logo

ҳуқуқ

СЕ СОЛИ ЗИНДОН БАРОИ ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ ТАРИҚИ ИНТЕРНЕТ

Таҳлили ҳолати имрӯзаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳз ҳамин зуҳурот яке аз омилҳои асосии таъсиррасон ба вазъияти ҷамъиятию сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи гузашта баёнгари он аст, ки ҳамаи ин равандҳо аз таълимоти ғайриқонунии динӣ сарчашма мегиранд. Натиҷаи тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ собит намуд, ки 90 – 95 дарсади аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хурдсолӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифтаанд.
Ин нуктаро Нусратулло Мирзоев, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон иброз дошт.
Ӯ афзуд, ки, сарфи назар аз татбиқи чорабиниҳои муштаракаи давлатӣ, вазъ дар ин самт нигаронкунанда боқӣ монда, тамоюли болоравӣ дорад. Нафароне, ки аз хурдсолӣ сабақи динӣ гирифтаанд, фарҳанги миллиро инкор намуда, идеяҳои хурофотию ифротгароиро болотар мегузоранд. Ин зуҳурот дар мамлакатҳои исломӣ аз асрҳои миёна арзи вуҷуд карда, дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон, баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ афзуд. 
Тибқи маълумотҳо, солҳои 2019 – 2020 ва нуҳ моҳи соли равон дар кишвар 1833 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ бо фарогирии 7414 нафар ошкор ва пешгирӣ гардид.  
-Таҳлилҳо муайян намуданд, ки гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сурат мегиранд, яъне дар онҳо  гурӯҳҳо ташкил гардида, афроди алоҳида ба омӯзондани адабиётҳои динӣ ва ҷалби ҷавонон машғуланд. Масалан, дар барномаи интернетии «Имо» шакли нави таълимоти ғайриқонунии динӣ ошкор шуд, ки дар он 20 гурӯҳ бо номҳои «Саволу ҷавоби исломӣ», «Аллоҳ бо мост», «Ислом дини ҳақ» ва монанди инҳо фаъол гардидаанд,- зикр кард муовини раиси Кумита.
Бояд гуфт, ки ташкилкунандагони сомонаҳои мазкур, умуман, маълумоту тасаввуроти динӣ надошта, ба хотири зиёд намудани шумораи аъзоёну тарафдорони худ ва бо мақсди ба даст овардани маблағҳои муфт ба чунин усул таълимоти ғайриқонунии динӣ медиҳанд. 
Бинобар берун аз назорат будани фазои таълимоти динӣ дар интернет, таълимоти мазҳабу равияҳои гуногун барои муҳити динии Тоҷикистон ғайрианъанавӣ таблиғ ва таълим дода мешавад. Дар ин самт, пас аз манъ шудани ҷараёни «Салафия» баъзе аз пайравони он аз Тоҷикистон берун рафта, таблиғи ақидаи равияи худро ба воситаи интернет аз хориҷа ба забони тоҷикӣ ба роҳ мондаанд. Таҳлили вазъият шаҳодат медиҳад, ки рӯз ба рӯз омилҳои хатарзо ва зуҳуроти идеологияи ифротӣ ба ҷомеа таъсири манфӣ  расонда, таассуби диниро миёни наврасону ҷавонон ва қишрҳои осебпазири ҷомеа боло мебаранд. Вақте ки ҷаҳонбиниҳо, идеяҳо, шуури ифротгароӣ оммаро фаро мегирад, он ба қувваи материалӣ мубаддал мегардад ва пеши роҳи онро бо ягон восита гирифта намешавад, ба монанди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.
«Толибон» баъд аз муваффақиятҳои охири худ фаъолияти идеологиро пурзӯр намуда, аз тактикаи мубаллиғони «Давлати исломӣ» ва ҷараёни «Салафия» истифода ва ҷалби аъзои навро аз ҳисоби ҷавонон тавассути сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ, махсусан аз кишварҳои Осиёи Миёна, минҷумла, Тоҷикистон шуруъ карданд. Эҳсос мегардад, ки ин марҳилаи аввали мустаҳкамсозии идеологияи «Толибон» берун аз ҳудуди Афғонистон ва интиқоли он ба Осиёи Марказӣ мебошад. 
Бо назардошти вазъияти баамаломада, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ тағйиру иловаҳо ворид гардаданд. Тибқи лоиҳа, ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи нав – 3341 (ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълимоти динӣ) ворид мешавад. 
Дар қонуни мазкур, моддаи нав ба чунин мазмун ифода меёбад: «Ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълимоти динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаҳои интернет, агар ин кирдор хусусияти динӣ-экстремистӣ надошта бошад ва дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, бо ҷарима аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад». 
Нусратулло Мирзоев иловаи моддаи навро ба Кодекси ҷиноятӣ барои ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиа, ахлоқи ҷомеа ва пешгирии зуҳуроти номатлуби терроризм муҳим арзёбӣ кард. 
 
М. МИРЗОЁН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2021    №: 202    Мутолиа карданд: 1133
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед