logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ пас аз ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Хонумон ва ҷанобон!
Мо ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро, ки ба бистумин солгарди таъсиси Созмони мо бахшида шуда буд, ба анҷом расондем. Чорабинӣ дар фазои ошкоро ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки ба таври анъанавӣ хоси ҳамгироӣ дар доираи СҲШ аст, гузашт.
Мехоҳам ба ҳамтоёни худ – роҳбарон ва сарварони ҳукуматҳои кишварҳои узв, давлатҳои нозир ва меҳмони фахрии мо барои иштироки фаъолонаашон дар ҷаласаи имрӯза изҳори сипос намоям. Ҳамчунин, мехоҳам зикр намоям, ки дар кори ҳамоиши мо Котиби генералии СММ ва роҳбарони созмонҳои бузурги минтақавии Авруосиё иштирок доштанд.
Имрӯз мо натиҷаҳои фаъолияти СҲШ-ро дар тули бист сол муҳокима кардем ва ба вазифаҳое, ки дар дурнамои Созмони мо истодаанд, ишора намудем. Сарварони давлатҳо арзёбии арзишманд ва пешниҳодҳои ҷолибро бо ҳадафи боз ҳам ғанӣ гардондани рӯзномаи умумии СҲШ иброз доштанд.
Мо оид ба иқдомҳои муштарак дар доираи СҲШ ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемияи коронавирус мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор карда, масъалаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намудем.
Имрӯз мо Эъломияи Душанбе дар бораи бистсолагии СҲШ-ро қабул кардем. Ин ҳуҷҷати калидии ҳамоиш таҳлили корҳоеро дар бар мегирад, ки кишварҳои узв дар тули бист соли охир анҷом додаанд. Ҳамоиши кунунии Душанбе марҳилаи муҳим дар таърихи СҲШ гардида, қисмати мазмунии рӯзномаро хеле ғанӣ гардонд.
Ҳамин тавр, дар давраи раёсати Тоҷикистон таҳти шиори "20 соли фаъолияти СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ" тақрибан сад чорабинии муштарак баргузор шуд.
Сарфи назар аз пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон, мо тавонистем шумораи рекордии чорабиниҳоро дар сатҳи роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои узв гузаронем ва ҷараёни инкишофи фаъолияти умумиро дар ин давраи душвор таъмин намоем. Натиҷаи ин фаъолият бастаи устувори ҳуҷҷатҳое буд, ки дар доираи ҷаласаи мо қабул карда шуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ ва муқовимат ба чолишҳову таҳдидҳо дар фазои СҲШ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Мо Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизмро барои се соли оянда (2022 – 2024) тасдиқ кардем.
Масъалаи таҳдиди маводи мухаддир ҷойи муҳимро ишғол кард. Дар робита ба ин, имрӯз мо нақшаи кориро оид ба татбиқи Стратегияи зидди маводи мухаддири СҲШ қабул намудем. Бо дарназардошти ҷиддияти ин мушкил ман бори дигар таъхирнопазирии пешниҳоди таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ-ро дар Душанбе зикр кардам.
Мо ба мувофиқа расидем, ки амалҳоро оид ба таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ ва мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ҳамоҳанг созем.
Дар мубоҳисаи имрӯза масъалаи Афғонистон мавзуи калидӣ буд. Кишварҳои узв ҳавасмандии муштараки худро барои ба як кишвари босубот, озод аз террор, ҷанг,  маводи мухаддир ва фақр табдил ёфтани Афғонистон изҳор доштанд. Мо зикр кардем, ки шарти асосии табдил додани кишвари ҳамсоя ба давлати орому босубот - ин таъсиси ҳукумати фарогир аст, ки тамоми ҷанбаи этникӣ-сиёсии ҷомеаро инъикос намояд.
Дар вохӯрӣ мо ба масъалаҳои рушди минбаъда ва густариши ҳамкории иқтисодӣ аҳамияти муҳим додем. Зикр намудем, ки иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар пандемияи нави коронавирус бо чолишҳои зиёде рӯбарӯст. Ман пешниҳод кардам, ки Стратегияи рушди иқтисодии минтақа то соли ду ҳазору сӣ (2030) таҳия ва қабул карда шавад.
Мо дар он масъала ҳамфикр будем, ки дар шароити пандемия зарур аст заминаи ҳуқуқӣ таҳия карда шавад ва доир ба кори пайвастаи нақлиёт барои интиқоли молҳои муҳим мувофиқа ҳосил гардад. Имрӯз мо Изҳороти муштарак оид ба амнияти озуқаворӣ, ки нигаронии моро аз ин таҳдид нишон медод, қабул кардем.
Дар ҷараёни ҷаласа мо натиҷаҳои ҳамкориро дар тули ду даҳсола дар соҳаи фарҳанг ва гуманитарӣ мусбат арзёбӣ намудем. Бо қарори худ мо ба механизми эълони шаҳрҳои давлатҳоямон ҳамчун пойтахти фарҳангӣ ва сайёҳии СҲШ оғоз бахшидем.
Ба мувофиқа расидем, ки ҳамкориро дар соҳаҳои илм ва технология, инноватсия, маориф, тандурустӣ, ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш, инчунин, ҳифзи муҳити зист идома диҳем.
Дар доираи раёсати Тоҷикистон ба масъалаҳои баробарии гендерӣ аҳамияти калон дода шуд. Ин баҳои баландро соҳиб шуд.
Имрӯз дар поёни ҳамоиши душанбегӣ барои аввал дар таърих Суруди махсуси СҲШ садо дод. Мо аз ҳамаи давлатҳо сипосгузорем, ки ин ташаббуси Тоҷикистонро дастгирӣ намуданд.
Хонумон ва ҷанобон!
Яке аз натиҷаҳои муҳими иҷлосия қабули қарорҳо оид ба васеъ намудани ҳайати “оилаи СҲШ” буд. Мо тартиби қабули Эронро ба узвияти Созмон оғоз кардем ва ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ мақоми шарики муколама додем. Ҳамин тариқ, фазои СҲШ васеъ шуда, ҳоло шумораи он ба бисту як  (21) давлат расидааст.
Дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои байналмилалии СҲШ баррасӣ шуданд. Мо изҳор доштем, ки Созмони мо барои дигар иштирокчиён ҷолибтар шуда истодааст. Шумораи зиёди дархостҳои дигар давлатҳо барои шомил шудан ба фаъолияти СҲШ дар ин ё он мақом аз ин шаҳодат медиҳад. Кишварҳои узви СҲШ саъй хоҳанд кард, ки барои таҳкими ҳамкорӣ бо нозирон ва шарикони муколама шароити зарурӣ фароҳам оранд. Мо тасмим гирифтем, ки ҳамкории СҲШ бо СММ ва ниҳодҳои он тақвият ва густариш ёбад.
Имрӯз мо тасмим гирифтем, ки ба вазифаи Котиби генералии СҲШ намояндаи Чин ва ба мансаби директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ  намояндаи Ӯзбекистон таъин карда шаванд. Онҳо вазифаи худро аз 1 январи соли 2022 оғоз мекунанд.
Ҳамзамон, сарварони давлатҳо ба Котиби генералии феълии Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ Ҷумъахон Ғиёсов барои кори самаранокашон миннатдорӣ баён карданд.
Раёсат дар СҲШ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузашт. Мо дар амалисозии ҳама нақшаҳои дарпешистодаи раёсат ба дӯстони ӯзбекамон  кумак мекунем.
Дӯстони азиз!
Дар поёни муаррифии натиҷаҳои нишасти СҲШ мехоҳам як далели таърихии зеринро зикр кунам, ки шояд на ҳама медонанд. Дар пойтахти Тоҷикистон соли 2000, дар ҳамоиши охирини "Панҷгонаи Шанхай", ки дар он Президенти Ӯзбекистон ширкат дошт, идеяи табдил додани ин сиға ба сохтори минтақавии ҳамкории бисёрҷониба ба вуҷуд омад. Маҳз ҳамин ишораи сарварони давлатҳо асоси он гардид, ки як сол пас, 15 июни соли 2001, мо аз таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай хабар диҳем. Аз ин рӯ, мо ифтихор мекунем, ки ҳамоиш бахшида ба бистумин солгарди таъсиси СҲШ дар кишвари мо баргузор шуд.
 Имрӯз, пас аз ҳамоиши СҲШ, бори аввал мулоқоти сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД баргузор шуд, ки ба вазъи Афғонистон бахшида шудааст. Дар ҷараёни мулоқот ҳамаи раҳбарон иброз доштанд, ки вазъи кунунии Афғонистон ба мушкилии калидӣ барои амнияти минтақаҳои СҲШ ва СААД табдил меёбад. Мо бо изтироби зиёд изҳор кардем, ки ин кишвар дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад. Дар ин бора, пеш аз ҳама, маълумоти СММ шаҳодат медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот аксар ширкаткунандагон изҳор доштанд, ки сулҳ дар Афғонистон бидуни иқдомоти муассир барои ташкили ҳукумат бо барномаи васеи этникию сиёсӣ имконнопазир аст. Сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД зикр карданд, ки режими сиёсии Афғонистон бояд ба ифодаи озодонаи иродаи мардуми афғон такя кунад. Агар муколамаи васеи байни афғонҳо таъмин нашавад, мо метавонем шоҳиди идомаи ҷанги шаҳрвандӣ, нақзи ҳуқуқи башар дар ҳамаи самтҳо, таҳдиди ба таври оммавӣ рафтани гурезаҳо ба ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла СҲШ ва СААД, бошем.
Зарур аст, ки вазъияти кунунии Афғонистон сабаби табдил ёфтани кишвар ба макони терроризми байналмилалӣ нагардад. Дар ҷараёни мулоқот сарварони алоҳидаи давлатҳо ба зарурати расонидани кумаки техникӣ ба кишварҳои мустақиман бо Афғонистон ҳамсарҳад таъкид карданд. Мо ҳама розӣ шудем, ки саъю кӯшишҳо бояд ба он равона карда шаванд, ки барномаи манфии рушди ҳодисаҳо дар ин кишвар пешгирӣ карда шавад.
Дар хотима мехоҳам иброз намоям, ки мулоқоти таърихии имрӯза дар сиғаи СҲШ ва СААД ҳамбастагии моро бо мардуми ҷафодидаи  Афғонистон нишон дод.
Ташаккур барои таваҷҷуҳ.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2021    №: 187    Мутолиа карданд: 668
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед