logo

Хабарҳо

ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) соли савум аст, ки дар ҷумҳурӣ озмуни «Дастархонороӣ» баргузор мегардад. Даври ҷамъбастии озмуни имсолаи вилоятӣ дар тарабхонаи «Файз»-и шаҳри Хоруғ доир шуда, дар он кадбонуҳои беҳтарин – ғолибони  даври ноҳиявию шаҳрӣ ширкат варзиданд.
 
Тавре Назира Амирбекзода, муовини раиси вилоят, дар суҳбат ба хабарнигори  “Ҷумҳурият” зикр кард, ҳадаф аз баргузории ин  чорабинӣ эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, кор гирифтан аз шеваи сарфаву сариштакорӣ, камхарҷ ва зебову хушрӯ оростани дастархон дар ҷашну маросимҳо мебошад.  Ин  ташаббуси Ҷаноби  Олӣ байни омма  ҳамовозӣ пайдо карда, сол ба сол дар озмун бонувон фаъолияти бештар зоҳир менамоянд. 
Имсол ҳам иштирокдорони озмун бо тайёрии пухта ба озмун ҳозир шуда, кӯшиш менамуданд, ки дар он бо муаррифии беҳтарин таомҳо мақоми баландро соҳиб гарданд. Таомҳои миллӣ, аз қабили атолаи зардолуву боқило, ҳалвои маҳаллӣ, кочӣ, ғӯзқамоч, нони равғанӣ, бат, ширбиринҷ, боҷ, оши боқило, амоч, нонҳои ҳархелаи танӯрӣ, кулча, фатир, бурсоқ, самбӯса, қурутоб, шириниҳои гуногун, меваю сабзавот дастархони ҳар як кадбонуро оро додаанд.
Ҳакамон аз намоиши таомҳои миллӣ дидан намуда, ба маҳорат ва истеъдоди  бонувони кӯҳистон  баҳои баланд доданд.
Мувофиқи баҳои ҳакамон, дастархони бонувони шаҳри Хоруғ дар озмун мақоми аввалро соҳиб гардид. Тавре  онҳо  зикр карданд, дастархони  бонувони  шаҳр бо тарҳи замонавӣ оро ёфта, пешхизматон бо либоси миллии ба замони муосир мувофиқ дар хидмат қарор доштанд. Ҳамчунин, бартарияти ин дастархон  дар он арзёбӣ гардид, ки бонувони  шаҳр тавонистанд, дар гирди он зимни мулоҳизарониҳо оид ба  китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров намунаи як оилаи бофарҳанги бадахшониро муаррифӣ  намоянд. Ороиши дастархонҳои ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим мутаносибан сазовори ҷойҳои дувуму сеюм шуданд.
Ғолибон ва соҳибони мақоми ифтихорӣ аз ҷониби муовини раиси вилоят бо ифтихорномаю мукофотҳои пулӣ қадр шуданд. Барои иштироки фаъол  кадбонуҳои ноҳияҳои Роштқалъа, Ванҷ, Рӯшон, Дарвоз ва Мурғоб низ бо ифтихорнома сарфароз гаштанд.
            
Раҳмони  ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 212
20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед