logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон бо судяҳо мулоқот намуд

17 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ нафароне, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ ва судяҳо дар Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ ва судҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ интихоб ё таъин шуданд,  мулоқот намуд.

Дар оғози мулоқот фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаҳои роҳбарӣ ва судя дар судҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ таъин гардидани 66 нафар аз кормандони ин соҳа қироат карда шуд.
Чанд нафари дигар барои интихоб шудан ба вазифаҳои роҳбарӣ ва судя дар Суди олӣ ва Суди олии иқтисодӣ пешниҳод гаштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо онҳо аз талаботи давлату ҳукумат ба роҳбарият ва кормандони мақомоти судии мамлакат оид ба таъмини волоияти қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, риояи адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар ёдовар шуда, дар наздашон вазифаҳои мушаххас гузошт.
Таъкид гардид, ки ворид намудани як қатор тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва қонунҳои марбут ба ин соҳа, боло бардошта шудани салоҳияти мақомоти судӣ, зиёд гаштани шумораи воҳидҳои штатӣ ва беҳшавии тадриҷии шароити корӣ, ки  ба баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати кори онҳо равона гаштаанд, масъулияти роҳбарият ва кормандони судҳоро ба маротиб афзун мегардонанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳар як судя ва дигар кормандони мақомоти судӣ, сарфи назар аз собиқа ва таҷрибаи корӣ пайваста донишу малакаи худро такмилу  сайқал диҳанд ва ҳамеша дар ҷараёни тағйирот дар қонунгузории кишвар бошанд. Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, судяҳо ва роҳбарияту кормандони мақомоти судӣ чун намояндагони яке аз шохаҳои босалоҳияти ҳокимияти давлатӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии мардум, ба риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ  ҳидоят намудани аҳолӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб, аз ҷумла ҳаракатҳои экстремистӣ бояд нақши намоёну муассир дошта бошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки баъзе аз судяҳо худашон ба ҷиноят, аз ҷумла ҷиноятҳои нангини коррупсионӣ, даст мезананд, изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки амалҳои ношоистаи чунин нафарон ба коста гаштани обрӯйи давлату ҳукумат дар чашми мардум боис мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз арзу шикоятҳои сершумори мардум, ки ба Сарвари давлат ва Дастгоҳи иҷроияи  Президенти мамлакат мерасанд, изҳори таассуф карда, ба ҳозирин ва тамоми мақомоти судӣ баҳри бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷиддӣ дар корашон дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.
Нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ ва судя дар мақомоти судӣ пешниҳод ва таъиншуда дар навбати худ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки бо дасту дили пок ва нияти нек ба халқу Ватани худ содиқона хизмат карда, баҳри таъмини волоияти қонун ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои самимии Президенти мамлакат ҷаҳду талош менамоянд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 509

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед