logo

сиёсат

СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪӢ БА ТАҲДИДУ ХАТАРҲО ДАР МАРЗИ КИШВАРҲОИ АЪЗО РОҲ НАМЕДИҲАД

Давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ба манзури таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон барномаҳои нав таҳия намуда, дар сурати ташаннуҷи вазъи сарҳадӣ дар Афғонистон ва таҳдид ба марзҳои ҷанубии ҷуғрофиёи созмон якҷоя амал ҳоҳанд кард. Дар ин бора 15 сентябри соли ҷорӣ зимни ҷаласаи муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шуроҳои амнияти кишварҳои узви СААД мувофиқа ба даст омад.
Дар ҷаласаи муштарак намояндагони давлатҳои узви созмон - ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Арманистон, Федератсияи Россия ва Дабири кулли  Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок доштанд. Дар рафти ҷаласа, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ҳайатҳо оид ба вазъи ҳарбӣ - сиёсӣ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқию Қафқоз ва фаъолияти созмон дар марҳилаи байниҷаласавӣ мубодилаи афкор намуданд. Зимнан, гузориши Дабири кулли СААД  Станислав Зас оид  ба рафти омодасозии лоиҳаи Барномаи мақсадноки байнидавлатии созмон оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва  роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Арманистон оид ба самтҳои авлавиятноки фаъолият дар  давраи  раёсати  Арманистон  дар созмон, ки баъд аз Тоҷикистон ба ин кишвар мегузарад, шунида шуданд.
Роҳбарони ҳайатҳо дар робита ба лоиҳаи Эъломияи Шурои амнияти дастаҷамъии СААД мувофиқа карда, чанд изҳороти вижа, аз ҷумла Эъломияи муштараки давлатҳои аъзои СААД «Оид ба вазъ дар Афғонистон», Эъломияи вазирони корҳои хориҷӣ «Оид ба ҳамоҳангии кӯшишҳои муштарак дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо терроризми кибернетикӣ», Эъломияи вазирони корҳои хориҷӣ «Оид ба кӯшишҳои дастҷамъӣ дар ҳалли вазъи буҳронӣ дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ» ва Эъломияи муштараки вазирони корҳои хориҷӣ «Дар бораи тасдиқи пайравӣ ба принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва мустаҳкам кардани ҳамкорӣ оид ба таъмини риояи қатъии онҳо»-ро қабул карданд.   
Ҳамзамон, дар ҷаласаи муштарак тақрибан  20 қарор қабул гардид, ки ба вусъат бахшидани ҳамкории давлатҳои аъзо дар бахши амнияти биологӣ ва такмили низоми омодасозии якҷояи кадрҳои низомӣ барои қувваҳои мусаллаҳ равона шудаанд.
Станислав Зас, дабири кулли СААД, баъд аз анҷоми ҷаласаи якҷоя дар ҳузури доираи васеи хабарнигорон изҳор дошт, ки зимни ҷаласа ба иҷрои пайвастаи уҳдадориҳои Тоҷикистон дар давраи раёсаташ, ки бар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми мавқеи ҳар давлати узви созмон сурат гирифт, баҳои баланд дода шуд. 
Иттилоъ дода шуд, ки ҷаласаҳои навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шуроҳои амнияти СААД нимсолаи аввали соли 2022 дар Ҷумҳурии Арманистон, ки баъд аз Тоҷикистон раёсати созмонро ба уҳда мегирад, баргузор мегарданд.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН,
суратгир Комрон САФАРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2021    №: 185    Мутолиа карданд: 628
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед