logo

сиёсат

ҶАЛАСАИ ШУРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД

16 сентябр дар Қасри миллат ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба кори худ оғоз бахшид.
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷаласа, сарварони давлатҳои аъзои СААД-ро самимона истиқбол гирифтанд.
Дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ва Котиби генералии СААД Станислав Зас иштирок карданд. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар ҷаласа тариқи онлайн ширкат варзид.
Баъди анҷоми маросими аксбардорӣ ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии СААД бо иштироки сарварони давлатҳои узви Созмон дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, сипас бо иштироки аъзои ҳайатҳо дар шакли васеъ идома ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён, сарварони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар ҷаласаи хоссаи Шурои амнияти дастаҷамъии СААД Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаҳои зерин ҷалб намуда, иброз доштанд:
“Ҳамтоёни муҳтарам!
Ман бо андешаҳои зикршуда розӣ ҳастам, ки имрӯз дар муносибатҳои байналмилалӣ равандҳои манфӣ дар соҳаи амнияти ҳарбӣ-сиёсӣ афзоиш меёбанд. Инчунин, набояд фаромӯш кард, ки мо то ҳол дар марҳилаи хатарноки пандемия қарор дорем. Пандемияи аз ҷиҳати миқёс ва оқибатҳои худ бесобиқа ба буҳрони тулонии иҷтимоию иқтисодӣ оварда расонд, ки бидуни муболиға, аз ҷумла ба амнияти мо, таъсир мерасонад.
Вазъи фалокатбор дар Афғонистон бевосита ба минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Вазъияти мураккаб ва фалокатборе, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад.
"Толибон" аз ваъдаҳои қаблии худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои этникӣ дар ин кишвар даст кашиданд ва аз таъсиси як аморати исломӣ бар асоси қонунҳои сахти асримиёнагии шариат бо роҳбарии аъзои ҳаракати онҳо хабар доданд.
Ҳайати эълоншудаи ҳукумати муваққатӣ гуногунии сиёсӣ, қавмӣ ва забонӣ, инчунин, баробарии гендериро ба назар намегирад. Ин маънои онро дорад, ки дар ду-се соли наздик ҷорӣ кардани идеологияи ифротӣ дар Афғонистон шадидтар мешавад ва эҳтимоли густариши ин ақидаҳои харобкорона дар минтақаҳои ҳамсоя афзоиш меёбад. Тоҷикистон ҳамаи шаклҳои беқонунӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад.
Аз холигии ҳарбию сиёсӣ истифода бурда, қувваҳои гуногуни террористӣ мавқеъҳои худро дар мамлакат фаъолона мустаҳкам мекунанд. Дар пеши назари мо Афғонистон бори дигар ба макони терроризми байналмилалӣ мубаддал мешавад.
Мувофиқи маълумоте, ки ҳар рӯз аз манотиқи мухталифи Афғонистон ба мо мерасанд, вазъи воқеӣ дар маҳал комилан дигар аст, он чанд маротиба бадтар аз онест, ки дар расонаҳо инъикос карда мешавад. Мо инро дар мисоли Панҷшер возеҳ дида метавонем.
"Толибон" дастрасии минтақаро ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ комилан манъ кардаанд. СММ, Салиби Сурхи Байналмилалӣ ва дигар созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ аз имконияти иҷрои рисолати худ маҳруманд.
Ҳамтоёни муҳтарам!
Тоҷикистон барқарорсозии сулҳу суботи пойдор дар Афғонистонро ҷонибдорӣ мекунад ва ба ин мавқеъ содиқ мемонад. Мутмаинем, ки мушкили Афғонистон ҳалли низомӣ надорад ва барои ҳалли бетаъхири мушкилоти амнияти сиёсии кишвари ҳамсоя бояд бо ҷалби табақаҳои васеи ҷомеа ва иштироки намояндагони ҳамаи миллатҳо ҳукумати фарогир таъсис дода шавад. Низоми сиёсии ин кишвари ҳамсоя бояд бо назардошти ирода ва мавқеи ҳамаи шаҳрвандони кишвар, бидуни дахолати берунӣ, муайян карда шавад.
Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тулонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиабори аз ҷиҳати миқёс баробар бо ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад. Вазъияти имрӯзае, ки дар Афғонистон ба назар мерасад, ба қитъаи тоҷикистонию афғонистонии ҳудудҳои ҷанубии СААД фишори шадид мерасонад. Дар ин замина, зарурати идомаи кори муштараки пайваста оид ба ҳар чи зудтар ба итмом расондани ҳамоҳангсозии Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД ҷиҳати таҳкими қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро зарур мешуморем.
Барои пешгирии шабакаҳои дастгирии молиявӣ ва моддию техникии гурӯҳҳои террористӣ кӯшиши фаъолонатар ба харҷ додан лозим аст. Ба фаъолияти иттилоотии террористон, истифодаи онҳо аз технологияҳои навтарин, аз ҷумла интернет, диққати махсус бояд дод.
Сарфи назар аз баъзе тамоюлҳои мусбат дар солҳои охир, таҳдиди маводи мухаддир низ ба амнияти минтақаи масъулияти СААД таъсири манфӣ мерасонад. Умедворем, ки Стратегияи зидди маводи мухаддир, ки дар доираи СААД барои панҷ соли оянда (2021 – 2025) амалӣ мешавад, ба ҳалли ин масъалаҳо ва ҳамкории мо такони иловагӣ мебахшад”.
Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалию минтақавӣ, натиҷаҳои асосии фаъолияти СААД тайи давраи раёсати Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Тоҷикистон, инчунин, мавзуъҳои марбут ба вазъияти ниҳоят мураккаби Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Соли 2022 раёсат дар Созмон ба ҷониби Арманистон мегузарад.
Зимни ҷаласа “Дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷумҳурии Арманистон дар давраи раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ” Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ва “Дар бораи ҳуҷҷатҳое, ки барои баррасии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ омода шудаанд” Котиби генералии СААД Станислав Зас сухан ронданд.
Баъди баррасии масъалаҳо аз рӯйи натиҷаи ҷаласа Эъломияи Шурои амнияти дастаҷамъии СААД ва дар маҷмуъ, 14 санад ба имзо расиданд.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо, Котиби генералии СААД Станислав Зас барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи мамлакат нишасти матбуотӣ орост.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2021    №: 186    Мутолиа карданд: 594
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед