logo

Хабарҳо

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

 
Дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалиро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд.
Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, зимни баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарии ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Бо назардошти вазъияти мураккаби Афғонистон, таҳдиду хатарҳои нав дар минтақа ва зарурати таҳкими сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон, зикр гашт, ки ҳамкорӣ дар самти ҳарбию техникӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.
 
 
Гузоштани санги асоси бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев дар шаҳри Нур-Султон дар маросими гузоштани санги асоси маҷмааи биноҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Лоиҳаи иншооти бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистонро ҶСК «Шаҳрофар»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия кардааст. Он дар масоҳати 1,0 гектар аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Маҷмааи биноҳои сафоратхона аз бинои 5-ошёна бо масоҳати 3939,6 метри мураббаъ, бинои консулгарӣ бо масоҳати 446,4, қароргоҳи сафир 713,4, хонаи истиқоматии 6-ошёна барои кормандон 2517,2, толорҳои зиёфат ва маҷлис дар масоҳати 648 метри мураббаъ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ, майдончаи варзиш ва нуқтаҳои техникӣ иборат мебошанд.
 
 
Душанбе ва Нур-Султон бародаршаҳр шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов Ёддошти тафоҳумро дар хусуси барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Нур-Султон ба имзо расонданд.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои табодули таҷрибаи идораи хоҷагидории шаҳрӣ, инфрасохтори нақлиёт, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин, рушди ҳамкории иқтисодӣ дар самти тиҷорат, саноат, сайёҳӣ, фарҳангӣ, ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.
 
 
Нимпайкара ва кӯчаи ба номи устод Рӯдакӣ дар шаҳри Нур-Султон
Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов дар шаҳри Нур-Султон дар маросими ифтитоҳи нимпайкара ва кӯчаи ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ширкат намуданд.
Ба хотири гиромидошти номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик бо қарори маҷлиси шаҳри Нур-Султон ба яке аз кӯчаҳои васеъю зебоманзари пойтахти Қазоқистон номи поягузори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шуд.
Нимпайкараи устод Рӯдакӣ дар чорроҳа (буриши) кӯчаи ҳамном ва кӯчаи Бейимбет Майлин гузошта шуда, баландии он якҷо бо пояаш 3 метр мебошад. Майдончаи назди нимпайкара бо дарахтони сӯзанбарг ва гули садбарг оро ёфта, дар масоҳати 220 метри мураббаъ сангфарш ва дар он нишастгоҳҳо насб гардидаанд.
 
 
Муҳлати дипломатии сафири Чин дар Тоҷикистон ба анҷом расид
Вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо сафири фавқулода  ва  мухтори Ҷумҳурии Мардумии  Чин  Лю Бин оид ба итмом расидани муҳлати кори мавсуф ҳамчун роҳбари намояндагии ин кишвар дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.
Ҷонибҳо аз дастовардҳои ду  кишвари ҳамҷавору дӯст ва шарики стратегӣ дар ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, нақлиёт,  саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ дар ин давра, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1217
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед