Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Хадамоти матбуоти Пентагон иттилоъ медиҳад, ки иҷрокунандаи вазифаи муовини вазири мудофиаи ИМА оид ба корҳои сиёсӣ Аманда Дори зимни вохӯрии фосилавӣ бо ҳамтоёнаш аз Канада, Литва, Полша ва Британияи Кабир вазъи кунунии Украинаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
ТАСС. Рекорди навбатии зиёдшавии теъдоди сироятшудагон ба коронавирус дар як шабонарӯз дар Ҳиндустон ба қайд гирифта шуд, ки 115 736 нафарро ташкил дод. Чуноне Вазорати тандурустӣ ва некуаҳволии оила дар сомонааш хабар медиҳад, теъдоди сирояшудагон ба 12 801 785 нафар расид.
Мир24. Дар соҳилҳои Эритрейи баҳри Сурх яке аз киштиҳои эронӣ ба таркиш мувоҷеҳ шуд,- хабар медиҳад агентии Tasnim.
RT. Москва бо Вашингтон оид ба масъалаи эҳтимолии иштироки Президенти Россия Владимир Путин дар саммити фосилавӣ оид ба иқлим, ки 22 – 23 апрел баргузор мешавад, пайваста дар тамос аст,- хабар дод ҷонишини вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Рябков.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 132