logo

сиёсат

СУЛҲОФАР. БОЗТОБИ ХИДМАТҲОИ МОНДАГОРИ ФАРЗОНАФАРЗАНДИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Чанде қабл, Фаҳим Фано, сарояндаи ҷавони афғон, меҳмони ифтихории маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кохи Борбад буду ба мардуми хушиқболи мо аз миллати ранҷдидаи афғон дуруд гуфт. Аз Ватан ҳарф зад, аз бахти баланди халқи мо, ки фарзанде дорад чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҳама нуру зиё ва файзу сафои Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ рабт доду аз  ҳоли зори сарзамини бесуруду бесадову дардманду бедавояш қисса кард. Ин нолаи пурсӯз гулоби ашк аз дидаи аҳли толор бадар оварду дар ғами бародарон, хоҳарон, модарону кӯдакони ҷабрдида ҳама гирист. Ин дард ба мардуми тоҷик ошност, зеро солҳои гарони 90-ум хеле азизони худро аз даст дод… 
 
БАШОРАТДЕҲИ ФАРДОИ НЕК
Вақте суруди «Сарзамини ман» фазои Кохи Борбадро пахш кард, Пешвои миллат ба мардуми афғон башорати фардои нек медоданду таъкид мекарданд, ки зиндагӣ саҳнаи мубориза асту ҳаргиз руҳафтода нашаванд. Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ мардуми Афғонистонро танҳо намегузорад ва доим кумак хоҳад кард. 
Дар рӯзҳои талхе, ки бар сари миллати тоҷик омада буданд, Ҷаноби Олӣ халқро бо чунин ҳарфҳо қуввати дил мебахшиданд, имрӯз бошад, мардуми афғонро. Дар рӯзи сури миллат аз сӯги ҳамсоякишвар ёд овардани Пешвои миллат маънии ин байти машҳури устод Мирзо Турсунзода буд: 
Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре…
 
НИДОЕ, КИ БА ГӮШИ ҶАҲОН РАСИД 
Аслан, афғонҳо барои мо бегона нестанд. Онҳо решапайванди моянд, ки мутаассифона, беш аз 40 сол аст, шоҳиди ҷабри саъбашон ҳастем. Дар ин солҳо басе синаҳо чок гардидаву басо тифлакон ба умеде, ки фонуси роҳи миллат гарданд, дар роҳи мактаб қурбон шуданд. «Фарҳанг низ пеши ҷаҳолат сипар нашуд»-у басе кохҳои муҳташам ба замин яксон гардиданд. Вале иродаи мардумро баҳри теша задан ба решаи ҷаҳолат чизе шикаста натавонист. Ҳанӯз ин мардум мубориза мебарад ва дар симои Пешвои миллати тоҷикон пуштибоне дорад, ки ба тақдири ин халқ ҳеҷ гоҳе бетафовут набуданду нестанд. Зеро ба таъкидашон: «Барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Афғонистон бо таъриху тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи худ  гуноҳ  надоранд».  Ҳамин  аст, ки 25 августи соли равон Пешвои миллат миёни сиёсатмадорон аз аввалинҳо шуда мавқеи хешро нисбат ба вазъи Афғонистон возеҳ намуданд ва хостори ташкили ҳукумат бо назардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, аз ҷумла тоҷикон, ки 46 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, шуданд. 
Тавре профессор Абдунабӣ Сатторзода иброз медорад: «Дар гармогарми изҳороти рӯзи 25 август Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи кунунии Афғонистон худи ҳамон рӯз бо ташаббусҳои Президенти Шурои Аврупо ҷаноби Шарл Мишел ва Президенти Фаронса ҷаноби Эммануел Макрон баргузор гардидани суҳбати телефонӣ бо Президенти Тоҷикистон ва даъвати ӯ барои сафар ба Брюссел ва Порис гувоҳи равшани ин аст, ки онҳо бо мавқеи ӯ мувофиқанд ва аз он дастгирӣ карданианд. Зимнан, Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш низ 31 август дар мулоқот бо намояндагони кишварҳои «панҷгонаи» узви Шурои амнияти СММ аз зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид дошт ва ин умеди моро ба он бештар мегардонад, ки мавқеи Роҳбари давлати Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ хоҳад ёфт». 
 
ҚОСИДИ СУЛҲ
Пешвои миллатро имрӯз ҷомеаи башарӣ ҳамчун шахсияти сулҳҷӯву сулҳпарвар эътироф менамояд. Чуноне Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш дар номаи табрикиаш ба ифтихори Ҷашни Истиқлоли давлатӣ иброз дошт: «Дар ин Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ман ба кумаки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими Созмони Милал ва бунёди олами беҳтару сулҳпарвар барои ҳамагон умед мебандам». 
Зимнан, мардуми Афғонистон дар симои Ҷаноби Олӣ қосиди сулҳи худро мебинанд. Чун Пешвои миллат нисбат ба тақдири ин кишвар ҳамеша аз рӯйи адл сухан мегӯянд ва минбари созмону ҳамоиши байналмилалие нест, ки масъалаи таъмини сулҳи Афғонистонро бо роҳи гуфтушунид ба миён нагузошта бошанд. Аз ин рӯ, халқи Афғонистон дар симои Ҷаноби Олӣ ба Тоҷикистон ба умед менигарад.  
Гулчеҳра Йифлӣ, ки рӯзҳои таҷлили Ҷашни Истиқлол дар Тоҷикистон буд, мегӯяд: “Имрӯз ҳам ашки хушӣ рехтам, ҳам ашки ҳасрат. Ҳасрат ба ин маъно, ки кош мо низ чунин роҳбаре ба монанди Ҷаноби Олӣ медоштем. Гарчи Ҷаноби Олӣ падари маънавии тамоми тоҷикони рӯйи дунёст. Имрӯз ман фахр мекунам ба чунин роҳбаре, ки тавониста шаҳрвандони худро дар амн нигоҳ дорад ва 30-солагии давлаташро бо ин шукӯҳу шавкат ҷашн бигирад. Мутаассифона, мо имрӯз ин сулҳу сафо, амнияту зебоиро надорем. Ҳама чизро аз даст додем, чун роҳбаре ба монанди Ҷаноби Олӣ надоштем». 
Аз ҷониби дигар, дар таъмини истиқрори сулҳи тоҷикон ва раванди оштии миллӣ, ки панҷ сол тул кашид, нақши шахсиятҳои фаромиллии Афғонистон – профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд барҷаста аст ва дар нуҳумин конфронси «Қалби Осиё – раванди Истанбул», ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид фармуданд: «Танҳо ҳаминро таъкид мекунам, ки дар он рӯзҳои сахт пешвоёни онвақтаи мардуми афғон, дар баробари дигар кишварҳои дӯст, раванди сулҳи тоҷиконро дастгирӣ карда, ба мо кумаки холисона ва бародарона расонданд. Мо инро ҳаргиз фаромӯш намекунем”. Воқеан, ин саҳифаи таърихи миллат доим варақгардон мешавад. Худ дар арафаи 30-солагии Ҷашни Истиқлоли давлатию ин шабу рӯзи барои Афғонистон сарнавиштсоз зимни ду фармон бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ордени “Исмоили Сомонӣ, дараҷаи I” қадр кардани ин шахсиятҳо далели гуфтаҳост.
Ба нигоштаи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Абдуллоҳи Роҳнамо, дар чунин лаҳзаи мураккабтарину ҳассостарини таърихиву сиёсии минтақаву ҷаҳон, ин иқдоми Пешвои муҳтарами миллат на танҳо як амали ёдбуду сипос, балки як паёми муҳим ва як ҷасорати бузурги миллӣ ва инсонӣ мебошад.  Ӯ аз сафараш ба Афғонистон моҳи марти соли 2011 ва дидорбинӣ бо Бурҳониддин Раббонӣ лаҳзаи муҳими суҳбаташро ёдовар мешавад, ки гуфта: “Ман мехостам бигӯям, ки бародари ман Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмарди баномуси тоҷик аст... Эмомалӣ Раҳмон як шонси тоҷикон ва Тоҷикистон аст”. Профессор Бурҳониддин Раббонӣ Президенти мамлакатро “фарди истиқлолталаб” хондааст, ки ин ҳақиқат имрӯз ба таври хос ҷилва мекунад ва Пешвои миллати тоҷикон бо тамоми талош барои ҳамсояи дӯсту бародар истиқлолу озодӣ металабад.
 
САНГАРДОРИ МАРЗИ НАНГУ НОМУС 
Воқеан, Пешвои миллат беш аз 20 сол аст, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба мадади Афғонистон мехонанду аз печидагии вазъи он мегӯянд. Сарвари раиятпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо инсонияти баланд баён медоранд, ки “...мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем. Ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, дар қалби мардуми мо низ садо медиҳад”. 
Имрӯзҳо гаштаву баргашта шоҳиди нигаронии Пешвои миллат дар ин робита мегардем, ки дар доираи чорабиниҳои ин шабу рӯз баргузоршаванда ҳарфи аввалашон таъмини сулҳи Афғонистон аст. Аз ҷумла, дар ҷаласаи  Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз он изтироб намуданд, ки Афғонистон дар остонаи фалокати башарӣ қарор гирифтааст. Аз вазъи Панҷшеру гуруснагии мардум дар Афғонистон изҳори ташвиш намуданд, чун аз таҷриба медонанд, ки гуруснагии халқ чист... 
Дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай низ таъсиси ҳукумати фарогирро дар Афғонистон талаб намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуданд, то ба аҳолии вилояти Панҷшер, ки давоми ду моҳ аст дар муҳосираанд, фавран кумак намоянд. 
Дар ин ду нишасти бонуфуз садоқати Президенти мамлакат ба халқи азизу азияткашидаи афғон бори дигар собит гашт. Сарвари давлат, ки дар хуну ҷони худ ҳолати мардумро ҳис мекунанд, боз ҳам ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли ин мушкили воқеан нигаронкунанда хонданд. Зеро бар онанд, ки бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунӣ метавонад ҳам ба ҷанги тулонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар ва ҳам ба “рӯйдодҳои фоҷиабори аз ҷиҳати миқёс баробар ба ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад”...
Такопӯйи абармарди арсаи сиёсат – Пешвои маҳбуби кишварро дар ҳалли низоъ дар Афғонистон мебинаму ин суханони адиби рус Евгений Евтушенко ёдам меояд: “Ягон давлати абарқудрат манзалати инсонро надорад. Нест кардани ҷанг аз дасти давлатҳои абарқудрат не, фақат аз дасти инсон меояд”. Хушоянд аст, ки ҳоло пешниҳодҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қитъаҳои гуногуни олам ҳамовозӣ пайдо кардаанду бобати ташкили ҳукумати фарогир бо назардошти манфиатҳои тамоми сокинони Афғонистон як – як садо мебарояд... 
Ин моро ба ояндаи неки Афғонистон умедвор мекунад.   
Пешвои миллат, ки ҳоло нангу номусу адолатро сангардорӣ мекунанд, ин ҳикматро хеле хуб медонанд: “Фарҷоми тамоми ҷангҳо оштист”. Аз ин рӯ, мехоҳанд роҳи расидан ба сулҳро барои мардуми дӯсту бародар ва ҷафокашидаи афғон кӯтоҳтару осонтар гардонанд. 
Зиҳӣ, Пешвои сулҳҷӯву сулҳхоҳу сулҳпарварам! Ин ном дар қалби мардум ва китоби сулҳи олам бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2021    №: 192    Мутолиа карданд: 749
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед