logo

илм

Абдулмӯъмин Шарифов: "Илм бо истеҳсолот зинда аст"

Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, чанде пеш масъалаи тағйироти сохтории Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва наздиксозии фаъолияти онро  ба  истеҳсолот  ба  миён  гузошт. Дар  ин  робита А. Солеҳиён, хабарнигори мо, бо Абдулмӯъмин Шарифов, профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, сӯҳбате анҷом дод ва ақидаи ӯро дар ин қазия ҷӯё шуд. Донишманд дар ин замина чунин ибрози назар намуд:

- Дар замони шӯравӣ ба тараққии илму техника ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот аҳамияти калон дода мешуд. Пажӯҳишҳои илмӣ дар кафедраву озмоишгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳо ва дар пажӯҳишгоҳҳои вазорату кумитаҳои соҳавӣ сурат мегирифт. Аксари корхонаҳои саноатӣ, сохтмонӣ ва агросаноатӣ озмоишгоҳ доштанд, трестҳои махсуси илмию техникӣ дастовардҳои илмиро дар истеҳсолот ҷорӣ мекарданд. Барномаҳои иттифоқӣ ва ҷумҳуриявии илмӣ аз ҳисоби буҷети давлат сармоягузорӣ ва пажӯҳишҳои илмии соҳавӣ бо сармояи вазорату корхонаҳо таъмин мешуд. Дар кишвар муҳити илмие устувор буд, ки ҳар сол хатмкардагони болаёқати мактабҳои олиро узви худ месохт. Ин муҳит олимпарвар буд. Олимон на танҳо маоши хуб мегирифтанд, балки ба обрӯю эътиборе дар ҷомиа доро буданд. Вале расидан ба мақоми илмии баланд фақат тавассути донишу заҳмат имконпазир буд. Дарёфти унвонҳои илмӣ ва ҷоизаҳои ҷумҳуриявию иттифоқӣ ва соҳавии илмию техникӣ фақат ба мутахассисони дорои таҳқиқоти пурарзиш, ки натиҷаи онҳоро дар истеҳсолот ҷорӣ карда, ба иқтисоди кишвар фоидаи муайяни иқтисодӣ, техникӣ ё иҷтимоӣ расонида бошанд, муяссар мегардид.
Муҳити илмии ҷумҳурии мо инъикоскунандаи муҳити илмии Иттиҳоди Шӯравии бузург буд. Алоқаи зичи илмӣ дар байни марказҳои илмии ҷумҳуриҳо, корхонаҳо ва донишгоҳҳо вуҷуд дошт. Бисёр олимони тоҷик хатмкардаҳои донишгоҳҳои Маскаву Ленинград, Киеву Минск ва дигар марказҳои бонуфузи илмӣ буданд. Олимони тоҷик фармоишҳои корхонаҳои саноатии дигар ҷумҳуриҳоро анҷом медоданд. Албатта, марказҳои илмии Тоҷикистон ба дараҷаи масалан, Донишгоҳи Ломоносови Маскав набуданд, вале ба сурати куллӣ дараҷаи миёнаи иттифоқиро доро буданд ва бисёр олимони солҳои 70-80 асри гузаштаро метавон ном бурд, ки обрӯю эътибори иттифоқӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ доштанд. Ин гуфта ба он маъност, ки дар замони шӯравӣ истеҳсолот бо илм пайваста буд ва илм яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисод ба ҳисоб мерафт. Вобаста ба низоми нақшавии иқтисоди кишвар низоми ҷойгирии пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва сармоягузории онҳо амалӣ мешуд. Пажӯҳишҳои илмӣ дар се макон ба иҷро мерасид: озмоишгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои соҳавии вазоратҳо ва пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳо ва вобаста ба ин шартан пажӯҳишҳо ба «илми донишгоҳӣ», «илми соҳавӣ» ва «илми академӣ» ҷудо мешуд. Аксари пажӯҳишгоҳҳои илмӣ дар Академияи илмҳо фаъолият доштанд ва азбаски аз тарафи давлат сармоягузорӣ мешуданд, дар низоми пажӯҳишгоҳҳои академӣ олимони варзида зиёдтар парвариш меёфтанд, беҳтарини онҳо бо унвонҳои «узви пайваста» ва «узви вобаста» сарфароз мегардиданд.
Низоми академии иҷрои пажӯҳишҳои илмӣ фақат хоси давлати шӯравӣ буд, ки ба иқтисоди фармоишии он хидмат мекард, вале дар кишварҳое, ки иқтисодашон бозорист, амалӣ шудани ин низом номумкин аст. Барҳам хӯрдани шӯравӣ ва ба истиқлол расидани Тоҷикистон на танҳо табадуллоти сиёсӣ буд, балки табадуллоти иқтисодӣ низ ба вуҷуд омад, яъне ҷои иқтисоди нақшавиро иқтисоди бозорӣ гирифт, ки қонуниятҳои худро дорост. Иқтисоди бозорӣ иқтисоди динамикист ва омили асосии тараққии вай ба даст овардани фоида мебошад ва ин фоида асосан бо ченаки пулӣ ҳисоб мешавад. Азбаски пошхӯрии давлати шӯравӣ ба таври ногаҳон амалӣ гашт, пошхӯрии иқтисоди вай низ бе гузашти эволютсионӣ ба иқтисоди бозорӣ ба вуқӯъ пайваст, корхонаҳо ва созмонҳо тез муфлис шуданд, бисёре аз онҳо барҳам хӯрданд. Асоси иқтисод аввал истеҳсолот аст ва баъд хариду фурӯши коло, яъне бозор, вале дар кишвари мо иқтисоди бозорие ба вуҷуд омад, ки доираи фаъолияти вай фақат бозор асту амалаш хариду фурӯш. Чунин иқтисоди бозорӣ барои фаъолият намудани корхонаҳои мӯҳтоҷ ба илм ҳавасманд нест, зеро ташкил ва фаъолсозии истеҳсолот нисбати хариду фурӯши коло кори серташвишу камдаромад аст. Аз тарафи дигар, иқтисоди бозорӣ барои таъмини талаботи ҳаррӯзаи мардум бо маводу маҳсулот беҳтарин намуди иқтисод дар таърихи инсоният мебошад. Агар дар замони шӯравӣ бо иқтисоди нақшавии он рафҳои мағозаву бозорҳо холӣ буданду вақти зиёди мардум дар навбатпоию чизковӣ мегузашт, имрӯз ин рафҳо аз чиз лабрез ҳастанду харидоронро навбатпойӣ мекунанд. Ва ин молу мавод истеҳсоли аҷнабӣ мебошанд, зеро ба даст овардани фоида марзи миёни давлатҳоро боз кард, мардуми зиёде аз ҷумла собиқ муаллим, духтур, коргар, муҳандис ва ғайра, ки бо муфлис шудани корхонаҳо бекор монданд, имрӯз савдогар ё ба истилоҳи имрӯзӣ «бизнесмену бизнесвумен» ҳастанд, ки нерӯи бузурги иқтисоди бозориро ташкил медиҳанд. Бо кушода шудани дарвозаҳои сарҳади байни давлатҳо зиндагии мардуми мо бо тавлидоти хориҷӣ тавассути фаъолияти «бизнесмену бизнесвумен»-ҳо вобаста гардид ва иқтисоди бозории кишвари мо  ба  хотири  хариди  колои  арзону  камарзиш  истеҳсолоти  молии   иқтисоди  кишварҳои коловоридкунандаро  равнақ   медиҳад. Дар навбати худ ба хотири баланд бардоштани сифати маҳсулоту камхарҷ намудани истеҳсоли он иқтисоди ин кишварҳо истифодаи дастовардҳои илмию техникиро дар худ рушд мебахшад. Яъне, алъон иқтисоди бозории кишвари мо асосан қувва ва воситаҳои  истеҳсолкунандаи коло надорад, истеҳсолоти молии дигар давлатҳоро дар мисоли Чин, Эрон, Туркия ва Русия равнақ медиҳад. Пас, вақте дар кишвар воситаҳои колоистеҳсолкунанда муфлис ҳастанд, оё онҳо имкони истифодаи дастовардҳои илмию техникиро доранд ва ҳатто оё ба ин дастовардҳо ниёз доранд? Албатта ҷавоби ин савол манфист, зеро истеҳсолоти муфлис ва ҳатто мавҷуднабуда мӯҳтоҷи илм нест.
Зикр мекунем, ки дар солҳои гузаштаи на чандон дур ҷойгирии иқтисоди бозорӣ дар кишвар ба вуҷуд омад ва ин ҷойгирӣ манбаи сармоягузории аксари пажӯҳишҳои илмию техникиро дар низоми Академияи илмҳо, донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо ба нестӣ расонид. Бисёр пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ барҳам хӯрданд, вале барҳамхӯрии онҳо баъзан на ба таври табиӣ чун тақозои замон, балки ба хотири азхудкунии молу мулки онҳо аз тарафи шахсони вазифадор ба амал омад. Масалан, дар Тоҷикистон «Пажӯҳишгоҳи масолеҳи сохтмонӣ» аз солҳои сиюми асри XX фаъолият дошт, ки ба таҳқиқи геологӣ, физикию кимиёвӣ, техникӣ ва сохтмонии маводу масолеҳи сохтмонӣ машғул буд. Чунин пажӯҳиш ҳозир ҳам хеле зарур ҳаст. Ин пажӯҳишгоҳ дар итоати вазорати саноату энергетика буд ва роҳбарони вақти ин вазорат бинои онро хусусӣ гардонида, замини онро барои сохтани манзили истиқомативу мағоза аз худ карданд, асбобу лавозимоти санҷишӣ ва бойгонии илмии онро, ки таърихи зиёда аз 70 –сола дошт, ба яғмо бурданд. Чунин мисолҳо хеле бисёр аст. Ҳоло мо маҷбурем, чунин пажӯҳишгоҳҳоро барқарор намоем, вале барои ин кор маблағу мутахассису соли зиёд лозим аст. Дар ин солҳо ягона муассисаи илмие, ки сохтори худро тағйир надоду мавҷудияташро нигаҳ дошт, Академияи илмҳо бо  пажӯҳишгоҳҳои илмиаш мебошад. Агарчӣ сохтор ва шеваи ташкили фаъолият дар Академияи илмҳо тағйир наёфт, вале фаъолияти ин муассисаи бонуфуз хеле заиф гардид. Сабаби асосии айнии суст шудани фаъолияти академия ва пажӯҳишгоҳҳои он дар тағйири низоми давлатдорӣ, барҳамхӯрии иқтисоди нақшавию сармоягузории буҷетӣ, рафтани бисёр мутахассисону олимон аз Тоҷикистон, набуди ниёз барои ҷорӣ намудани дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолот ба далели касоди худи истеҳсолот, ночиз шудани маоши коргарони соҳаи илму маориф ва ба сурати умум ба дараҷаи пастӣ расидани ҷойгоҳи илму дониш дар ҷомеа мебошад. Дар бисёр соҳаҳо роҳбароне омаданд, ки маълумоти казоӣ надошта, фаъолияти аксари корхонаҳоро ба нестӣ расониданд, бисёр мутахассисонро аз корхонаҳо ронда, ба ҷояшон хешу табор ё шиносу порадеҳонро гузоштанд ва муҳитеро ба вуҷуд оварданд, ки талабгори илму дониш нест. Албатта, чунин муҳит дер пойдор нахоҳад буд, алҳол ҷомеаи мо рӯ ба илму дониш овардааст, вале фурсат ва имконоти афзуне аз даст рафт.
Сабаби зеҳнии сустшавии фаъолияти илмии Академия дар инертсионӣ будани мудирияти он аст, зеро фаъолияти ин ниҳод мувофиқи низомномае амалӣ мешавад, ки хусусияти тағйирнопазир (консервативӣ) дорад. Хусусияти консервативии сохтору мудирияти Академияи илмҳо ҳанӯз дар вақти пайдоиши ин созмони илмӣ дар Русияи подшоҳӣ заминагузорӣ шуда буд ва чун анъанаи академӣ ба академияи илмҳои шӯравӣ ва шохаҳои он, академияҳои улуми ҷумҳуриҳо ба ирс расид ва то ҳозир боқӣ монд. Ин вижагии сохтори Академияи илмҳоро ҳатто аз номи пажӯҳишгоҳҳояш фаҳмидан мумкин аст: Пажӯҳишгоҳи математика, Пажӯҳишгоҳи кимиё, Пажӯҳишгоҳи физика ва техника, Пажӯҳишгоҳи геология, Пажӯҳишгоҳи иқтисод, Пажӯҳишгоҳи таърих.  Яъне ин  пажӯҳишгоҳҳо барои таҳқиқи проблемаҳои илмҳои ба ном «классикӣ» бунёд шуда, дар бисёр ҳолатҳо ба пажӯҳиши илмии дур аз истеҳсолоти кишвар машғул буданд. Ва ҳоло ҳам дар муҳити олимони академӣ ақидае мавҷуд аст, ки вазифаи Академияи илмҳо анҷоми пажӯҳишҳои назарӣ, ба ибораи дигар «бунёдӣ» («фундаменталӣ»), мебошад, на иҷрои таҳқиқоти амалии вобаста ба истеҳсолоти иқтисоди кишвар. Зиёда аз даҳ сол аст, ки дар ҷумҳурӣ барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ нақбҳо сохта мешаванд,сохтмони онҳо бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешавад.
Оё барои ҳалли ин мушкилоти техникӣ ё технологии роҳсозӣ Академияи илмҳо ягон пажӯҳише анҷом дод ё ягон бахши илмиеро дар ин замина таъсис кард? Солҳои охир ҷумҳурӣ барои ҳалли бӯҳрони энергетикии худ талош меварзад ва имрӯз истиқлоли энергетикӣ масъалаи ҳаёту мамоти мо гардидааст. Оё дар низоми Академияи илмҳо олимоне ҳастанд, ки мутахассиси соҳаи энергетика бошанду ягон масъалаи техникии ин соҳаро ҳал карда тавонанд? Дар давраи шӯравӣ дар низоми Академияи илмҳо бахши махсуси энергетика вуҷуд дошт, ки баъди истиқлол барҳам хӯрд ва ҳоло чанд корманди собиқи ин шӯъба дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дарс медиҳанд. Ин мисолҳо дур будани пажӯҳишҳои академиро аз проблемаҳои асосии иқтисоди  кишвар  тасдиқ мекунад. Бешак, анҷоми таҳқиқоти «бунёдӣ» хазинаи илми ҷаҳониро пурбор месозад, вале имконоти ҳозираи пажӯҳишгоҳҳои мо барои иҷрои таҳқиқоти дорои сатҳи ҷаҳонии «бунёдӣ» нокифоя аст, дар акси ҳол агар чунин таҳқиқот сатҳи ҷаҳонӣ надошта бошад, вай «бунёдӣ» буда наметавонад. Биноан ақидаи олимоне, ки ба таҳқиқоти бунёдӣ машғул ҳастанду он баъди даҳсолаҳо самар меоварад, фақат ақидаи онҳосту асоси илмӣ надорад, вале ин ақида алҳол ба онҳо имкон медиҳад, ки солҳои сол бо ҳамон сармояи ҷумҳурӣ, агарчӣ хеле ночиз шудааст, фаъолияти беаҳамияти худро барои иқтисоди имрӯзаи ҷумҳурӣ давом диҳанд. Вижагии консервативии сохтори Академия барои кишваре мисли Русияи пуриқтидору бузург хос буда метавонад, зеро дар ҳама ҳолат иқтисоди бузурги Русия имкони сармоягузории таҳқиқоти «бунёдӣ»-ро дорад. Инчунин иқтисоди Русия, ки дорои корхонаҳои низомисту ин корхонаҳо мунтазам барои ташаккули истеҳсолот тавассути дастовардҳои илмию техникӣ, ки натиҷаи таҳқиқоти «бунёдӣ» ҳастанд, имкони сармоягузории чунин пажӯҳишҳоро дар сохтори Академияи илмҳо дорад. Вале дар иқтисоди касодшудаи кишвари мо чунин имконот нест ва сармоягузории сохтори академия барои чунин таҳқиқот монанди рафтани об ба чоҳи бетаг мебошад. Пажӯҳишгоҳҳои академияи илмҳо озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо лавозимоти махсуси таҳқиқиро, ки дар биноҳои махсуси озмоишгоҳҳои соҳавӣ ҷойгиранд, дорост. Агарчӣ имрӯз лавозимоти ин озмоишгоҳҳо кӯҳна шудаанд, вале ин лавозимот ва биноҳои махсуси озмоишгоҳҳои соҳавӣ имкон медиҳанд, ки фаъолияташонро барқарор намуда онҳоро ба пойгоҳи пуриқтидори парвариши мутахассисон, иҷрои таҳқиқоти илмию техникӣ ва татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот табдил диҳем. Барои ин табадуллоти сохтории академия ва пажӯҳишгоҳҳои онро бояд анҷом дод, то ба куллӣ сохтори он тағйир ёбад ва ба муҳити феълии ҷомеа ва иқтисоди бозории он мутобиқ шавад.
Дар солҳои истиқлол дар Тоҷикистон донишгоҳу донишкадаҳои нав таъсис ёфтанд. Вале аксари ин марказҳои навтаъсиси таълимӣ дорои озмоишгоҳу мутахассис нестанд ва ҳатто гуфтан мумкин аст, ки дар ҷои холӣ ба ном «мутахассис» парвариш мекунанд ва бовар дорам, ки дар солҳои наздик имкони сохтани озмоишгоҳҳои лозимро надоранд. Ин мулоҳизаи ман аз таҷрибаи кориам бармеояд. Соли 1995 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо ташкили факултаи технологияи кимиёвӣ ва металлургия барои саноатҳои кимиёву металлургия ва масолеҳи сохтмонӣ тарбияи муҳандисонро оиди чор ихтисос оғоз намудем. Он вақт дар донишгоҳ на озмоишгоҳи таълимӣ вуҷуд дошт, на устодони ин ихтисосҳо. Бо дастгирии бевоситаи академик У. Мирсаидов, президенти Академияи илмҳо ва профессор  Х. Содиқов, ректори донишгоҳ, барои тадрис ба факулта олимони пажӯҳишгоҳҳои кимиё ва физикаю техникаи Академияи илмҳо даъват шуданд, инчунин дар  Пажӯҳишгоҳи кимиё филиали факулта бо озмоишгоҳҳои таҳқиқиаш ташкил ёфт ва бо истифодаи потенсиали кадриву техникии Академияи илмҳо мо тавонистем ба тезӣ сатҳи омодасозии мутахассисонро боло бардорем. Мо мақсад гузошта будем, ки ҳамкории донишгоҳро бо Пажӯҳишгоҳи кимиё ба сурати таъсиси Донишкадаи муштараки технологияи кимиёвӣ ва металлургия равнақ диҳем, то озмоишгоҳҳои пажӯҳишгоҳ асоси кафедраҳои ихтисосии донишгоҳ гарданду кормандони он дар як вақт ҳам муҳаққиқи илм ва ҳам устод бошанд. Ин тарзи ҳамкории донишгоҳ бо Академияи илмҳо бофтаи мо нест. Мо хостем таҷрибаи дигаронро дар шароити набуди озмоишгоҳҳою мутахассисон дар донишгоҳҳо барои таълими шогирдон дар Тоҷикистон ҷорӣ намоем. Ин шеваи ҳамкорӣ солҳои 60-уми асри XX дар Шӯъбаи Сибирии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ шуда, то ҳол вуҷуд дорад ва беҳтарин самараи ҳамкории илм ва мутахассисон мебошад.
Аз дигар тараф ин таҷрибаи ҷаҳонист, зеро дар кишварҳои пешрафта анҷоми корҳои илмию парвариши мутахассисон бо ҳам рабти қавӣ дошта, дар донишгоҳу донишкадаҳо амалӣ мешавад. Вале ҳамкории мо бо Академияи илмҳо дер напойид. Дар роҳбарияти донишгоҳ тағйирот шуд ва раиси нав филиали факултаро дар назди Пажӯҳишгоҳи кимиё барҳам дод. Дар натиҷа бунёди донишкадаи муштарак ҳамчун орзуи мо боқӣ монд.
Ҳамин тариқ донишгоҳҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳҳои посухгӯ ба талаби замон надоранд ва натиҷааш хатмкунандаи дипломдори бесавод аст. Пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳо низ  пажӯҳишҳои илмии мувофиқ ба иқтисоди феълӣ надоранд, пойгоҳи моддиву техникии онҳо рӯ ба харобӣ оварда, солҳои оянда равнақи онҳоро интизор шудан дар доираи сохтори куҳан ғайриимкон аст. Пас ягона роҳи наҷоти пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳо муттаҳидсозии онҳо ба донишгоҳҳои соҳавӣ мебошад, албатта, ин муттаҳидсозӣ бояд на ба таври маъмурии аз як ташкилот ба дигар ташкилот додани ин пажӯҳишгоҳҳо ва ҳатто барҳам додани онҳо ва ё як қисми онҳо, балки бо шеваи  ташкили сохторҳои муштараки манфиатовар барои ҳар ду тараф сурат бигирад. Дар ҳолати ташкили чунин сохтор тарбияи мутахассисон ва анҷоми таҳқиқоти илмӣ дар як низоми том амри воқеъ мешавад ва донишҷӯи мактаби олӣ дар бахшҳои аввали хонишаш аз иҷрои корҳои озмоишӣ – таҳқиқии одитарин сар карда, имкони иштирок дар  пажӯҳишҳои илмиро пайдо мекунад.
Алҳол бисёр кормандони илмии Академияи илмҳо дар донишгоҳҳо ба сифати муаллим кори иловагие анҷом медиҳанд. Фаъолияти онҳо дар донишгоҳ аз моҳи сентябр то июни соли дигар давом мекунад ва соли хониши оянда аз нав такрор мешавад. Ин олимон, ки дониши фаровон доранд, дар ташаккули илмии донишгоҳ ва тақвияти пойгоҳи моддиву методии кафедраҳои он, ба истиснои баъзе фидоиҳо, қариб ки ширкат намеварзанд ва фаъолияташон дар донишгоҳ фақат ба хотири маоши иловагӣ мебошад. Дар ҳолати таъсиси сохторҳои муштарак кормандони Академияи илмҳо дар донишгоҳҳо худро мавсимӣ ҳис намекунанд ва эшон вазифаи ҳам  омӯзгор ва ҳам муҳаққиқро ба ҷо меоранд. Алъон дар донишгоҳҳо –усули шартномавии тарбияи мутахассисон равнақ ёфта, вуруди сармоя ба хазинаи донишгоҳҳо рӯ ба афзоиш аст. Ин имкон медиҳад, ки як қисми ин сармояҳо барои таҷҳизонидани пойгоҳи моддию техникии пажӯҳишгоҳҳо сарф шавад. Дар натиҷа низоми худҷӯши тарбияи мутахассисон ва анҷоми таҳқиқоти илмӣ ба вуҷуд меояд. Мавҷудияти ин низом буҷети давлатро аз харҷҳои бебозгашт барои Академияи илмҳо озод менамояд, мӯҷиби равнақи илму парвариши мутахассисони донишманд мешавад ва батадриҷ илми ҷумҳуриро ба сатҳи ҷаҳонӣ мерасонад. Ва мо дар ҷумҳурии худ он низоми мутаҳҳидаи тарбияи мутахассисон ва анҷоми таҳқиқоти илмиро, ки дар саросари ҷаҳон мавҷуд аст, амалӣ менамоем ва ин пайванди ҷомеаи моро дар вазъи ҷаҳонисозӣ бо дигар кишварҳо дар истифодаи дастовардҳои илмӣ ва ҷорисозии технологияҳои муосир дар истеҳсолоти ватанӣ осон менамояд. Ин иқдом пажӯҳишгоҳҳо ва таҳқиқоти илмии онҳоро бо истеҳсолот бевосита мепайвандад ва дарёфти масъалаҳои истеҳсолот барои  пажӯҳишҳои илмӣ осон мегардад, зеро мутахассисонро барои қонеъсозии талаботи иқтисоди ҷумҳурӣ дар доираи техникаву технологияи мавҷуди корхонаҳои истеҳсолӣ омӯзиш медиҳанд ва донишҷӯён дар корхонаҳои соҳавӣ кор меомӯзанд. Равнақи истеҳсолот ба дониши мутахассис ва қобилияти ӯ оиди дарк ва ҷорисозии техникаю технологияи нав вобастагии калон дорад. Хатмкардаи донишгоҳ, ки дар муҳити илмӣ тахассус гирифтааст, чунин қобилиятро доро буда метавонад. Албатта, барпоии низоми муштараки пайванди илму тарбияи мутахассисон кори осон нест, онро фақат бо тағйироти сохторӣ наметавон анҷом дод. Барпоии ин низом бояд ба таҳлили чуқури вазъи мавҷуди илму маориф аз тарафи кормандону сарварони Академияи илмҳову донишгоҳҳо, вазорату мақомоти дахлдор, олимону мутахассисон асос ёбад. Нақшаву барномаҳои таълимии донишгоҳҳои гузаранда ба ин низом такмилу тағйир меёбанд, то ваҳдати таълиму илмомӯзиро таъмин карда тавонанд. Ин кори сангине барои мутассадиёни илму маориф мебошад, вале тақозои ҳаёт чунин аст, ки мо бояд чунин тағйироти куллиро дар низоми маорифу илм гузаронем ва ин низомро мутобиқи иқтисоди бозорӣ созем, ки равнақи иқтисоди кишварамонро таъмин карда тавонад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 678

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед