пандемияи COVID-19 бошад, сабаби дигар, пурзӯр гардидани назорат дар сарҳади давлатӣ, аз ҷумла тадбирҳои андешидаи хадамот якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ, пешгирии қоҷоқи мол ва ташкили корҳои оммафаҳмонӣ ба шумор меравад.
Азим Турсунзода зикр намуд, ки яке аз муваффақиятҳои соҳа дар соли сипаригардида, ин фаъолияти босамари низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ» буда, равзана дар коҳиш додани ҳуқуқвайронкунӣ ва аз байн бурдани муомилоти хуҷҷатҳои қоғазӣ оид ба амалёти барасмиятдарории гумрукӣ нақши мусоид гузошта истодааст. Аз ҷумла, тавассути он аз ҷониби  сохторҳои назоратӣ 3043 ҳолати нодуруст ситондани пардохти гумрукӣ ошкор ва аз ин ҳисоб зиёда  4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ пардохти гумрукии иловагӣ майян ва аз маблағи ошкоршуда наздики 3 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид шуд. Илова бар ин, зимни баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ шахсони гунаҳгор ба маблағи 5 миллион сомонӣ ҷаримабандӣ ва 27,8 миллион сомонӣ пардохти гумрукӣ ба фоидаи давлат ситонда шудааст.
Дар ҳамин ҳол Азим Турсунзода  зикр намуд, ки вобаста ба вазъи ноустувори молиявӣ ва таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисоди ҷаҳон, бахусус  кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ бо Тоҷикистон шарик, ба воридоти мол ва қисме аз пардохтҳои гумрукӣ таъсири манфӣ расонд. 
 
Муҳаммад САИДВАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 242
20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед