Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
МИР24. Словакия баъд аз Венгрия ба қайд гирифтани ваксинаи “Спутник – V»-ро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо интизор нашуда, истифодаи онро роҳандозӣ менамояд. Навбати аввали дору тариқи ҳавопаймои боркаши Вазорати мудофиаи Россия дастрас гардид.
МИР 24. Президенти ФР Владимир Путин Президенти аввалин ва охирини ИҶШС Михаил Горбачёвро ба ҷашни мавлуди 90-солагӣ табрик намуда, ӯро ходими барҷастаи давлатии муосир номид.
ТАСС. Дар соҳилҳои музофоти Окинаваи Ҷопон бар асари суқути киштии дар Чин бақайдгирифташуда панҷ нафар бедарак гашт.
Анадолу. Намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистон Залмай Халилзод дар доираи сафари расмӣ дар Кобул бо Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва роҳбари Шӯрои олии оштии миллӣ Абдулло Абдулло вохӯрд. Хадамоти матбуоти Президенти Афғонистон иттилоъ медиҳад, ки Халилзод ва Ғанӣ гуфтугӯҳои осоиштаи байни Афғонистон ва ҳаракати иртиҷоии “Толибон”-ро, ки идома доранд, баррасӣ намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 228