logo

сиёсат

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ

5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ намуданд.
Дар оғоз муҳтарам Владимир Путин Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати рӯзи таваллудашон табрик гуфта, ба Пешвои муаззам таманниёти беҳтарини худро орзу намуданд ва тағйироти бузургеро, ки таҳти роҳбарии оқилонаи Сарвари маҳбуб дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастанд, зикр карданд.
Сарварони ду давлат масъалаҳои мушаххаси муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатии шарикии стратегӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи амният, аз ҷумла тақвияти моддиву техникии ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо назардошти раванди рушди вазъият дар Афғонистон дар вақтҳои охир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳои доимии худро оид ба қазияи Афғонистон идома хоҳанд дод.
Ҳамчунин, атрофи дигар ҷанбаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳо ва масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
 
5 октябр  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ намуданд.
Шавкат Мирзиёев муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзашон самимона ва бародарвор муборакбод гуфта, ба Пешвои муаззам саломатии бардавом ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиашон муваффақиятҳо ба нафъи мардумони Тоҷикистон орзу карданд.
Зимни суҳбат доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон матраҳ шуданд.
Дар зимн, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистонро анъанаҳои деринаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва риштаҳои қавии дӯстӣ бо ҳам мепайванданд. Ҳамчунин зикр гашт, ки то ба имрӯз ҷонибҳо корҳои зиёди созандаро ҷиҳати рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар қолаби шарикии стратегӣ ба анҷом расонданд. Изҳори бовар шуд, ки ин раванд минбаъд ҳам таъмиқу тавсеа хоҳад ёфт.
Пешвои  миллат  ба  муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии дарпешистодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон комёбӣ хостанд.
Ҳангоми суҳбат сарварони ду давлат, ҳамчунин, масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд. 
 
5 октябр байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.
Президенти Қазоқистони дӯст муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар иртибот ба зодрӯзашон самимона табрик намуда, ба ӯ беҳтарин таманниёташонро иброз доштанд.
Зимни суҳбат сарварони ду давлат атрофи масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Пешвои миллат ба Президенти Қазоқистон барои табрикоташон ибрози сипос намуда, бо изҳори қаноатмандӣ ҷараёни рушди босуръати ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро дар чорчӯбаи муносиботи дӯстӣ ва шарикии стратегӣ таъкид карданд.
Дар зимн, ба татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои ҷиҳати пешбурди ҳамкории ҷонибҳо, ки дар рафти сафари расмии муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ҳосил гардида буданд, таваҷҷуҳи марбута зоҳир шуд.
 
5 октябр суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам  Илҳом Алиев доир шуд.
Дар оғоз Илҳом Алиев муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик карда, ба эшон  сиҳатмандии комил, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳо орзу намуданд. Дар зимн, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ки ба пешрафти босуботи кишвари мо дар роҳи рушди устувор ва шукуфоӣ нигаронда шудааст, аз ҷониби муҳтарам Илҳом Алиев ба таври хоса таъкид гардид. 
Президентҳо паҳлуҳои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷонро баррасӣ намуда, тавсеаи онҳоро ба нафъи мардумонамон арзёбӣ карданд.
 Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ сурат гирифт.
 
5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои федератсияи Маҷлиси Федералии Россия муҳтарам Валентина Матвиенко суҳбати телефонӣ оростанд.
Роҳбари палатаи болоии парламенти Россия, бо изҳори таманниёти самимии саломатии бардавом ва муваффақиятҳои минбаъда дар мансаби олии давлатӣ, Пешвои миллатро бо зодрӯзашон табрик намуд.
Ҳангоми суҳбат масъалаҳои пешбурди минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ,  ки дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии байни кишварҳоямон нақши муҳим мебозанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Валентина Матвиенко барои табрикот арзи сипос намуда, изҳори бовар карданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Россия пайваста ба нафъи мардумони ду кишвар рушд хоҳанд ёфт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2021    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 607
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед