logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ЗАМИН
Раисе, ки қонуншиканиро пинҳон кард, ба толори суд рафт
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба А. Анварӣ, раиси кумитаи идораи замини шаҳри Гулистон, бо иттиҳоми суистифода аз ваколатҳои мансабӣ ба суд фиристода шуд.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, А. Анварӣ дар ин вазифа ҳамчун шахси мансабдор якҷо бо мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Ш. Ҳамдамов ва муҳандис - заминсози Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Р. Мирзоаҳматов зимни гузарондани як санҷиш ба қонуншиканӣ роҳ додаанд. Онҳо дар вақти санҷиш ҳолати аз тарафи шаҳрванд Б. Анорбоев истифодаи ғайриқонунии истифодаи замин ва сохтмони худсаронаро ошкор намуда, барои рӯйпӯш намудани ҳолати ошкоршуда ва чораандешӣ накардан аз ӯ 10 000 сомонӣ гирифта, байни ҳам тақсим кардаанд.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба А. Анварӣ бо моддаи 314, қисми 1 (суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) баррасӣ мешавад, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 2 солро пешбинӣ менамояд.
 
 
ТАНЗИМ
Омӯзгор ва директори мактаб барои қонуншиканӣ айбдор шуданд
Прокуратураи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахашон як омӯзгор ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и ноҳияро барои риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷавобгарӣ кашид.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ бо нашри ин хабар иттилоъ медиҳад, ки Назархотун Ғуломқодирова омӯзгори МТМУ № 7 бар хилофи талаботи моддаи 8 ҳамин қонун амал карда, бо розигии директори муассисаи мазкур Мамадато Давлатназаров 30 январи соли 2021 зодрӯзашро бо оростани зиёфат ва даъвати сароянда ҷашн гирифтааст.
Вобаста ба ин, аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбат ба омӯзгор ва директори мактаб бо моддаи 481, қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, аз тарафи суд ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ карда шуд.
 
МУШТЗӮРӢ
Боздошти ноболиғе, ки ҳамхонаашро бо оҳан зад
Кормандони мақомоти милитсия ноболиғи 17 - солаи сокини ноҳияи Деваштичро ба гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.
Тавре сомонаи ВКД хабар медиҳад, боздоштшуда 29 марти соли ҷорӣ дар хонаи муваққатан истиқоматиашон, воқеъ дар кӯчаи Ҳайдар Усмони шаҳри Хуҷанд бо ҳамхонааш ҷавони 19 - сола моҷаро намуда, бо истифода аз оҳанпора ӯро шадидан захмӣ кардааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, вобаста ба ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2021    №: 68    Мутолиа карданд: 1425
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед