logo

илм

Русҳо ва тоҷикҳо: вомвожаҳои форсӣ дар забони русӣ

Аз замонҳои қадим аҷдоди русҳо-славянҳо ва форсҳо-тоҷикҳо ягонагии фарҳангӣ ва забонӣ доштанд. Минтақаи зисти ҳиндуаврупоиҳо дар асри биринҷӣ (ҳазорсолаҳои IV-II пеш аз милод) аз Дунай то Енисей паҳн шуда буд. Ба ақидаи бостоншиносон дар он давра ин қабилаҳо фарқи назарногири қавмӣ ва забонӣ доштаанд. Орёиҳо, ки аллакай дар ҳазорсолаҳои V-IV пеш аз милод яке аз аввалинҳо шуда аз шохаи ягонаи ҳиндуаврупоиҳо ҷудо гаштанд, аҷдоди тоҷикон ва дигар халқҳои эронӣ шуданд. Мутахассиси барҷастаи соҳаи таърихи забонҳои  эронӣ В. Абаев зикр кардааст, ки монандии забонӣ ва шабоҳатҳоро  дар асотири халқҳои эронӣ ва Аврупои Ғарбӣ фақат бо алоқаи қадимтарини ҳомилони забонҳои эронӣ бо аврупоиҳои (аврупоиҳои қадими) ҳоло аз якдигар ҷудонашуда, ки аз таркиби онҳо славянҳо ташаккул ёфтаанд, фаҳмондан мумкин аст. Ҳомилони забонҳои эронӣ ва ҳиндуорёӣ аз қадимуззамон дар минтақаи Аврупои Шарқӣ зиндагӣ мекарданд. Онҳо на танҳо  дар сарзамини Украина ва ҷануби Русия, балки то худи Поволжеи боло ва миёна ворид шудаанд ва дар шимол бо қабилаҳои финҳо-угорҳо ва балтҳо-славянҳо муносибатҳои ҳамсоягӣ барқарор намудаанд.
Аз ҳазорсолаи I пеш аз милод сар карда аҷдоди славянҳо бо сакоиҳо (аз қарни VIII пеш аз милод), сарматҳо (аз қарни III пеш аз милод) ва аланҳо (аз қарни I пеш аз милод) наздикӣ пайдо карданд. Ҳамаи ин халқиятҳо бо забонҳои эронии   гурӯҳи  шарқӣ ҳарф мезаданд. Дар айёми мо ба ин гурӯҳ одатан забонҳои осетинӣ, яғнобӣ, пашту ва забонҳои помириро дохил мекунанд. Баъдан бо паҳншавии славянҳо дар сарзаминҳое, ки дар онҳо халқҳои гурӯҳи забонҳои эронии шарқӣ зиндагӣ мекарданд, ба вожасозии забони славянӣ таъсири худро расонданд. Дар забонҳои славянӣ вожаҳои эронӣ, ба монанди «собака» («spaka» дар забони форсии қадим), мавҷуданд. Инчунин, вожаҳои баъдина, ба монанди «чертог» («чаҳортоғ», «чортоғ» -  «чаҳоргӯша» (гумбаз), барои муқоиса калимаи минбаъдаи «чердак») дохил шудаанд. Баъзе истилоҳҳои дарёнавардӣ, ба монанди «кошка» - ба маънои ҷои камоби дарё, «карка» - ба маънои ҷои санглохи дарё, қаъри сангини дарё, калимаи русии қадим «ровынъ» - аз калимаи авастоии «раван» - яъне ҷои ҳамвор, дашт, калимаҳои эрониасл ба ҳисоб мераванд. Баъзе истилоҳҳо барои муайян кардани ҷузъҳои саҳро низ мавҷуданд. Бархе аз забоншиносон бар он ақидаанд, ки худи калимаи «степь» низ асли эронӣ дорад. Ибораи маъруфи русӣ «трынь-трава» ибораи мураккаби сохтае мебошад, ки аз калимаҳои ҳаммаъно иборат аст («трин» - калимаи ҳиндуэронӣ алаф, «трина» - калимаи ҳиндии қадим – алаф).
Баъзе номҳои асбоби рӯзгор, либос, нӯшокӣ, манзил ва, инчунин, истилоҳҳои иҷтимоӣ   эрониасл мебошанд. Масалан  «топор» (форсиаш табар); «гуня» (болопӯши пашмин) – аз калимаи эронии «гауна» (ранг, ранги пашм); «штаны» (калимаи авастоии «paiti-ҷtвna»); «сапог» (калимаи авастоии «safa» - «суми чорпо»). Калимаи украинӣ ва русии ҷанубӣ «хата» (хонаи деҳотӣ, кулба) бо калимаи эронии «ката» вобастагӣ дорад. Барои муқоиса калимаи авастоии «kata» (хона, анборхона, таҳхона), ки  шакли сифати феълии вожасозӣ аз феъли «кан» (кофтан, кандан) мебошад, ки дар аввал, гумон меравад, маънои хонаи заминиро дошт. Калимаи «ворс» аз калимаи эронии «varsa» (мӯй); «хмель» - аз калимаи эронии «hauma» - нӯшокии муқаддас) гирифта шудаанд. В. Абаев пайдоиши калимаи «медь»-ро чунин маънидод мекунад, ки он аз номи кишвари Мидия мебошад ва  маъдан номи маҳалли коркарди онро гирифтааст. Калимаи славянии қадим «хоммстаръ» (рақиб), ба калимаи авастоии «hamaзstar» монандӣ дорад ва ҳаммаъно аст.
Дар забони  русӣ истилоҳҳои ҳарбии эронӣ вуҷуд доранд: «топор»; «томар» (як навъи  тири хоси камон, калимаи осетинии «томар»; калимаи русии «корда» - ханҷари кӯтоҳ (ба авастоӣ «карата», ба форсӣ «корд»), калимаҳои эронӣ мебошанд.
Таъсири олами эронӣ ба славянӣ  дар номгузории баъзе истилоҳҳои иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ ба таври хос ҳис  мешавад. Дар робита ба ин мавзӯъ бояд зикр кард, ки калимаи лаҳистонии «пан» (ҷаноб, соҳиб, доранда) ва дар забони чехии қадим – «hpбn» аз калимаи эронии «чупона» (чӯпон) гирифта шудааст,  гумон меравад, ки ба забони славянӣ аз забони  сакоӣ дар замони ҳуҷуми сакоиҳо дар асри V пеш аз милод, ворид шудааст.
Аҷиб ин аст, ки  забонҳои славянӣ дар мафҳумҳои моддӣ (монандӣ ва иқтибосӣ)  бо забонҳои ғарбӣ – келтӣ ва олмонӣ умумият доранд. Дар мафҳумҳои маънавӣ бошад, онҳо ба олами эронӣ рӯй меоваранд. Ба ин соҳа калимаҳои монанд ва иқтибосҳо аз забони форсӣ вориданд. Худи калимаи «Бог» аз калимаи форсии «баға» гирифта шудааст. «Див» (деви бад) – мафҳуме, ки дар забонҳои славянҳои шарқӣ ҷой дорад, мумкин аст ки  аз боварҳои эрониҳо ба девҳо, сарчашма гирад. «Святой» - ба калимаи эронии «spanta» шабоҳат дорад. «Честь» - калимаи форсии «иisti» (фикр) мебошад. «Цена» - калимаи форсии «kaзna (қасос, подош) аст. «Явный» - аз калимаи эронии «авӣ», «рай» - аз калимаи «рой» (боигарӣ, неъмат), «слово» - аз «sravah» (дар ин ҷо ҳарфи «р»   дар асоси қонуни табдилёбӣ ба «л» мубаддал гаштааст), «слух» - «srauҷa», «зло» - «зӯро» (зӯроварӣ), «небо» - аз калимаи «nabah» гирифта шудаанд.
Истилоҳҳои динии славянҳои қадим аз таъсири эронитаборон хеле ғанӣ аст. Номи худо Сварг бо калимаи ҳиндии «свар» ва авастоӣ «хварс» (офтоб) алоқаманд аст. Калимаи славянии «рарог» (шоҳин), ки дар славянҳои қадим мафҳуми «шоҳини иблис, аҷинаи баднамуд, иблис»-ро дошт, инчунин аз забони эронии қадим иқтибос шудааст. Номи худованд Хорса ба калимаи эрониасли «хуршед», ки маънояш офтоб аст, бисёр монанд аст. Номи худованд Семаргл, ки дар шакли саги оташдори қанотдор тасвир карда мешавад, аз забони эронии қадим пайдо шудааст.
Омӯзиши   номҳои ҷуғрофии (топонимикаи) Украина, Белорус ва ҷануби Русия чунин нишон медиҳад, ки номи як қатор дарёҳо ба монанди Днепр, Днестр, Дунай, Дон, Донес ва ғайра эронӣ мебошанд.         
Ин номҳо шаҳодат медиҳанд, ки  номи дарёҳоро халқҳои эронитабор – сакоиҳо ва сарматҳо мондаанд. Номи бисёре аз маҳалҳо ва дарёҳои Аврупои Шарқӣ низ асли эронӣ доранд. Масалан, дар вилояти Нижегородская маҳаллаи Рустай вуҷуд дорад, ки аз решаи калимаи эронии «рустой/ рустоӣ» ба маънои форсӣ-тоҷикиаш «муқими деҳа» ва номи дарёи Сережа, шохоби рости дарёи Теши аз решаи  калимаи эронии «сер/сор» ба маънои ҷорӣ шудан, шоридан, баромадааст. Ин номҳо бо қабилаҳои ҳиндуэронӣ, ки дар ин минтақа дар асрҳои II-I пеш аз милод бо номи маданияти поздняковӣ зиндагонӣ мекарданд, вобаста мебошанд.
Халқҳои рус ва тоҷики имрӯза бо ҳамдигар аз рӯи насабу пайдоиш алоқаманданд, ки исботу тасдиқи онро дар забон ва фарҳанги ин ду миллат дидан мумкин аст.
Пайвандҳо ва робитаҳои ҳазорсола миёни халқҳои славянӣ ва эронӣ ба таври мутақобил тамаддуни моро ғанӣ гардонидаанд.
Барои ҳамин, дурустии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии халқи тоҷик ҳеҷ шубҳаеро пеш намеорад. Ин барои ҷалб кардани таваҷҷӯҳи тамоми ҷаҳон ва дар мадди аввал, олимони русу тоҷик ба масъалаи муколамаи тамаддунҳо ва дарки моҳияти робитаҳои байнифарҳангӣ имконияти хеле ҷиддӣ медиҳад.

Эраҷ БОЕВ,
раиси Осорхонаи таърихи
ҳарбии Нижегородск


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2388
14.08.2020


САНГВОР. ДЕҲАҲО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

ВАҲДАТ. ЭҲСОСИ ШУКӮҲИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ДАЪВАТИ СММ АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ҶАҲОН – 2022. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБӢ СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕШАВАНД

12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед