Хабарҳо
ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД
Калиди илму маърифат, асоси хираду заковат, фарҳангу адаби пойдору устувор илмомӯзӣ маҳсуб мешавад. Ин аст, ки ҳамасола ҷиҳати боз ҳам таҳкиму тақвияти сатҳу сифати дониши наврасону ҷавонон аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм тамоми чораҳо андешида шуда, олимпиадаҳои фаннӣ баргузор мегарданд.
Боиси тазаккур аст, ки имсол дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявии хонандагони синфҳои болоӣ аз фанҳои равияи табиӣ – риёзӣ, ки дар пойтахти кишвар доир гардид, се нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32 – и деҳаи Андароби деҳоти ба номи Аскар Замирови ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардид. Наврӯзмоҳ Сафоева ба дарёфти ҷои аввал ва медали тилло мушарраф шуд. Иштирокдорони дигар Шогунбек Паҳлавонбеков аз фанни физика, Зулайхо Аноятбекова мутаносибан ба гирифтани медали биринҷӣ ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм сарфароз гаштанд.
Ҳамчунин, пас аз бозгашташон аз тарафи раиси ноҳия ва шуъбаи маориф бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ шудаанд.
Боиси ифтихор аст, ки аз як ноҳияи дурдасти кишвар хонандагон ба чунин муваффақият ноил гаштанд, - иброз намуд Душанбе Назаров, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32 - и ноҳияи Ишкошим.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 125