logo

туризм

Сохтмони терминали байналмилалӣ оғоз шуд

- Вазъи имрӯзаи иқтисоди ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии соҳаи нақлиёт ва алоқа аз механизмҳои муосир самаранок истифода барем. Дар ин раванд ба рушди соҳаи нақлиёти ҳавоӣ низ такони ҷиддӣ бахшидан зарур аст.
Ба ин мақсад дар доираи ислоҳоти соҳаи мазкур соли гузашта сохтори он мавриди таҷдид қарор гирифт. Ба мо лозим аст, ки инфраструктураи фурудгоҳҳо ва соҳаи ҳавопаймоиро низ ба талаботи иқтисоди миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ созем, – чунин омадааст дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 15 апрели соли 2009.
Азиз Иброҳимов, муовини директори генералии КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки вазифаҳои дар назди кормандон гузоштаи Сарвари давлат пурра амалӣ гаштанд. Соли гузашта фурудгоҳи шаҳри Душанбе қариб ба 954 ҳазор мусофир хидмат расонд. Интиқоли бор 1729 тоннаву 485 килоро ташкил дод.
Таъкид бамаврид аст, ки мувофиқи протоколи кории КВД ва ширкатҳои сохтмонии фаронсавии Alpha airport ва SOFEMA Gyoup корҳои сохтмонӣ дар терминали нави фурудгоҳ оғоз гардида, баъди ба мувофиқа расондани ҳуҷҷатҳои сохтмонӣ ҷонибҳо ба озмоиши корҳои иҷрошуда ва санҷиши маводи истифодашуда, бахусус семент ва арматураю бетон шурӯъ карданд.
Асадуллоҳ Абдуллоев, сармутахассиси Пажӯҳишгоҳи «Гипрострой», иброз дошт, ки барои бунёди сутунпояҳои терминал бетони В-15 (аз сементи маркаи 400) пешбинӣ ва истифода шудааст. Аз рӯи лоиҳа дар сохтмони сутунпояҳо бетони навъи мазкур ва барои дигар қабатҳои бино навъи 13-25 истифода мешавад. ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки пас аз шиносоӣ бо корҳои иҷрошудаи сохтмонӣ ва ҳуҷҷатҳои аз ҷониби Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқшуда ҷониби Фаронса маркаи бетонеро, ки барои сохтмон Пажӯҳишгоҳи «Гипрострой» пешниҳод намудааст, қабул кард. Пажӯҳишгоҳи мазкур дар асоси меъёрҳои сохтмонии аз ҷониби Агентии сохтмон ва меъморӣ қабулшуда лоиҳаи терминали фурудгоҳи Душанберо омода намудааст. Бояд гуфт, ки ба бунёди терминали нави байналмилалии фурудгоҳи Душанбе ширкатҳои фаронсавии Alpha airport ва SOFEMA Gyoup  аз ҷониби худ ташаббус нишон доданд. 1 майи соли 2009 Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анрӣ Зиппер, сафири Фаронса дар Тоҷикистон қарордоди сохтмони терминали байналмилалии Душанберо имзо карданд. Масоҳати умумии терминали нав 11 ҳазор метри мураббаъ буда, дар як соат 500 мусофирро қабул карда метавонад.
Ҷониби фаронсавӣ талош дорад, ки бо ҷудосозии 20 миллион доллар то ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне сентябри соли 2011, терминали навро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.
Ҳамчунин аз рӯи иттилои дафтари матбуоти Муассисаи давлатии авиатсионии «Тоҷик –Эйр», аз соли 2006 бозсозии парки авиатсионӣ оғоз шуд ва як ҳадафи он гузариши марҳилавӣ ба техникаи ғарбист. Аз тариқи лизинг аввалин ҳавопаймои «Боинг 732-200» харидорӣ шуд, баъдан чор ҳавопаймои дигар аз ин хонавода илова гардид ва ин ширкат ҳоло мақсад дорад, ки дар ояндаи наздик аз тариқи лизинг боз ду «Боинг»-и дигар харидорӣ кунад. Ҳамзамон бо вуруди ҳавопаймоҳо сарнишинон бо курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Ба фикри мутахассисони фурудгоҳ гузаштан ба техникаи ғарбӣ барои таъмини амнияту густариши ҷуғрофиёи парвозҳо ва афзоиши хидматрасонӣ ба мусофирон аҳамияти калон дорад.

Муҳаммади НУРУЛЛОҲ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1434
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед