logo

маориф

Чаро истеъдодҳоро аз даст медиҳем?

Шаш мактаббачаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии ба номи Жаутиков (Қазоқистон) аз фанҳои математика, физика ва информатика пирӯз  гашт, ки чаҳор нафари он - Афзали Беҳрӯз (аз фанни барномарезӣ ҷои аввал ва медали тилло),  Олими Пираҳмад (аз фанни математика ҷои дуюм ва медали нуқра) ва Меҳрдоди Одилу Қобил Ҳақназаров, ки сазовори ҷои сеюм ва медали биринҷӣ гаштанд, хонандагони гимназия-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ» мебошанд. Гимназияи мазкур бо сифати баланди таълими фанҳои дақиқу табиӣ ва техникӣ дар байни мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар пешсаф аст. Аксари хатмкардаҳои он муҳассилони фаъоли риштаҳои илмҳои дақиқу техникӣ ва технологияи навини мактабҳои олии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷианд.
Роҷеъ ба  ин мавзӯъ ва нақши он дар баланд бардоштани савияи донишҳои техникии ҷавонон хабарнигорамон бо Абдуфаттоҳ Ҳотамов, сардори гимназияи мазкур, ҳамсӯҳбат шуд.

-Абдуфаттоҳ Ҳотамович, сараввал пирӯзии мактаббачагони тоҷик  дар чунин  олимпиадаи бонуфуз ба ҳаводорони илмҳои дақиқу техникӣ муборак бошад.  То ҷое огоҳем, шогирдони гимназия солҳои гузашта низ дар чандин озмунҳо пирӯз шуда буданд. Чунончи, Хурсанд Ёров, дар як олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни нанотехнология ғолиби мутлақ шуд. Маълум аст, ки пирӯзӣ дар озмунҳои байналмилалӣ кори саҳл нест. Он ақлу ҳушу заковат ва дониши густурда мехоҳад. Сарфи назар аз сатҳи пасти зиндагӣ ва каму кости рӯзгор, ба устодони гимназия чӣ гуна муяссар гашта, ки дар таълими фанҳои дақиқ муваффақ бошанд?
- Ширкат дар озмунҳои байналмилалӣ дар навбати аввал  сатҳи донишандӯзӣ ва қобилияту истеъдоди зеҳнии миллату кишварҳоро муаррифӣ месозад.  Дар онҳо  имконе фароҳам аст, ки шогирдонамон дониши хешро бо мактаббачагони кишварҳои дигари ҷаҳон муқоиса намоянд ва бубинанд, ки дар ҷаҳон бачаҳои доною болаёқат кам нестанд.  Сатҳи баланди саводнокии онҳоро дида, албатта, саъй менамоянд, ки минбаъд илмҳои дӯстдоштаашонро бештару амиқтар омӯзанд.
Иштирок дар озмунҳо ба беҳтар шудани сифати таълими фанҳо дар  мактаб  такон мебахшад.  Зеро омӯзгорони мо ҳини роҳбаладии шогирдон дар чунин олимпиадаҳо  таҷрибаҳои пешқадами таълими кишварҳои дигарро омӯхта, беҳтаринашро дар гимназия ба кор мебаранд.
Инчунин кӯшиш менамоем, ки ғолибонро бо мукофотҳои моддиву маънавӣ ҳавасманд гардонем. Пирӯзии шогирдонамон дар озмунҳои байналмилалӣ хонандагони дигари гимназияро ҳам ҳавасманд месозад. Онҳо медонанд, ки бо меҳнати бештар  на танҳо ғолиби озмунҳо мегарданд, балки имкони таҳсилро дар  мактабҳои беҳтарини олии ҷаҳон пайдо мекунанд. Чунончи, имсол шогирдони гимназия Муҳаммадҷон Шоев ва Манучеҳр Фозилов аз имтиҳони тестие, ки барои таҳсил дар мактабҳои олии Ҷопон баргузор мешавад, гузаштанд. Маблағи хароҷоти таҳсил, ҷои зист, хӯрок ва роҳкиро пурра ба ӯҳдаи Ҳукумати Ҷопон аст. Ин бачаҳо ният доранд, ки таҳсилашонро дар ин кишвар бо ихтисоси муҳандиси бахши алоқаву барномарезӣ, аз ҷумла роботсозӣ идома диҳанд. Ин дастоварди гимназия ҳам шогирдони моро барои таҳсили пурсамар ҳавасманд месозад.
Дар озмуни фаннии шаҳрӣ, ки  дар Душанбе сурат гирифт, шогирдони мо аз фанҳои химия, физика, математика ва информатика сазовори ҷойҳои аввал шуданд ва ният доранд дар озмуни ҷумҳуриявӣ ширкат варзанд.
-Дар  масъалаи омӯзиши фанҳои таълимӣ, ба вижа фанҳои дақиқу табиӣ  дастовардҳои шогирдони Шумо зиёданд. Аммо сабаб чист, ки усулу методҳои таълими гимназия дар дигар макотиби таҳсилоти умумӣ роиҷ нестанд?
-Дар ҳақиқат, тарзу усулу методҳои таълиме, ки дар гимназия ба кор мебарем, на ба ҳама  писанд аст ва ин раванд бисёр табиист, зеро ҳар чизи навро на ҳама зуд дарк мекунанд.  Мо низ саъй надорем, ки тарзу усули таълими гимназияи мо ба ҳама писанд ояд. Аммо медонем, ки дер ё зуд мактабҳои   дигари кишварамон низ аз сабки кор ва методи таълими устодони гимназия пайравӣ хоҳанд кард. Тафовути кори мо аз мактабҳои дигар дар он аст, ки барои ҳар чи барвақттар интихоб кардани самти ихтисос ба хонандагон шароит фароҳам овардаем. Хонанда ба омӯзиши он фанҳое, ки бо ихтисоси ояндааш алоқаманд аст, ҷиддитар машғул мешавад. Мо садди роҳи худомӯзии хонандагон нестем. Ва ба онҳо омӯзиши иҷбориро низ таҳмил намесозем.
Беҳтарин адабиёти таълимӣ ва китобҳои зиёду гуногуни дарсӣ, компютеру шабакаи интернетро пурра бидуни маҳдудият дар ихтиёрашон гузоштаем. Барои омӯзиш ҳар қадаре хоҳанд, имкони истифодаи онҳоро доранд. Айни замон тарзу роҳҳои  истифода аз ин ашёи таълимӣ, аз ҷумла адабиёти дарсиро меомӯзонем.
- Ба андешаи Шумо дар ҷумҳурии мо кадом омилҳо садди роҳи баланд шудани сифати таълими  фанҳои дақиқ шудаанд?
- Чанд омиле ҳаст, ки барои ба дастовардҳои назаррас ноил гаштани мактабҳои мо дар таълими ин фанҳо монеа ба амал овардааст, вале онро дар аксари мактабҳои кишварамон ба инобат намегиранд.
Масалан, бисёре аз устодон ба шогирдонашон муносибати фармонравоёна доранд. Ин гуна муносибати устоду шогирдро омӯзгорони гимназияи мо қабул надоранд. Онҳо мисли рафиқу ҳамкор ва ҳампеша бо талабагон якҷоя фаъолият менамоянд ва муносибати озоду баробарро доранд. Дигар ин ки дар таълимгоҳ ҳама гуна адабиёт ва васоити таълимиро гирд овардаем. Онҳо  гуногун буда, миқдорашон ҳам зиёд аст. Аз китобхонаи электронӣ ва манбаъҳои шабакаҳои интернет фаровон истифода мешавад.
 Ҷонибе ҳуқуқи танбеҳу фишорорӣ ба ҷониби дигарро надорад. Муҳити таълиму тарбия низ озод ва хайрхоҳона аст.
Инчунин барои таълими босифат на танҳо дониш, балки истеъдоди табиии педагогии муаллим бисёр муҳим аст. Ба вижа, дар оғози шиносоии хонандагон бо ин ё он илм қобилияту истеъдоди омӯзгории устод нақши ҳалкунанда дорад. Агар омӯзгор соҳиби қобилияту истеъдоди кофии касбӣ набошад, шогирдони болаёқат ҳам аз омӯзиши ин ё он илм дилсард мешаванд. 
Ҳанӯз дар бисёр мактабҳои ҷумҳурии мо омӯзгорон ҳангоми таълим  усули ҳифзсозиро  фаровон ба кор мебаранд. Ҳол он ки омӯзиши фанҳои дақиқ ниёз ба инкишофи тафаккури мантиқию ақлонӣ дорад.  Вақте ки хонанда ба азёдсозӣ одат мекунад,   ҳеҷ гоҳ ихтироъкор ва кашшоф шуда наметавонад. Аслан ҳамаи донишҳоро мактаббача худ меандӯзад, агар шеваи мустақилона кор кардану фикр ронданро омӯхта бошад. Ин нукта, яъне омӯзонидани роҳҳои фикррониву андӯхтани донишҳо  ба мактаббача, хеле муҳим аст. Он имкон медиҳад, ки натиҷаҳои омӯзиш пурсамар бошад. Хонандагони лаёқатманд дар ҳамаи мактабҳо ҳастанд. Аммо,  мутаассифона, дар гимназияи мо ҳамагӣ намояндаи 18 мактаби ҷумҳурӣ таҳсил мекунад. Дар сурате, ки танҳо дар шаҳри Душанбе беш аз 130 мактаб фаъолият дорад.
-Агар дар ҳама мактабҳо хонандагони лаёқатманд бошанд,  чаро ба дастовардҳое, ки талабагони  гимназия доранд, онҳо муваффақ нестанд?
- Омӯзгорони ин мактабҳо  қобилияту истеъдодҳои фитриеро, ки дар кӯдакон мавҷуд аст, инкишоф дода натавонистаанд, яъне онҳо вазифаи худро иҷро накардаанд. Ҳол он ки ҷустуҷӯю дарёфт ва таълими истеъдодҳои фавқулпазир аз муҳимтарин ва асоситарин вазифаи ҳар мактаб  аст. Гум кардан ва аз даст додани  истеъдодҳои фавқулода дар мактабҳо азимтарин гуноҳ аст. Ва Худо онҳоро бахшад, зеро барои чунин гуноҳҳо дар ин дунё, мутаассифона, касе ба ҷавобгарӣ  кашида намешавад.
Кош шумораи мактабҳое, ки ба таълими фанҳои дақиқ зиёдтар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, дар ҷумҳурии мо бештар мегашт. Агар мо барвақттар, чанд даҳсола пеш ба таълими фанҳои дақиқу техникӣ зиёдтар диққат медодем, сатҳи инкишофи технологию иқтисодии кишвари мо нисбат ба имрӯз хеле боло мерафт. Агар  имрӯз ба таълими фанҳои дақиқу  техникӣ бештар таваҷҷӯҳ намоем, сатҳи инкишофи технологию иқтисодии мо ҳамон қадар зудтар баланд мешавад.
-Шумо дар як сӯҳбат гуфта будед, бобати беҳсозии сифати таълим бо мактабҳои дигар ба ҳамкорӣ омодаед. Дар ин Соли маориф ва фарҳанги техникӣ   чунин ҳамкориҳо  сурат мегиранд?
- Аз таҷрибаи чанд соли охир ба хулоса омадам, ки муаллимони калонсоли мактабҳои мо аз методҳои кӯҳнаи таълим даст намекашанд. Бинобар ин ҳамкорӣ бо мактабҳо он қадар барор нагирифт, ба ҷуз он ки дар гимназияи мо Донишкадаҳои такмили ихтисоси ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баъзан семинарҳои омӯзишӣ доир месозанд ва ё дар дарсҳои муаллимони мо ширкат меварзанд. Бинобар ин имсол тасмим гирифтаем, ки бевосита ба хонандагони мактабҳои дигар кӯмак расонем. Табиист, ки барои он ки ба мактаббачагон кӯмак расонида тавонем, онҳо бояд хоҳиш дошта бошанд. Шогирдони мо тавассути сайтҳои гимназия www.trgi.tj ва www/trgi/narod/ru ба хоҳишмандон, ба вижа мактаббачагону омӯзгорон ва ҳам донишҷӯён омодаанд, ки ба ҳама гуна саволу масъалаҳо аз фанҳои математика, физика, химия ва барномасозӣ, новобаста аз мушкилии онҳо, ҷавоб гӯянд. Ва ё тарзи ҳалли масъалаю муодилаҳоро нишон диҳанд. Бинобар кофӣ набудани шумораи муаллимони воқеан донишманд ва адабиёти баландсифат дар мактабҳо кӯшиш дорем таълими баъзе мавзӯъҳои мушкилро ба воситаи интернет ба роҳ монем. Ва ё онҳоро дар хазинаи сайтҳои гимназия сабт намоем, то хоҳишмандон аз онҳо истифода баранд.
Мо ба ҳамаи мактаббачаҳое, ки шавқу рағбат ва хоҳиши омӯзиши фанҳои дақиқу техникиро доранд, ёрӣ расонида метавонем. Ҳамзамон баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ ба манфиати кор хоҳад буд.
 -Ба андешаи Шумо, агар дар ин сол, яъне Соли маориф ва фарҳанги техникӣ шумораи озмунҳои фанҳои дақиқро зиёд кунем, ба фоидаи кор хоҳад шуд?
 - Мо ба якчанд донишгоҳ ва Академияи илмҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намудем, то дар  Соли маорифу фарҳанги техникӣ ҳадди ақал  моҳе як бор аз фанҳои дақиқу техникӣ олимпиада баргузор  намуда, рейтинги мактабу донишгоҳҳоро аз ҳар як фан муайян созем. Ва натиҷаи ҳар як озмунро ба воситаи ВАО дастраси аҳолии кишвар гардонем. Зеро ҳар кӯдаки болаёқат хоҳишу орзуи дар ин ё он озмун ғолиб омаданро дорад. Чунин тадбир як воситаи хуби бедор шудани шавқу рағбати мактаббачагон ба омӯзиши фанҳои дақиқу техникӣ мешавад.
Ғайр аз ин агар мо 40-50 ва ё зиёда аз ин миқдор ғолиби ин озмунҳоро вобаста ба истеъдоду қобилияташон бидуни имтиҳон ба мактабҳои олӣ қабул намоем ва барои таҳсил дар хориҷи кишвар аз дохили онҳо интихоб намоем, майлу рағбати мактаббачагон ба омӯзиши  фанҳои дақиқ меафзояд.
Инчунин 5-10 нафари онҳоро бо мукофотҳо (роҳбари Ориёнбонк Ҳасан Асадуллозода омодаанд ғолибони олимпиадаҳои фанҳои дақиқу техникиро ҳавасманд гардонанд) қадрдонӣ кунем, сатҳи донишандӯзии ҷавонони мо болотар меравад.
Иштирок дар  озмунҳо бояд ба ҳамаи хоҳишмандон дастрас бошад. Зиёд кардани соатҳои таълимии ин фанҳо низ ба баланд шудани сифати таълим кӯмак мерасонад. Чаро ки сатҳи имрӯзаи стандарти давлатии барномаҳои таълимии фанҳои дақиқу техникӣ ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ нестанд. Бинобар ин онҳо ниёз ба бознигарӣ доранд.
Агар ҳаҷми маоши омӯзгор даҳ бор зиёд шавад ҳам, бо  он барномаву омӯзгороне, ки дорем, сифати таълимро ба сатҳи талаботи ҷаҳони муосир расонида наметавонем. Умед ба кӯдакон аст, ки бо истифодаи васеъ аз технологияи иттилоотиву иртиботӣ ва баргузории озмунҳо бо роҳи худомӯзӣ саддҳои оҳанини роҳи пешрафтро мешикананд. Ба ин восита имрӯз хонандаи тоҷик имкони васеи иштирок  дар олимпиадаҳои ғоибонаи ҷаҳониро дорад. Масалан, хонандаи синфи 11-и гимназияи мо Ҷаҳонгир Рустамзода ва хонандаи синфи 10 Абдуҳамид Нурматов аз фанни физика дар олимпиадаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, ки панҷ соат идома ёфт,  аз тариқи интернет иштирок варзида, сазовори дипломи дараҷаи сеюм шуданд ва барои ширкат дар давраи ниҳоии он роҳ ёфтанд.
Ду шогирди дигари мо, ки тавассути интернет дар Олимпиадаи Донишкадаи физика ва техникаи Маскав аз фанни барномарезӣ ширкат намуд, бо сарпарастии Сомон Эйр, ки пардохти роҳкирояшонро ба ӯҳда гирифт, дар даври ниҳоии он ширкат варзид. Натиҷаи кори онҳо рӯзҳои наздик муайян мешавад. Моҳи декабр хонандагони гимназияи мо аз фанни информатика дар озмуни Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ширкат доштанд, дар давраи ниҳоӣ сазовори дипломи дараҷаи сеюм гаштанд. Имрӯзҳо ҳам тавассути интернет чандин олимпиадаҳо идома доранд ва аллакай зиёда аз 20 хонандаи гимназия дар онҳо ғолиб омада, барои иштирок дар давраҳои ниҳоӣ даъват шудаанд. Ширкат дар озмунҳои ғоибона ҳам имкон фароҳам меоварад, ки бачаҳо донандаи хуби фанҳои дақиқу техникӣ гарданд. Инчунин  ғолибони ин гуна озмунҳо бидуни имтиҳон дар ҳамаи мактабҳои олии илмҳои дақиқу техникии Русия қабул  мешаванд.

Хайринисои Расулӣ,
«Ҷумҳурият»

P.S. Дар асное, ки мусоҳиба омодаи чоп мешуд, шогирдони  гимназияи мазкур тариқи иштироки мустақим ва ғоибона дар чандин озмунҳои дигари байналмилалӣ низ аз фанҳои физика, математика, барномарезӣ, кимиё ва нанотехнология сазовори 28 ҷоиза ва ҷойҳои намоён гаштанд. Аз он ҷумла,  дар Озмуни кушодаи умумирусиягӣ аз фанҳои барномарезӣ ва математика дар шаҳри Санкт- Петербург шаш нафар сазовори дипломҳои дараҷаи дуюму сеюм ва дар Озмуни кушодаи умумирусиягӣ дар шаҳри Маскав Ҷаҳонгир Рустамзода аз фанни физика, Беҳрӯз Афзалӣ аз фанни математика ва барномарезии варзишӣ ба дипломҳои дараҷаи аввал ноил гаштанд. Инчунин як гурӯҳ хонандагони гимназия дар Озмуни Осиёю Уқёнуси Ором аз фанни математика ҷои аввалро ишғол намуданд. Ҳашт нафари дигар аз фанни нанотехнология дар бахшҳои математика, физика ва кимиё ғолиби  Озмун –мағзона(интернет)-и байналмилалӣ шуда, барои ширкат дар даври мустақими он, ки дар Донишгоҳи давлатии Маскав рӯзҳои 18-24 апрели соли равон баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд. Харҷи маблағи ширкат дар озмун ва роҳкирои онҳоро ҳайати тадорукоти ин озмун ба зимаи худ гирифтааст. 
Ҳамчунин иттилоъ ёфтем, ки ба ҳамаи хонандагони синфи ёздаҳ ҳуқуқи таҳсил дар донишгоҳҳои маъруфи Русия бидуни супурдани имтиҳони қабул дода шудааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 805

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед