logo

туризм

ПРЕСС – ТУР. ШИНОСОӢ БО ИҚТИДОРҲОИ САЙЁҲИИ ВОДИИ ЗАРАФШОН

Бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбиқи чорабиниҳои бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ВАО-и ватанӣ тибқи хатсайри Душанбе - Айнӣ - Панҷакент - Душанбе пресс - тур ташкил шуд.
Раиси кумита Тоҷиддин Ҷӯразода иқдоми мазкурро татбиқи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муаррифии назокату зарфиятҳои хоси сайёҳии кишвар арзёбӣ намуд. Сафари иштирокчиён нахуст аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфта, дар шаҳри Панҷакент, ки бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, табиати бою рангин, мардуми меҳмоннавоз, обу чашмаҳои софу зулол, рӯдҳои хурӯшон ва кӯҳҳои сар ба фалак маълум аст, ба итмом расид. Ба ин ҳайат хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ шомил буд.
 
МАҶМААИ ТАЪРИХӢ - ФАРҲАНГИИ НАҚИБХОН ТУҒРАЛ - ЗИЁРАТГОҲИ ШОИРОН
Ҳайати беш аз 40 нафараро нахуст дар мавзеи таърихию фарҳангии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ хотирмон истиқбол гирифтанд. Маҷмааи таърихӣ - фарҳангии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ соли 2015 ҳангоми ҷашни 150-солагии шоир бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи оромгоҳи кӯчак сохта шуд. Ҳоҷиаҳмадхон Алихонов, директори маҷмааи мазкур, гуфт, ки дар паҳлуи маҷмаа қабристони авлодии Нақибхон Туғрал ҷойгир аст. 
Хона-музейи шоир аз ҷониби худи ӯ соли 1904 сохта шуда, шоир то охири умр дар ҳамин ҷо зиндагӣ кард. Аз ӯ як китоб – «Ашъори мунтахаб» (1916) боқист. Аз рӯи маълумот достони «Баҳористон»- и шоир нотамом мондааст. Дар хона-музей ҷиҳози рӯзгору китобҳои гуногун ба намоиш гузошта шудаанд. 
 
МАСҶИД ВА МАНОРАИ ВАРЗ –  ОСОРИ БЕБАҲОИ НИЁГОН
Ноҳияи Айнӣ тамаддуни бойи таърихӣ-фарҳангӣ ва ёдгориҳои зиёд дорад. Қалъаҳои Муғ, Сарвода, Масҷиди қадимаи деҳаи Дар-Дар, манораи Варз, хонаҳои ландшафтии Вешарв, Дижиглув, зиёратгоҳҳои Абулқосими Гургонӣ дар деҳаи Урметан, Абуабдуллоҳи Валӣ дар деҳаи  Ревад, Хоҷа Исоқ дар деҳаи Махшва ва ғайраҳо аз зумраи онҳо мебошанд. 
Рухшона Низомова, директори осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии бахши фарҳанги ноҳия, дар суҳбат гуфт, ки яке аз нодиртарин дастовардҳои таърихӣ - фарҳангии ноҳия манораи Варз мебошад. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, манора бо масҷид дар як вақт сохта шуда, бо ҳам алоқамандии зич доранд. Манора, ки дар шафати масҷид бо шаҳомат қомат афрохтааст, мероси бебаҳо аз гузаштагони соҳибтамаддун мебошад. Он дар асрҳои X-XI сохта шуда, аввалин манора дар водии Зарафшон мебошад. Баландии он 13 метрро дар бар гирифта, новобаста аз боду борон ҳанӯз шаҳоматашро ҳифз намудааст. Манора қариб ҳазор сол боз пойбарҷост. Феълан, масҷид ва манораи Варз яке аз нодиртарин ёдгориҳои таърихии ноҳия ба шумор рафта, ҳамчун осори бебаҳои ниёгон ҳифз мешаванд.  
 
МАҚБАРАИ МУҲАММАД БАШОРО -  МАВЗЕИ СЕРСАЙЁҲ 
Тавассути роҳҳои мумфаршу аз нав таъмиршуда, байни деҳаҳои зебо ва дарёи Зарафшон ба шаҳри Панҷакент расидем. Намояндагони мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳр гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Сипас, боздидкунандагон аз Мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро ва хона - музейи устод Лоиқ Шералӣ дидан карданд.
Дар деҳаи кӯҳии Мазори Шариф, дар байни дарахтзорони хушманзара, дар мавзеи хушбоду ҳаво оромгоҳи Муҳаммад Башоро - яке аз бузургтарин ровии ҳадиси набавӣ ва каломи илоҳӣ воқеъ аст. Замони зиндагии эшон солҳои 782-866-ро дар бар мегирад. Ёдгории меъмории Муҳаммад Башоро дар ду давра: қисми мураббаъшакли бино бо хонаҳои кунҷӣ дар асрҳои X-XI ва даромадгоҳи калони пештоқдори бо сафоли сирноки ранга кандакоришуда солҳои 1342-1343 сохта шудааст. 
Ороиши даромадгоҳи пештоқро кошинкории гилнок дар шакли  серқирае, ки он ба тарзи кандакории ҳандасӣ бофта шудааст, зиннат медиҳад. Дар дохили мақбара ҷасадҳои нафароне, ки дар сохтмон ва нигоҳубини бино саҳм доштаанд, гӯронда шудаанд. То ҳол маълум нест, ки оё ҷасади Муҳаммад Башоро дар ҳамин оромгоҳ маъво гирифтааст ё не. Дар тарафи чапи бино манораи 36-метра сохта шудааст. Феълан, маҷмаа яке аз ҷойҳои серсайёҳи шаҳри Панҷакент ба ҳисоб меравад. 
 
САРАЗМ - ГАҲВОРАИ  ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН
Панҷакенти қадим бо ёдгориҳои бешумори таърихӣ маълум аст ва байни онҳо Саразми бостон, ки таърихи беш аз 5500 – сола дорад, мавқеи махсусро ишғол менамояд. Шаҳри Саразм яке аз ёдгориҳои куҳантарини мардуми Осиёи Марказӣ буда, аз маданияти кишоварзиву шаҳрсозӣ ва ҳунармандии ниёгонамон ҳикоят мекунад. Саразм соли 2010 ба феҳристи Мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил шуд. 
Тибқи маълумоти Афзалшо Суфиев, ходими хурди илмии Пойгоҳи бостоншиносии «Панҷакент-Саразм», масоҳати шаҳре, ки дар ҳазорсолаи IV-III-и пеш аз мелод мардум бунёд кардаанд, зиёда аз 100 гектарро ташкил медиҳад. Дар он 46 сол боз ковишҳои бостоншиносӣ идома дошта, беш аз 150 хонаи истиқоматӣ ёфт шудааст. Масоҳати ҳозираи мамнӯъгоҳ 46 гектар буда, дар ҳудуди он осорхонаи дуошёна ба муносибати 5500-солагии Саразм бунёд ёфтааст. Тамоми нигораҳои аз ҳудуди пойгоҳ дарёфтшуда, ки дар дигар осорхонаҳои кишвар маҳфуз буданд, дар асоси мактуб ба ин осорхона оварда шуданд. 
Ба гуфтаи А. Суфиев, қисми бештари шаҳр зери хонаҳои мардум мондааст. Ҳоло мардум давраи панҷуми Саразмро аз сар мегузаронданд. Кашфи қабристони Саразм бозёфти охири пойгоҳи бостоншиносӣ маҳсуб меёбад, ки дар минтақаи ҷанубу ғарбии ёдгорӣ ҷойгир аст. Меҳргон, Тиргон ва дигар ҷашнҳои қадима пурра дар пораи сафолҳои бозёфтшуда тасвир шудаанд, ки аз гавҳораи тамаддуни тоҷикон будани Саразм дарак медиҳанд.
 
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ 
Фирдавс Тӯрақулов, аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои Зарафшон оид ба туризм», ки моро роҳбаладӣ мекард, чунин нақл намуд: «Панҷакенти қадим шаҳрест, ки дар асри панҷи мелодӣ аз тарафи суғдиён сохта шудааст. Дар ҳамон вақт шаҳр аз чор қисм: қисми асосӣ – шаҳристон, куҳандиз, работ (барои киштукор) ва қабристон иборат буда, дар гирдогирдаш девораҳои муҳофизатӣ ва дарвозаҳо дошт. Тибқи арзёбии таърихнигорон дар ин ҷо тақрибан 20 ҳазор нафар зиндагӣ мекардаст. Дар ин ҷо хонаҳо аз чӯбу сангу хишт ва похсаҳои гилин сохта шудаанд. Онҳо хонаву дар, масҷид, бозор, дуконҳои ҳунармандӣ ва дигар шароити зиндагиро доштанд. Вақти кофтуковҳои бостоншиносӣ аз шаҳр иморатҳои хиштин, тангаҳои суғдӣ ва дигар олотҳои пурқимат ёфт шудаанд. Мутаассифона, бисёр бозёфтҳо ба шаҳри Санкт - Петербург интиқол ёфтаанд. Мардуми суғдӣ то асри VIII дар ин мавзеъ зиндагӣ кардаанд. Дар асри ҳашт вақте арабҳо барои паҳн кардани дини Ислом ба Осиёи Миёна омаданд, шаҳрро забт ва пурра тороҷ карданд. Мардум фирор намуда, рӯ ба водӣ гирифт. 
Панҷакенти қадим дар дунё аз ҳама объекти бостоншиносии калонтарин ба ҳисоб меравад. Панҷакенти қадимро бо Пампеи Шарқ муқоиса мекунанд, зеро аз ин ҷо қариб дар тамоми хонаҳои истиқоматӣ деворнигораҳо ёфт шудаанд. 
 
ЯК ПЕШНИҲОДИ МУФИД
Хусрав Ҳусейнзода, аъзои пресс-тур, гуфт, ки дар ин сафари дурӯза мо тавонистем аз бисёр мавзеъҳои водии Зарафшон дидан ва таасуроти рангин бардорем. Бояд гуфт, ки ташкили сафарҳои коллективона барои кормандони вазорату идораҳо ҷиҳати рушди сайёҳии дохилӣ заминаи мусоид мегузорад. Ин ҳамон роҳхатҳое дар назар дошта шудаанд, ки аз ҷониби иттифоқҳои касаба барои истироҳатгоҳҳо дода мешаванд. Ин иқдом барои фаъолияти самараноки истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо ва истироҳати коллективонаву шиносоӣ бо ҷойҳои табиӣ, таърихиву фарҳангӣ мусоидат намуда, дар рушди сайёҳии дохилӣ нақши муассир хоҳад гузошт.
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият», 
«Душанбе - Айнӣ – Панҷакент- Душанбе»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2021    №: 136    Мутолиа карданд: 4733
01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед