logo

сиёсат

Иштироки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбии хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ иштирок ва суханронӣ карданд.
 
Нахуст, Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи афсарону сарбозонро ба ифтихори 30-солагии  Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021-умро барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ва бобарор номида, саҳми фарзандони далеру шуҷоъ, бонангу номус, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро дар  ваҳдати комил, сулҳу суботи пойдор, барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар роҳи ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, ба эътидол овардани вазъият ва безарар гардондани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ назаррас арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки тули сӣ сол тамоми халқи Тоҷикистон, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бо тамоми ҳастӣ дарк намуданд, ки истиқлолу озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва кафолати хонаи ободу сари баланди мо мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро ҷузъи муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани соҳибихтиёр номиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор ва итминон изҳор доштанд, ки хизматчиёни ҳарбӣ вазифаи муқаддаси базиммадоштаи худро бо эҳсоси масъулият дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон дар сатҳи баланд иҷро карда истодаанд.
Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба сохтори муназзам ва муташаккилу боэътимод табдил ёфта, имрӯз бо сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ, маҳорату малакаи касбӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ барои ҳимояи Ватан, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа тайёранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санҷиши омодабошии ҷангӣ бомуваффақият гузаштани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки дар он зиёда аз 100 ҳазор хизматчии ҳарбӣ ва 130 ҳазор афсару сарбози захираҳои сафарбарӣ иштирок карданд. Ин чорабинӣ сатҳи баланди омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбиро дар кишвар бори дигар собит сохт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шароити бисёр мураккабу печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза, авҷ гирифтани таҳдиду хатарҳои гуногун, дар наздикии сарҳадҳои мо фаъол гардидани ҳаракатҳои гуногуни экстремистиву террористӣ ва, дар маҷмуъ, ноором будани вазъият дар кишвари бо мо ҳамсоя андеша ронда, таъкид карданд, ки нақши Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ дар ҳимояи Истиқлоли давлатӣ ва дастоварди муҳимтарини он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ҳифзи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон дучанд мегардад.
Таъкид шуд,  ки дар ин раванд, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд бо ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ба ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоли худ, амнияти давлату ҷомеа, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.
Дар охир, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод изҳор доштанд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, яъне фарзандони содиқи мардуми Тоҷикистон, ба хотири таъмини амнияту субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар минбаъд низ омода хоҳанд буд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паради ҳарбии хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2021    №: 196    Мутолиа карданд: 655
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед