Хабарҳо
«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»
Инак, чанд рӯз аст, ки дар кишвари офтобии мо бахшида ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод истиқлол!» идома дорад.
Фестивал зина ба зина, аз деҳот то пойтахт, аз 2 то 9 апрели соли равон идома меёбад. Намоиш – фурӯши китобҳои тозанашр иқдомест, ки ҳамасола дар ин рӯзҳо ташкил гардида, хонандагон ва иштирокдорони чорабинӣ дар доираи он бо нархи арзон асарҳои дилхоҳашонро дастрас менамоянд.
Чуноне директори Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода иброз дошт: «Дар доираи фестивали китоб бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адибони тоҷик дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои вохӯрӣ бо хонандагону алоқамандони китоб сафарбар гардидаанд. Инчунин, озмунҳои гуногун, аз қабили «Тараннумгари Ватан», беҳтарин иншо дар мавзӯи «Ватан - биҳишти бебаҳост», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон» ва «Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз» рафта истодаанд. Вохӯрии хонандагон бо адибон, суҳбатҳои «мизи гирд» ва муаррифии китобҳои нав низ яке аз бахшҳои фестивал аст».
Фестивали мазкур бо ташаббуси вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати кишвар, Иттифоқи нависандагон, Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронда мешавад.
Ҳадафи асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасону ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.
Дар фестивал барои муайян намудани ғолибони озмунҳо ва иштирокчиёни фаъоли он дар назди ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ҳайати ҳакамон таъйин гардидаанд. Созмондиҳандагони он иштирокчиёни фаъоли фестивал, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони воситаҳои ахбори омма, муассисаву ташкилот ва шахсони алоҳидаи дар чорабинӣ фаъолона ширкатварзидаро бо мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳо, инчунин, ифтихорномаю нишонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карданӣ ҳастанд.
- Баргузории ин чорабинии муҳим имкон медиҳад, ки тавассути шиносоӣ бо вазъи китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ, аҳли илму адаби кишвар ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳу воситаҳои боз ҳам муассиру замонавии тарғиби китоб ва дигар маводи иттилоотиро дар байни кӯдакону наврасон дарёфт намоянд, - гуфт Ҳусейн Сафарзода. - Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод истиқлол!» 9 апрел дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки китобдорон, фаъолон, ғолибони озмунҳо, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф ва илм, воситаҳои ахбори омма бо намоиши идона ҷамъбаст мегардад.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 118