Хабарҳо
ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА
Известия. Сарвари Фармондеҳии шимолии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Глен Ванхёрк бо мақсади роҳ надодан ба мухолифат дар Арктика, киберфазо ва кайҳон ҷонибдори муколамаи Москва бо Вашингтон мебошад.
Ба ақидаи ӯ, барои он ки вазъи миёни ду кишвар муташанниҷ нашавад ва гирифтори буҳрон нагардад, бояд роҳу равиши дурустро муқаррар кард.
Дар иртибот ба ин, Ванхёрк таъкид сохт, ки барои гуфтугӯ имкониятҳои мусоид ва роҳҳои зиёди амалисозии он вуҷуд доранд.
ХФБ АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТИРО ПЕШГИРӢ НАМУД
Коммерсантъ. Хадамоти федералии бехатарӣ иттилоъ медиҳад, ки дар яке аз маҷмааҳои энергетикӣ-сӯзишвории вилояти Твер кӯшиши содир намудани амалиёти террористиро пешгирӣ намуд.
Мувофиқи изҳороти хадамот, ин амалро тарафдори ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» - и мамнӯъ дар Россия ба нақша гирифта буд.
Зимни боздошт ӯ муқобилият нишон дод ва дар натиҷа аз ҷониби кормандони хадамот маҳв гардид.
Дар ҷои ҳодиса маводи тарканда, яроқи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ мусодира шуд.
ДАЪВАТИ СҶТ БА ИТТИҲОДИ АВРУПО
ТАСС. "Суръат бахшидани раванди эмкунии аҳолӣ аз коронавирус моҳияти ҳалкунанда дорад, зеро афзоиши теъдоди ҳолатҳои нави сироятёбӣ дар Аврупо идома дорад". Чунин омадааст дар хабари нашрнамудаи Бюрои минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.
«Воякӯбӣ беҳтарин роҳи наҷот ёфтан аз пандемияи коронавирус мебошад. Он на танҳо муассир аст, балки ҷиҳати пешгирии сироятшавӣ низ басо самаровар мебошад. Вале ҷоринамоии ваксинаҳо фавқулода суст идома дорад. Чун алҳол фарогирӣ дар сатҳи паст қарор дорад, мо маҷбурем, ки ба хотири солимии ҷомеа чораҳои тандурустии қаблан роҳандозишударо истифода барем. Баҳри раҳо ёфтан аз ҳамагирии ин беморӣ, мо бояд истеҳсоли ваксинаро афзоем ва раванди эмкуниро суръат бахшем», - гуфта мешавад дар матни сухани директори бюро Хане Калюге.
МАРИН ЛЕ ПЕН МУНОСИБАТИ ИА-РО БО РОССИЯ ИШТИБОҲИ ГЕОПОЛИТИКӢ НОМИД
«Комсомолская правда». Сарвари ҳизби ростгароёни «Иттиҳоди миллӣ»-и Фаронса Марин Ле Пен изҳор намуд, ки мавқеи феълии Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Россия ва ҷорисозии таҳримот иштибоҳоти таърихӣ ва геополитикӣ маҳсуб мешаванд.
- Сарварони ИА таҳаввулоти таърихиро дарк накардаанд, онҳо худро ҳанӯз ҳам дар давраи “ҷанги сард”, ки на ба онҳо, балки сирф ба ИМА ва НАТО нигаронда шуда буд, эҳсос мекунанд, - иброз намуд Ле Пен дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Комсомолская правда».
Сиёсатмадор афзуд, ки муносибат бо Россия муҳим ва зарур мебошад. Ҳамчунин, тибқи гуфтаи ӯ, ҳеҷ кас нақш ва мавқеи назарраси Федератсияи Россияро дар тартиботи дунё нодида гирифта наметавонад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 168