logo

сиёсат

САФАРИ РАСМИИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ИМРОН ХОН БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

17 сентябр маросими истиқболи расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон оро ёфта буд, баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хонро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарварони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди роҳбарони ду давлат анҷом ёфт.
 
Мулоқоту музокироти сатҳи олии  Тоҷикистону Покистон
17 сентябр, пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ, баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон, мавзуъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Покистон муҳтарам Имрон Хонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз сатҳи муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла эътимоди сиёсии миёни ду давлат дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зимни мулоқот ба масъалаи рушду густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои ояндадори Тоҷикистону Покистон – робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, илму техника, фарҳанг, бахши гуманитарӣ ва фарматсевтӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Барои густариши бештари онҳо идомаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, баргузории ҷаласаҳои Шурои муштараки соҳибкорон ва ҷалби сармояи доираҳои соҳибкории Покистон ба иқтисоди Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Пешниҳод гашт, ки ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва нафту газ гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, масъалаҳои энергетика ва зерсохтор таъсис ёбанд.
Таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёт, бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард то бандарҳои баҳрии Покистон – Карочи ва Гвадар, ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго) байни ду кишвар, омили муҳим барои афзоиши гардиши мол байни ду кишвар маънидод гардид.
Ҷиҳати рушди бештари ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, пешниҳод гардид, ки дар Тоҷикистон корхонаҳои муштарак дар заминаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири покистонӣ оид ба коркарди нахи пахта, пашму пӯст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва коркарди сангҳои мармару хоро ва истеҳсоли шишаи сохтмонӣ таъсис дода шаванд.
Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ – терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ҳамкории шарикӣ доранд.
Дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳама гуна тарҳҳо, ки барои эҳёи субот, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини амният дар Афғонистон зарур аст, истиқбол мекунад.
Зимни мулоқот, ҳамчунин, ҷонибҳо вазъи ҳамкории ду кишварро дар чорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, мавриди муҳокима қарор доданд.
 
Маросими имзои санадҳои нави  ҳамкории Тоҷикистону Покистон
17 сентябр, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, аз рӯйи натиҷаҳои он дар ҳузур ва бо иштироки сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Ба Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон имзо гузоштанд.
Сипас, санадҳои зерин имзо шуданд:
Ёддошти тафоҳуми ҳамкории дуҷониба барои рушди бойгониҳо ва китобхонаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон;
Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супурдани андозҳо аз даромад аз 13 майи соли 2004;
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти саноатӣ;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии Покистон;
Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва  Воҳиди мониторинги молиявии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ) ва маблағгузории терроризм;
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ ва сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ;
Нақшаи амал барои соли 2022 оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" ва Агентии иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Покистон "Associated Press of Pakistan";
Созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Покистон;
Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Индаси Ҷумҳурии Исломии Покистон.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи мамлакат нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2021    №: 187    Мутолиа карданд: 695
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед