logo

туризм

Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи туризм таъсис хоҳад ёфт

-Барои рушди соҳаи туризм ва паст кардани нархномаҳои давлатӣ, ки ба рақобатпазирии  маҳсулоти туристии кишвар таъсири манфӣ мерасонад, аз моҳи январи соли ҷорӣ «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гашта истодааст, ки тибқи барнома хироҷи ягона барои раводиди туристӣ 25 доллари ИМА новобаста аз каратнокӣ муайян шудааст, - зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабирҷон Ҷӯраев.
Мувофиқи барномаи мазкур кумита ният дорад дар соли 2010 Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи туризмро таъсис диҳад, то  тамоми вазорату идораҳои марбут ба ин соҳа ба шӯро ворид шуда, баҳри ҳаллу фасли масъалаҳои муҳим саҳм гиранд.
Инчунин барои ҷалби сайёҳон моҳи майи соли ҷорӣ сомонаи интернетии www tojikiston travel ба истифода дода мешавад.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 59 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид шуд, ки 44 ҳазор нафари онҳо бо мақсадҳои шахсӣ, 2200 нафар транзитӣ, 6600 нафар хизматӣ ва 3 ҳазор ҳамчун сайёҳ ба мамлакати мо сафар кардааст. Бештари сайёҳон шаҳрвандони кишварҳои Эрон, Афғонистон, Русия, Амрико, Чин, Олмон, Туркия, Фаронса ва Куриёи Ҷанубӣ мебошанд.

Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 848

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед