Хабарҳо
ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд
Чемпионати Тоҷикистон – 2021 оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо ширкати даҳ даста, ки 4 апрел оғоз мегардад, бори якум дар таърихи ин мусобиқот футболбозон аз Нидерланд (Ҳусейн Доган) ва Ҷопон (Рёта Нома, ҳар ду «Истиқлол») бозӣ мекунанд.
Дар даври якуми чемпионат «Файзканд» бо КМВА, «Хуҷанд» бо «Душанбе» (4 апрел), «Эсхата» бо «Хатлон» (5 апрел) ва «Истаравшан» бо «Равшан» (6 апрел) қувваозмоӣ мекунанд.
Дар иртибот ба ширкати «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё – 2021, бозиҳои даста дар оғози мавсими нав мавқуф гузошта шуда, баъди бозгашт аз Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тими «Душанбе – 83» номашро ба «Душанбе» иваз намуд.
ДЗЮДО. Дар Чемпионати Осиё – Уқёнус аз Тоҷикистон киҳо ширкат меварзанд?
Бар пояи иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар Чемпионати Осиё-Уқёнус, (6 – 9 апрели, Бишкек, Қирғизистон) аз кишвари мо гуштигирон Шукрона Карчиева, Аҳлия Муъминова, Фазилат Гулбоева, Шаҳбоз Саидаброров, Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов,Темур Раҳимов ва Хуршед Маҷидов ширкат хоҳанд кард.
Барои дзюдочиёне, ки мақомҳои ифтихориро касб мекунанд, холҳои олимпӣ (ҷои аввал 700 , дуюм 490 ва сеюм 350) дода мешавад.
Бояд гуфт, ки дар чемпионат иштироки 218 варзишгар аз 31 давлат дар назар аст.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 228