Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
INTERFAX. RU. Шабонарӯзи гузашта дар Федератсияи Россия 11 571 бемори коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумораи ҷонбохтагон ба 333 кас расид, ки аз моҳи ноябри соли гузашта нишондоди пасттарин ба ҳисоб меравад.
МИР 24. Гурӯҳи астрономҳои Испания, Италия ва Германия дар наздикиҳои Офтоб сайёраи монанд ба Заминро пайдо намуданд.
Известия. Намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистон Залмай Халилзод барои баррасии дурнамои гуфтугӯҳо оид ба сулҳи байни Афғонистон ва ҳаракати иртиҷоии “Толибон” бо сафари корӣ ба Кобул, Давҳа ва пойтахти дигар кишварҳои минтақа ташриф меорад,- хабар додааст сомонаи Департаменти давлатии ИМА.
ТАСС. Роҳбари Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар суҳбат бо нашрияи “Казинформ” иттилоъ дод, ки интихоботи парламент дар кишвар тирамоҳи соли равон баргузор мегардад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 234