Хабарҳо
САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД
ТАСС. Вазири корҳои хориҷии Покистон дар нишасти матбуотии муштарак бо вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров дар Исломобод гуфт, ки Россия омили муътадилии вазъи минтақа ва, умуман, ҷаҳон мебошад.
Курешӣ таъкид намуд, ки робитаҳои ҳасана бо Москва яке аз дастовардҳои асосии Покистон ба ҳисоб меравад.
Тавре ӯ зикр кард, Россия ҳамеша аз қонунгузории байналмилалӣ ҳимоят мекунад, ки чунин принсипро Покистон низ дастгирӣ менамояд.
МАНСАБДОРИ ЧИНӢ БАРОИ РОҲАНДОЗИИ КИТОБИ ЭКСТРЕМИСТӢ БА ҚАТЛ ҲУКМ ШУД
REGNUM. Ҳукуматдорони Синсзян – ноҳияи мухтори Уйғур оид ба ифшои гурӯҳи ҷиноятии ҷудоихоҳон, ки дар соҳаи маориф фаъолият мебурданд, иттилоъ доданд, - менигорад агентии Синхуа.
- Роҳбари ҷудоихоҳон, собиқ директори департаменти маорифи Синсзян ва сарвари гурӯҳи пешбари минтақа оид ба ислоҳоти барномаҳои таълимӣ Саттор Савут мебошад. Ӯ бо роҳи фишор таблиғоти ҷудоихоҳии этникӣ, зӯроварӣ, терроризм ва экстремизмро ба китобҳои дарсии ақаллиятҳои миллӣ ворид намудааст. Бо ин китобҳо 13 сол кӯдаконро омӯзондаанд, ки ба оқибатҳои бад овард, - изҳор намуд дар конфронси матбуотӣ ноиби раиси суди олии халқии минтақаи Синсзян Ван Лантао.
РОССИЯ БОЗГАШТИ 1 МИЛЛИОН КОРГАРИ ХОРИҶИРО ИНТИЗОР АСТ
Росбалт. То як миллион муҳоҷирони меҳнатӣ пас аз барқароршавии хат-сайрҳои ҳавоӣ (1 апрел) аз Осиёи Миёна метавонанд ба Россия баргарданд. Тибқи хабари «Российская газета», дар ин хусус президенти Федератсияи муҳоҷирони Россия Вадим Коженов иттилоъ додааст.
- Мо миллион нафарро интизорем. Вале мушкилӣ он аст, ки ҳоло теъдоди парвозҳо хеле каманд. Масалан, ба Тоҷикистону Қирғизистон дар як ҳафта ҳамагӣ як парвоз сурат мегирад, - гуфт ӯ.
ДАЪВАТИ СҶТ АЗ ДАВЛАТҲОИ ҶАҲОН
Синхуа. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо нашри иттилоия аз тамоми кишварҳо даъват ба амал овард, то ҷиҳати рафъи нобаробариҳо ва номуътадилӣ дар соҳа, ки бар асари пандемияи коронавирус ба амал омадааст, чораҳои фаврӣ биандешанд.
Тибқи баҳои СҶТ, нобаробариҳо дар шароити зиндагӣ, хизматрасонии тиббӣ ва дастрасӣ ба маблағ таърихи дерина дорад.
Директори генералии СҶТ Адан Гебрейесус изҳор намуд, ки маҳз нобаробарии иҷтимоӣ ба паҳншавии коронавирус мусоидат кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 144