logo

Хабарҳо

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар ҷумҳурӣ 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
 
Бо назардошти ин, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав корҳои таҷдиду азнавсозии гулгашти назди муҷассамаи Шоири халқии  Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода оғоз гардид. Дар ин замина тасмим гирифта шудааст, ки сафолакҳои роҳравҳо ва фаввораҳои майдони назди муҷассама таҷдид шуда, дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо шинонда шаванд. Ҳамзамон, нишастгоҳҳои зебои замонавӣ насб гардида, атрофи гулгашт бо панҷараҳои зебо бо бунёди дарвозаи рамзӣ иҳота  хоҳад шуд.
Ҷаббор Носирзода, раиси ноҳия, аз осори гаронмоя ва пайкори мондагори қаҳрамони миллати тоҷик бо ифтихор  ёдовар шуда, ҷиҳати арҷ гузоштан ба хидматҳои шоёни вассофи сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода масъулонро вазифадор намуд, ки майдончаи назди муҷассамаи фарзанди фарзонаи ин диёри бостонӣ бо тарҳи нави замонавӣ навсозӣ шуда, атрофи он бо гулҳои ороишӣ зиннат дода шавад. Барои муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати сайру гашт ва фароғати сокинон чароғакҳои замонавӣ низ насб  мешаванд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки мавзеи мазкур ба яке аз ҷойҳои хушманзара мубаддал гардида, барои сокинони ноҳия ва меҳмонон фароғатгоҳи дилкашу гуворо хоҳад шуд. Иқдоми мазкур бо дастгирии раиси ноҳия роҳандозӣ гардида, аз ҷониби КВД "Сохтмони асосӣ" то Ҷашни Наврӯз омода ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 447
20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед