Хабарҳо
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН
Ба ифтихори 20 - солагии Созмони ҳамкории Шанхай дар Академияи идоракунии давлатӣ Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон таъсис ёфт.
Дар ифтитоҳи он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Шарифӣ Азамшо Латифзод, Котиби генералии СҲШ Владимир Норов, Котиби генералии Кумитаи СҲШ оид ба ҳамсоягии ҳамҷавор, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Ҷэн Вей, иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон Қабулҷон Сабиров, сафирони фавқулода ва мухтори Россия, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин, як қатор намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Чуноне зимни оғози маросим ректори академия Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ба шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавҳари онро дар равобити байналмилалӣ сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ обрӯву нуфузи баланд касб намудааст. Ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо давлатҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ беш аз пеш густариш меёбанд.
-Тибқи муқаррароти СҲШ, соли 2021 раёсат дар созмон аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон гузашт, ки он ба санаи таърихӣ – 20 - солагии таъсисёбии СҲШ рост меояд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи созмон буда, дар рушду равнақи он саҳми босазо дорад. Дар мувофиқа бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар назди Академияи идоракунии давлатӣ Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ҳамчун як ниҳоди ҳамоҳангсози самтҳои фаъолияти СҲШ таъсис гардид. Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ буда, дар сохтори академия бо мақсади омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ ва тақвияти созмон фаъолият менамояд. Ҳамчунин, самтҳои асосии фаъолияти он таҳкими ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни давлатҳои аъзо, мусоидат ба рушди ҳамкориҳои кишварҳои СҲШ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, иқтисодиёт, сайёҳӣ, ташаккули захираҳои иттилоотӣ ва ҳамкорӣ бо ВАО ва амсоли инҳо мебошанд, - гуфт Абдухалил Ғафурзода.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Шарифӣ Азамшо Латифзод иброз намуд, ки дар давраи раёсат Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро ба таъмини амният ва субот, таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар паҳнои СҲШ равона хоҳад кард. Дар робита ба ин, таъсиси марказ мувофиқи мақсад буда, туҳфаи арзандаест ба ҷашнҳои 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди таъсиси СҲШ.
Боиси тазаккур аст, ки сохтори марказ аз директор, муовини директор, шуъбаҳои сиёсат ва ҳамкориҳои дипломатӣ, таҳлил ва рушди дурнамои ҳамкориҳо, шуъбаи илм, маориф ва иҷтимоиёт, котибот, бахши ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва муҳосибот иборат аст.
Раҳматулло КАРИМОВ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 253