logo

иқтисод

Оё сифати обҳои шифобахш ва ташнагишикан ҷавобгӯи меъёр аст?

Кишвари мо дорои захираҳои бойи обҳои тозаи ошомиданӣ буда, беш аз пеш  таваҷҷӯҳи хориҷиёнро ба худ ҷалб менамояд. Гидрологҳо дар ҳудуди Тоҷикистон захираҳои бузурги обҳои маъданӣ, чашмаҳои гарму сарди шифобахшро муайян ва тадқиқ кардаанд. Аз ҷумла, солҳои охир тавассути  пармачоҳҳо зиёда аз 200 чашмаи табобатӣ ва дар  70 мавзеи алоҳида захираҳои оби маъданӣ ошкор гардидаанд. Яке аз онҳо оби маъдани шифобахши «Шоҳамбарӣ» мебошад, ки дар мавзеи хушманзари қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар назди деҳаи Шоҳамбарӣ ҷой гирифтааст.
Аз рӯи нишондоди санадҳои мавҷуда аз сарчашмаи оби «Шоҳамбарӣ» дар як шабонарӯз наздик ба 16-17 тонна оби маъданӣ ихроҷ мешавад. Айни замон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он 12 сехи оби маъдан фаъолият дорад.
Талаботи аҳолӣ ба ин оби шифо ва ташнагишикан нисбати дигар навъҳо дучанд буда, онро аз мағозаҳо бештар харидорӣ менамоянд.
Пӯшида нест, ки дар солҳои 1992-1997 оби нӯшокии шишарезишуда аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Русия ворид мегардид. Ин обҳо то ба ин ҷо расидан ва ба фурӯш рафтан, албатта, қобилияти шифобахшии худро гум мекарданд.  Хушбахтона, солҳои ахир истеҳсолоти ватанӣ рӯ ба тараққӣ  овард ва корхонаҳои зиёд мувофиқи имконият  обҳои гуногун истеҳсол мекардагӣ шуданд.
Тавре ки сармуҳосиби осоишгоҳи  «Шоҳамбарӣ» Шарофат Бобоёрова зикр намуд, аз резишгоҳи асосӣ ҷамъиятҳои саҳомии «Авитсенна», «Фаррух», «Соҳилот» (ноҳияи Ҳисор), «Ҳосилот» (ноҳияи Рӯдакӣ), «Сонет», «Аква», «Шоҳона», «Ангел», «Ҳасид АЙ ТИ СИ», «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» (шаҳри Душанбе) ва корхонаҳои  муштараки Тоҷикистону Эрон «Об сито», «Ориён» оби шифоовар мекашонанд.
- «Шоҳамбарӣ» бо таркиби физикӣ-кимиёвӣ, бо хосиятҳои шифобахшии худ дар радифи обҳои маъдани Есентукӣ, Боржомӣ ва ғайраҳо меистад. Таркиби ин оби шифоӣ намак, сулфат, хлорид, гидрокарбонат, натрий дорад ва ҳарораташ 33-36 дараҷа  гарм мебошад. Он барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ҳаракат ва такягоҳ, асаб, амрози занона, қанд (дараҷаи якум ва дуюм), ҷоғар, пӯст ва ғайраҳо давои беҳтарин аст. Истифодаи васеи оби маъдани «Шоҳамбарӣ» аз чашмаи якум, ки маъданнокиаш 2,0- 3,5 г/литр мебошад, ҳангоми муолиҷаи беморон берун аз шароити  шифохона  ниҳоят  мувофиқ аст, - мегӯяд Раҳматулло Қурбонов, муовини директор оид ба корҳои табобатии муассисаи мазкур.
Аз ин рӯ зарур аст, ки аз ин сарвати бебаҳо, мӯъҷизаи атокардаи табиат самаранок истифода бурда, ба қадри он расем. Корхонаҳои истеҳсолкунандаи нӯшокиҳо бояд дар ин самт софдилона, боинсофона хизмат намуда, ҳалолкориро пешаи худ намоянд.
Истеҳсоли оби маъдан дар ҶСК «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон», ки  бо таҷҳизоти замонавии муосир муҷаҳҳаз гардонда шудааст, ҷавобгӯи талаботи стандарт мебошад.
-Тамоми маҳсулоти истеҳсолмешударо мо санҷида баъд истифода мебарем ва онҳо дорои сертификати сифат ҳастанд,- гуфт зимни сӯҳбат Татяна Стенякова, мудири озмоишгоҳи корхона. – Оби маъданро мо аз чашмаҳои «Шоҳамбарӣ» ва «Файзобод» оварда коркард мекунем. Соли 2009 дар маҷмӯъ 510 ҳазор литр обҳои маъдани  «Шоҳамбарӣ» ва «Файзобод» истеҳсол шуданд.
Чуноне ки огоҳӣ пайдо кардем, на ҳама корхонаҳо бе камбудиву қонуншиканӣ фаъолият мекунанд. Далелҳое ҳастанд, ки баъзе аз ин корхонаҳо обро кам гирифта, дар асл онро дар ҳаҷми зиёд «коркард» карда, ба фурӯш мебароранд, ки дар натиҷа таъсири табобатии он гум мешавад. Эҳтиёҷи зиёди истеъмолкунандагонро дида, сафи ба ном «соҳибкорон»-и қаллобу фиребгар низ зиёд мешавад. Онҳо танҳо фикри кисаи худро мекунанд, на фикри саломатии мардумро.
Роҷеъ ба ин масъала Маҳмадзариф Сафаров, мудири шӯъбаи назорати давлатӣ дар маҷмааи агросаноатии Агентии «Тоҷикстандарт», иброз намуд, ки бо вуҷуди назорати ҳамаҷонибаи мутахассисони агентӣ камбудиҳо боз ҳам ҷой доранд. Масалан, ҶММ «Соҳилот» ва «Ҳосилот»-ро барои сифати пасти об ва ҶММ «Белое небо»-ро барои нодуруст навиштани навиштаҷоти болои зарфҳо ва риоя накардани қонуни забон ҷарима бастем. Дар мавсими имсола барои  роҳ надодан ба камбудиҳо нақша-чорабиниҳои махсус таҳия намуда, кӯшиш дорем, то обҳои ташнашикану шифоӣ бо сифати баланд бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» пешкаши муштариён гардонда шаванд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 750

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед