Хабарҳо
Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд
Лента ру. Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров ба нашрияи ҳиндустонии Hindustan Times дар бораи нақшаи барқарорсозии кори «формати Москва» оид ба Афғонистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, формати мазкур, ки дар он ҳамаи кишварҳои калидии минтақа, ҳамсояҳои Афғонистон ва ИМА иштирок менамоянд, раванди оштии миллиро дар ин кишвар ба танзим хоҳад овард.
Чанде пеш иттилоъ доданд, ки СММ бо Ҳукумати Афғонистон ва намояндагони ҳаракати иртиҷоии «Толибон» (мамнӯъ дар Россия) музокироти бисёрҷониба мегузаронад. Гуфтушунид чун пештара дар Давлати Қатар баргузор мешавад.
Ҷопон лоиҳаи қонун дар бораи боло бурдани синни нафақаро омода менамояд
ТАСС. Ҳукумати Ҷопон тасмим дорад, ки ба парлумон лоиҳаи қонун дар бораи синни ба нафақа баромадани хизматчиёни давлатиро пешниҳод намояд. Дар ин хусус сарвазир Ёсихидэ Суга иттилоъ додааст.
- Бояд синни ба нафақа баромаданро боло бурд, то ки камбуди мутахассисонро дар вазифаҳои роҳбарӣ бартараф намоем, - изҳор дошт ӯ ҳангоми мубоҳисаҳо дар яке аз комиссияҳои палатаи поёнии парлумон. - Мо барои ҳарчи зудтар пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни марбута омодагӣ мегирем.
Пиршавӣ ва камшавии аҳолӣ яке аз масъалаҳои мубрами иҷтимоии Ҷопон мебошад. Тибқи омори расмии созмонҳои тандурустӣ, мардон қобилияти кории худро ба ҳисоби миёна то синни 71 ва занҳо бошанд, то 74-солагӣ ҳифз мекунанд.
Ҳукумат ҷопониҳои пиронсолро чун захираи муҳими меҳнатӣ меҳисобад.
Чораҳои пешгирӣ алайҳи ҳуҷуми малах дар Қазоқистон
Каз ТАГ. Интизор меравад, ки соли равон малах ба масоҳати 640 ҳазор гектар замини Қазоқистон ҳуҷум оварад,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ.
- Дар мубориза бо малах аз буҷети ҷумҳуриявӣ тақрибан 2 миллиард танга ҷудо гардида, дар ҳаҷми зарурӣ пестидсидҳо харида шудааст ва он, ҳамчунин, ба хизматрасониҳои коркарди химиявии майдони пешгӯишуда сарф мегардад.
Соли ҷорӣ барои ошкор намудани маҳали малахҳо тақрибан 38 миллион гектар замин зери таҳқиқоту назорат қарор мегирад. Ҳамчунин, дар минтақаҳои марзӣ ба таҳқиқоти муштарак бо намояндагони Россия, Чин ва Ӯзбекистон омодагирӣ мешавад. Айни замон дар минтақаҳои ҷанубии мамлакат корҳои тадқиқотӣ оғоз шудаанд,- таъкид кардааст Вазорати кишоварзӣ.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 124