logo

ҳуқуқ

НОБОЛИҒОН. АФЗОИШИ ҶИНОЯТКОРӢ НИГАРОНКУНАНДА БОҚӢ МЕМОНАД

Тайи солҳои охир масъалае, ки боиси нигаронӣ ва мавриди таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа қарор гирифтааст, ин даст задани ноболиғон ба ҷинояткорӣ мебошад. Тибқи иттилооти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шашмоҳаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ноболиғон 390 ҳолати ҷиноятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта  8 – то кам мебошад. 399 ноболиғ даст ба ҷиноят задааст, ки аз инҳо 12 нафарро духтарон ва 387 нафари дигарро писарон ташкил медиҳанд. Гарчанде рақамҳои оморӣ кам шудани ҷинояткориро тасдиқ менамоянд, вале ҳамоно ин масъала нигаронкунанда боқӣ мемонад. Боиси таассуф аст, ки 121 нафари онҳоро хонандагони муассисаҳои таҳсилотӣ ташкил медиҳанд. 276 нафари дигар онҳоеанд, ки аз раванди хониш дур мондаанд.   
 
НОБОЛИҒОН АЗ ТАРБИЯИ ВОЛИДОН ДУРАНД
 ВКД сабабу омилҳои даст задани ноболиғонро ба ҷиноят чунин шарҳ додааст: “Беназоратии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда яке аз сабаби ба ҷиноят даст задани наврасон гашта, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани падар ё модар ва дар тарбияи хешовандон гузоштани онҳо сабаби дуюм аст. Инчунин, волидон аз рӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки барои онҳо пешбинӣ шудааст, амал намекунанд. Омили дигар ин ҳамкорӣ ва робитаи сусти волидон бо муассисаҳои таълимӣ мебошад”.
Гулрухсор Ғолибова, директори муассисаи таълимии № 29-и ноҳияи Шоҳмансур, дар ин робита бо ин масъала чунин андеша дорад:
- Волидон корро баҳона карда, ба таълиму тарбияи фарзандони худ ҷиддӣ машғул намешаванд ва ин бетаваҷҷуҳӣ боиси даст задани фарзандони онҳо ба дуздию дигар амалҳои ношоям мегардад. Мутаассифона, аз муассисаи мо ҳам хонандагон дар шуъбаҳои кор бо ноболиғони ШВКД-и ноҳия ба қайд гирифта шудаанд. Муассисаҳои таълимӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо чунин хонандагон кор баранд, онҳоро бо ҳар роҳу усул ба таълим фаро гиранд, ба маҳфилҳои гуногун ҷалб намоянд. Вале ҳамагӣ 6 соати вақти онҳо дар муассисаи таълимӣ мегузарад, боқӣ дар хона бо волидонанд. Аз ин рӯ, волидон бояд сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоянд. 
 
АЗ НОРАСОИИ РАВОНШИНОСОН ТО ЧАНД ПЕШНИҲОДИ ДИГАР
Ба андешаи Гулрухсор Ғолибова, имрӯз ба муассисаҳои таълимӣ равоншиносон бештар аз ҳисоби ҷавонон ҷалб шудаанд, вале барои кор кардан бо ноболиғон таҷрибаву донишашон кифоят мекунад. “Албатта, ҳастанд воқеаҳое, ки ба синну сол вобастагӣ доранд, масалан яке аз он давраҳо гузариш ном дорад. Дар ин давра тарбияи ноболиғ бояд хуб ба роҳ монда шавад, то ки ӯ ҷою мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намояд. Давраи дигар ин пайдошавии аломатҳои дуюми ҷинсӣ дар ноболиғон, яъне аз ҳисоби ҳормонҳое, ки дар ниҳоди онҳо ба вуҷуд меоянд, вобаста аст. Дар ин давра ҳассосияти бачаҳо баланд мешавад ва бисёр муҳим аст, ки назорат ҷиддитар шавад.  Аз ин лиҳоз, ҳамон тарзи рафторе, ки наврасон аз кӯча ё филмҳо интихоб мекунанд, гоҳе сармашқи зиндагии рӯзмарраашон мешавад”, – мегӯяд равоншинос Маҳмудшоҳ Кабиров.  
Аз тарафи дигар, ҷанҷолҳои оилавӣ ба зеҳни кӯдак бетаъсир намемонад. Дар давлатҳои хориҷа ҳар оилае, ки мушкил дорад, тарбияи кӯдакро давлат ва ё ташкилотҳои махсус ба зимма мегиранд. Дар мо муносибати хешутаборӣ хуб ба роҳ монда шудааст, хуб мешуд хешовандонро ба таълиму тарбияи фарзандон ҷалб намоянд. Роҳи дигар ин аз ҷониби ташкилотҳои масъул ташкил намудани гурӯҳи масъулон ё равоншиносони минтақавӣ мебошад. Онҳо хона ба хона гашта, бо наврасон ва хонаводаҳои онҳо суҳбат намоянд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, сар задани мушкилотро пешгирӣ намоянд. 
Равоншинос Маҳмудшоҳ Кабиров оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон роҳу усулҳои зеринро пешниҳод менамояд. Ӯ мегӯяд, ки “мутаассифона, тарбияи мо ҳанӯз дар сатҳи эҳсосот сурат мегирад, бештар аз сахтгирӣ истифода мебарем. Дар бисёр маврид вақте бо ин роҳ ба ноболиғ масъалаеро мефаҳмонем, дарк намекунад, чунки ки ҳоло ба мантиқи он сарфаҳм намеравад. Мо бояд ба онҳо орзу кардану ҷомаи амал пӯшондан ба онро омӯзонем. Наврасон бояд хостори ҳамон орзуҳое шаванд, ки мо дар майнаашон ҷой додаем. Агар мо орзуҳои лозимиро, ки баъдан дар зиндагии ояндаашон ба ҳадаф табдил меёбанд, ҷо надиҳем, он вақт онҳо орзу ва ҳавасҳоеро дар сар ҷой мекунанд, ки бо роҳҳои бад бурданашон мумкин. Усули муносибатсозӣ бо наврасон набояд бо роҳи сахтгирӣ сурат гирад. Монанди калонсолҳо онҳоро ҷазо додан ва таҳдид кардан сабаби якбора якраву гапнодаро шудани наврасон мегардад. Усули фаҳмондадиҳии образӣ як шакли роҳи ҳалли мушкилоти мазкур мебошад. Аз кӯдак бояд бипурсем, калон шавӣ кӣ мешавӣ. Инро барои он мепурсем, ки дар сари онҳо образи касбе, ки дӯст медоранд, парварему сӯи он равона созем. 
Имрӯз, ки асри технология ном гирифтааст, бояд иҷозат диҳем, ки аз телефону планшет ва компютер бачаҳо мақсаднок истифода баранд. Вале бояд барои телефону планшет барномаҳои назоратии махсусе фаъол созем, ки аз фаъолияти фарзандони хеш огоҳ бошем”. 
 
РИСОЛАТШИНОС БОШЕМ!
Аз андешаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки бо истифода аз усулҳои наву муосир пеши роҳи ҷинояткориро миёни наврасон метавон  гирифт. Барои ин, бояд андеша ва рафтори ноболиғ аз ҷониби равоншиносону омӯзгорон ва падару модарон омӯхта шуда, онҳо дар иҷрои рисолати худ кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд. Оила сарчашмаи асосӣ ва бунёдии инкишофи наврас буда, ба ҳамкории ҷомеа ва муассисаи таълимӣ ниёз  дорад. Муҳити оилавӣ дар рушди маънавӣ ва ҷисмонии кӯдак мактаби аввалин ба шумор меравад. Вақте муҳити оилавӣ носозгор бошад ва волидон соату вақти муайяне барои фарзанди худ ҷудо накунанд, ба роҳи бад рафтани ноболиғ аз эҳтимол дур нест. Муҳити носолим наврасро вайрон карда, идеологияи нодурустро дар майнаашон ҷой медиҳад. Беаҳамиятиву хунукназарии омӯзгорону волидон низ омили ба роҳҳои ғалат рафтани ноболиғон мегардад. Агар ҳар се ниҳод: оила, таълимгоҳ ва ҷомеа рисолати худро ба пуррагӣ иҷро намоянд, ҳамкорӣ ва равобити байниҳамдигариро мустаҳкам намоянд, сафи ҷинояткорӣ миёнаи наврасон коҳиш ёфта, ҷавонони солим ба воя мерасанд. 
 
Оламбегим НЕКҚАДАМОВА, журналист
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.08.2021    №: 155    Мутолиа карданд: 1121
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед