logo

сиёсат

ИФТИХОРИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН. НОМАИ СИПОС БА ФАРЗОНАФАРЗАНДИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ишғол намудани ҳаракати радикалии «Толибон»  ва пайомадҳои ташвишбори он - аз кишвар фирор кардани   ҳазорҳо сокинони он, қатлу куштори одамони бегуноҳ, ҷабру зулм нисбат ба занону духтарон, маҳдуд намудани ҳуқуқҳои  онҳо, аз Кобул берун шудани намояндагони корпусҳои дипломатии як қатор кишварҳо, ҳодисаҳои хунин ва ташвишбор дар фурудгоҳи Кобул ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аммо дар ростои   мушкили сиёсиву амниятии Афғонистон сарварони бисёр кишварҳо  ҳанӯз мавқеи устувору қатъии ҳукуматҳояшонро эълон накардаанд. 
 
Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ бо қатъият изҳор намуданд, ки Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афғонистон, махсусан тоҷикон, ӯзбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳар чи тезтар як ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама, тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад. Ин дар ҳолест, ки ҳаракати «Толибон» шурои роҳбарӣ иборат аз дувоздаҳ нафарро таъсис дод, ки дар ҳайати он, асосан, паштузабононанд.
- Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он, таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард, - зикр намуданд Сарвари маҳбуби давлатамон. Таъкиди Пешвои муаззами миллат дар ин бора, ки тоҷикон дар ҳукумати ояндаи  Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд, далели олии пуштибонӣ аз  миллат, нангу номус ва ҳифзу ҳимояи тоҷикон ва баёнгари олии Пешвои тамоми тоҷикони ҷаҳон будани Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва озоду демократӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин  сазовори ҳама гуна таҳсин ва ифтихор аст. 
Сарвари давлат дар ин мулоқот азму иродаи миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро изҳор намуданд. Он ҷавобгӯйи орзуву армони ҳамаи мо, мақсади  ягона ва устувори тамоми тоҷикистониён аст. Мавқеи дуруст, оқилонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дар масъалаи ҳалли низоъ дар Афғонистон, тақдири миллати тоҷик ва ақаллиятҳои миллиро дар ин кишвар табрик мегӯем ва  аз дилу ҷон дастгирӣ мекунем.
 
Луқмон ҚУРБОН, 
сармуҳаррири рӯзномаи «Зарафшон»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2021    №: 186    Мутолиа карданд: 652
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед