logo

Хабарҳо

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27 ноябри соли 2020 баҳри ҷалби ҷомеа ба варзиш ва солимгардонӣ пайваста дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ташкил мешаванд, ки ба тақвияти неруи ҷисмонии кормандон мусоидат менамоянд.

Ҳоло, дар баробари футбол ва волейбол, дар идораи рӯзнома ташкили мусобиқа оид ба тенниси рӯи миз ба ҳукми анъана даромадааст, ки бо ҷалби тамоми кормандон сурат мегирад. 
Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ (3 феврали соли 2021) бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 28-умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасмими роҳбарияти рӯзномаи “Ҷумҳурият” байни кормандон мусобиқа оид ба тенниси рӯи миз баргузор шуд, ки бисёр ҷолибу шавқовар буд. Ин ташаббус як навъ татбиқи амалии сиёсати Ҳукумати мамлакат оид ба солимгардонии ҷомеа буда, кормандони рӯзномаро аз ҷиҳати ҷисмонӣ қавӣ мегардонад. 
Қувваозмоиҳо тайи чаҳор рӯз идома ёфта, дар он 14 нафар дар ду гурӯҳ рақобат карданд. Дар рафти зӯрозмоиҳо Сайфулло Ашуров бар рақибони худ пирӯз шуда, ғолиби мусобиқа гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро мутаносибан Фирӯз Ҷумъаев ва Маҳмуд Мирзоён касб карданд. 
Ҳамчунин, Бузургмеҳр Салимов ва Шаҳбоз Аброр барои иштироки фаъолона бо ифтихорнома қадр шуданд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Суратгир Комрон САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 231
20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед