Хабарҳо
МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН
Дар хиёбони Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ва сокинони маҳаллаи Сирдарё дарахтони нодири навъи магнолия шинонда шуданд.
Дар ин бора Музаффар Юнусов, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, ба «Ҷумҳурият» хабар дод.
Таъкид гардид, ки ояндаи наздик ин мавзеъ ба яке аз гулгаштҳои намунавии шаҳр мубаддал гардида, марҳила ба марҳила ҳусни тамоми хиёбонҳои шаҳр бо чунин усул шукӯҳ бахшида мешаванд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз соҳиб-корони номдори шаҳр даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ободонӣ ва хуррамсозии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр саҳм гузошта, дар якҷоягӣ Ватани азизамонро обод созанд.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, дарахти магнолия бо зебоии баргҳо ва гулҳояш нотакрор буда, бӯйи хос дорад ва аз он атрҳои қиматбаҳо тайёр менамоянд. Магнолия ба гурӯҳи дарахтони ороишӣ мансуб буда, дар хориҷа онро, асосан, дар гулгаштҳо мешинонанд.
Магнолия зиёда аз 70 намуд дошта, метавонад аз 8 то 20 метр қад кашад. Вобаста ба гуногунӣ гулҳои он сафед, гулобӣ, арғувонӣ ва сурх мешаванд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 153