logo

Хабарҳо

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

12 сентябри соли 2021 дар "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштии миллӣ баргузор шуд. Дар он паҳлавонони Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Узбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат намуданд. Дар мусобиқа паҳлавони тоҷик Хайрандеши Муродзод аз шаҳри Кӯлоб дар вазни 60 кг соҳиби медали тилло ва шоҳҷоиза – автомобил гардид.
Рақобатҳо дар вазнҳои 60 кг, 70 кг, 80 кг, 90 кг, +90 кг миёни мардон ва вазни 65 кг миёни бонувон ҷараён гирифта, ба ғолибони ҳар шаш вазн шоҳҷоиза – мошин, ба барандагони медалҳои нуқра 3000 доллар ва биринҷӣ 1500 доллар тақдим шуд.
Бояд зикр кард, ки  Хайрандеши Муродзод  9 июни соли 1998 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, аз соли 2008 инҷониб дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб, таҳти роҳбарии мураббии гӯштии миллӣ Абдулло Саидхоҷаев тамрин менамояд. Хайрандеши Муродзод устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамчун варзишгари касбӣ борҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ иштирок ва Парчами Тоҷикистонро баланд бардоштааст.
 
Дилором ФАЙЗОВА, 
мудири бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи 
ҳокимияти давлатии 
шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 682
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед