logo

туризм

ГУЛИСТОН. ШАҲРИ МУАРРИФГАРИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН КИШВАРИ САЙЁҲӢ

Имрӯз бо дили пур метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо манзараҳои зебову дилфиреб ва таърихи куҳанбунёдаш кишварест мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони тамоми дунё. Аз ҷумла, шаҳри Гулистон ҳамчун як гӯшаи ободи Ватан бо доштани обанбори “Баҳри тоҷик” ва осоишгоҳҳои замонавӣ минтақаи куллан ҷавобгӯ ба талаботи сайёҳон аст. Дар ҳудуди шаҳр имрӯз 6 меҳмонхона, 4 осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ, урдугоҳ ва 14 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст. 
Бо ҷалби бахши хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона ва осоишгоҳҳои хурду калон, рӯи кор омада, шумораи ҷойҳои хоб барои қабули сайёҳон ба 2110 адад расонда шуд. Соли 2020 ҳаҷми хизматрасонӣ дар меҳмонхонаву осоишгоҳҳо ба беш аз 18 миллион сомонӣ расид. Дар ин давра 1183 меҳмони хориҷӣ ва 19620 истироҳаткунандаи дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварда, дар маҷмӯъ, 20803 нафар истироҳат кард. Дар соҳаи сайёҳӣ наздик ба 400 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, музди миёнаи маоши онҳо 1480 сомониро ташкил медиҳад. Ҳиссаи осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо дар ғанӣ гаштани буҷети шаҳр 3,2 дарсадро ташкил дода, ҳиссаи сайёҳӣ бошад дар ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ ба 49,2 дарсад баробар шуд.  
Ҷиҳати пиёдасозии мақсаду маромҳо оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон якчанд иншооти нав ифтитоҳ шуданд. Аз ҷумла, соли 2018 меҳмонхонаи 4 - ошёна ва коттеҷи муосир дар ҶДММ «Осоишгоҳи Баҳористон» ба истифода дода шуд, ки иловатан 70 ҷойи хоб барои истироҳаткунандагон ташкил гардид. Осоишгоҳи мазкур соли 2011 бо дастури Сарвари давлат қомат афрохта, имрӯз ба макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст. Осоишгоҳ дорои 5 бинои фароғатӣ ва 13 коттеҷ, аз ҷумла 2 коттеҷи махсус (VIP) ва 1 чӯбин аст, ки иқтидори қабули он дар як шабонарӯз 868 нафар мебошад. 
Имрӯз осоишгоҳи “Баҳористон” аз зумраи иншооти муҳими соҳаи табобату саёҳат мебошад, ки дар соҳили “Баҳри тоҷик” бунёд гаштааст. Бо дастури Сарвари давлат дар ҳудуди осоишгоҳ сохтмони боз як меҳмонхонаи нав оғоз гардид, ки аз 100 ҷойи хоб, 5 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд. Дар ҳудуди бинои нави осоишгоҳ ҳавзи шиноварӣ барои калонсолон ва кӯдакон бо майдончаҳои бозӣ ва корти теннис ба нақша гирифта шудааст. Дар қисми дигар барои фароғати истироҳаткунандагон гулгашт бо фаввораҳо ва айвончаҳои зебову мунаққаш бунёд мешаванд. 
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави осоишгоҳи “Баҳористон” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо ва истифодаи меъёрҳои меъморӣ, бо нақшу нигори миллӣ ва санъати волои бунёдкориҳо оро додани бино дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ошёнаҳои аз якум то панҷуми бино толорҳои зиёфат, гуфтушунид, ҳуҷраҳои хизматрасонии корӣ, ошхона, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои кабули меҳмонони олиқадр, машқгоҳ ва ғайра сохта мешаванд. 
Аз тарафи соҳибкори ватанӣ, инчунин, меҳмонхонаи муосири “Фируз-плаза” дар соҳили обанбори “Баҳри тоҷик” ба фаъолият оғоз намуд. Меҳмонхона аз 3 бинои хизматрасонӣ барои меҳмонон, аз ҷумла 1 бинои истироҳатии 3 - ошёна, 1 тарабхона ва 1 толори хурд иборат аст. Бинои истироҳатӣ бо 19 ҳуҷра барои 46 нафар пешбинӣ шудааст. Дар меҳмонхона майдончаи варзиш, ҳавзи шиноварӣ барои наврасону кӯдакон, таваққуфгоҳи нақлиёт ва дигар иншооти хизматрасонӣ ба мизоҷон хизмат мерасонад. 
Инчунин, дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон истироҳатгоҳи нави “Суғдиён”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 
Дар доираи истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳамчунин, бо ибтикори соҳибкори ватанӣ Абдуқодир Ҷабборзода осоишгоҳи муосир ба истифода дода мешавад. Ҳоло бунёди бинои табобатӣ ва истироҳатгоҳ, ҳавзи шиноварӣ, ошхона, ҳуҷраҳои алоҳидаи фароғатӣ ва дигар иншооти ёрирасон аз ҷониби сохтмончиён ба анҷом расида, корҳои пардозгарӣ ва насби таҷҳизоти тиббӣ бо сифат ва завқи баланд идома доранд. Осоишгоҳи мазкур дар соҳили “Баҳри тоҷик” ҷойгир буда, дар оянда ташкили ҳавзҳои моҳӣ низ дар назар аст.   
Аз ҷониби соҳибкор Турсуной Зокирова бошад сохтмони осоишгоҳи замонавӣ барои 250 ҷой давоми соли ҷорӣ бунёд мегардад. Мувофиқи лоиҳа дар осоишгоҳ тамоми шароити зарурӣ барои меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ фароҳам оварда мешавад.
Барои ҷалби сокинону меҳмонон ба минтақаи зебоманзар пурра навсозӣ намудани Боғи фароғатӣ - истироҳатии ба номи Темурмалик дар соҳили “Баҳри тоҷик” ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ 11 коттеҷи замонавӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд мегардад. 
Роҳбарияти шаҳр ҷиҳати воқеан ҳам, ба як шаҳри сарсабзу хуррам, ободу замонавӣ, сайёҳию фароғатӣ ва гулистон табдил шудани Гулистон пайваста дар талошанд. Дур нест он рӯзҳо, ки Гулистон дар миқёси мамлакат ба як шаҳри муосиртарини сайёҳӣ табдил ёфта, бо сарбаландӣ муаррифгари кишвар мегардад.
 
Ҷовид ЭРКАЕВ, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2021    №: 143    Мутолиа карданд: 4348
01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед