logo

иҷтимоиёт

САРМАНШАИ САМАРАҲОИ ИСТИҚЛОЛ

Истиқлол барои аксари кишварҳои пасошуравӣ бо пош хӯрдани империяи шуравӣ гӯё туҳфа гардид. Аммо ин туҳфаи таърихиро на ҳамаи кишварҳо ба хушнудӣ истиқбол карда тавонистанд. Аз ҷумла, мо – тоҷикон. Дар он замон бо таъсири авомили гуногун тоифае аз мардум ба гурӯҳҳо ҷудо шуда ба ҳам сангар гирифтанд, ки оқибат ба задухӯрдҳои мусаллаҳона оварда расонд. Ҳирси курсию мансаб барои «истиқлолиятхоҳон» боло шуд. Дастаҳои авбош аз ин вазъият истифода намуда, ба дуздиву ғорати моли давлату халқ гаравиданд. Аҳолии ғайритоҷик авмоли худро соҳибӣ карда, ба ватани бобоӣ кӯч бастанд. Дар кишвар нобасомониҳо ҳукмфармо гардид ва давлат бе сарвар монд…
 
Ба бахти мардуми тоҷик Эмомалӣ Раҳмон маснади сарвариро ба дӯш гирифт. Дар ин замони даҳшату хунрезӣ ва ҷудоихоҳиҳо, ки хавфи аз харитаи ҷаҳон нест шудани Тоҷикистонро ҳушдор медод, ба дӯш гирифтани ин вазифа худ мардонагӣ буд. Зеро ба эътидол овардани вазъият, сарҷамъ намудани мардум, коркарди аркони давлатдории навин ва амсоли ин на ҳама бовар доштанд. Бетарафии аксари намояндагони ҳукумат, намояндагони халқ, зиёиёну равшанфикрон ба ин далолат мекард. Аксари онҳо ҳамчун тамошогар интизори он буданд, ки кӣ ғалаба мекунад…. 
Бо ин ҳама, неруи ақлонӣ, хиради инсонӣ, таҷрибаи сиёсӣ, ҷасорати фавқулода ва иродаи қавии Сарвари давлат имкон дод, ки тадриҷан қазияҳои гуногун ҳалли худро пайдо кунанд. Аз ҷумла, гурезаҳои иҷборӣ ба ватан баргардонда шуданд, марҳала ба марҳала аҳдномаи сулҳи тоҷикон баста шуд, заминаҳои ҳуқуқӣ ва қонунии давлатсозӣ ба вуҷуд омад, зиндагӣ тадриҷан ба маҷрои худ ворид гардид ва боварии мардум ба фардои нек мутмаин шуд. Ин ҳама ба шарофати талошҳои Сарвари давлат, ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва руҳи созандагии ӯ сурат гирифт, ки воқеан тасаввурнашаванда аст.
Сарвари давлат ҳамчун донандаи хуби таърих ва фарҳангу адаби тоҷикон рисолати давлатдориро дар алоқамандӣ бо таҷрибаи таърихи гузашта ва асолати давлатдории муосир ба роҳ монданд. Ҷанбаҳои таърихӣ, иҷтимоӣ, инсонӣ ва равониро маҳаки фаъолияти худ қарор дода, на танҳо дар тарҳи лоиҳаҳои бузурги бунёдкориҳо ташаббус нишон доданд, балки аз ҷараёни корҳо ҳамеша воқиф шуда, бо коргарон, сохтмончиён, омӯзгорон мулоқотҳо баргузор менамоянд ва баҳри пешравии корҳо маслиҳатҳои судманд медиҳанд. Ин усул ба кам роҳбарон хос аст. Ба иборае Пешвои миллат раҳбари кабинетӣ нестанд, бо вуҷуди корҳои зиёди маъмуриву дипломатӣ аз вазъи кишвар хуб воқифанд, ҳамеша бо мардуманд, мардумро дӯст медоранд ва мардум низ он касро самимона дӯст медорад. Ана ҳамин муҳаббати дуҷониба ба корҳои созандагиву бунёдкориҳо илҳом бахшидаву мебахшад.
Ба ин маънӣ гуфтан мумкин аст, ки дар пешрафтҳои замони истиқлол омилҳои гуногун, аз ҷумла таърихиву иҷтимоӣ, фарҳангиву адабӣ таъсиргузор бошанд ҳам, омили шахсӣ таъсири бештар дорад. Зеро тамоми омилҳо ба инсон, хосса ба шахсияти барҷаста вобаста мешаванд. Ҳамин тавр, мо тавассути омилҳои таърихӣ, ки дар шакли баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи кишвариву ҷаҳонӣ амалӣ гардид, аз як тараф, мардумро ба асолати худ шиносонидем, дар онҳо руҳияи худшиносиву худогоҳии миллиро тарғиб намудем, аз ҷониби дигар, ҷаҳониёнро ба худу гузаштагони худ ошно сохтем ва болотар аз ин мардумро ба ҳам овардем, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва руҳияи созандагиро дар қалби онҳо ҷой додем. Ба шарофати ин афкори иҷтимоӣ шакли дигар гирифт, дастгирӣ ва иштироки мардум аз корҳои созандагӣ вусъати тоза пайдо кард. Бо ташкили чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ дар шакли таҷлили ҷашнҳои миллӣ, баргузории озмунҳои ҳунариву эҷодӣ таваҷҷуҳи мардумро ба фарҳанги миллӣ ва арзишҳои он ҷалб намуда, завқи мутолиаи ҷавонону наврасонро тақвият бахшидем.
Дар саргаҳи ҳамаи ин ташаббусҳо шахсияти таърихӣ қарор дорад. Ин шахсияти барҷаста Пешвои миллат аст, ки мардумро ба ҳаёти осоишта таъмин намуда, барои расидан ба сатҳи боз ҳам баландтари зиндагӣ тамоми имконият ва фурсатро самаранок истифода мекунад. 
Ба шарофати ин пас аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  кишвари мо хеле пеш рафт, ки танҳо номбар кардани самараҳои ин давра вақти тулонӣ ва авроқи зиёдро мегирад. Самараҳои замони истиқлолро дар маҷмӯъ ба чанд бахш метавон ҷудо намуд. 
Аввалан, пас аз истиқлол бо хомӯш гардондани оташи ҷанг ва расидан ба сулҳ, дар кишвари мо заминаҳои ҳуқуқиву иҷтимоии давлатсозӣ, ба роҳ мондани пояҳои нави фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла фарҳангу маориф ва рушди онҳо таъмин гардид.
Баъдан, ба ҷанбаи иқтисодӣ диққати махсус дода шуд, ки бо шарофати ин роҳҳои нақлиётгард таъмиру азнавсозӣ шуданд, нақбҳо канда ва мавриди истифода қарор гирифтанд, корхонаҳои нав таъсис ёфтанд, саноат ба кор даромад, неругоҳҳои барқи обӣ ба кор дароварда шуданд, ба мардум ҷойи кор пайдо шуд.
Сеюм, барои рушди фарҳангу маориф дар навоҳии кишвар қасрҳои фарҳанг қомат афрохтанд, боғҳои фарҳангӣ таъмиру азнавсозӣ шуданд, боғҳои нави истироҳатӣ ба хидмати мардум пардохтанд, биноҳои зиёди таълимӣ сохта мавриди истифода қарор гирифтанд…
Ниҳоятан, ҳамаи ин ба хидмати халқ қарор гирифт ва ба ин васила сатҳи зиндагии моддӣ ва маънавии мардум нисбатан беҳ гардид. Ин ҳама самараи истиқлол ва хидматҳои мондагори шахсияти барҷастаи таърихӣ – Пешвои миллат аст, ки ба қадри онҳо бояд расид, ҳифз кард ва рушд бахшид.
Сирри дигари муваффақиятҳо сиёсати хуби маорифпарварони Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат аст. Пешвои миллат дар паёмҳои солонаи худ ба масъалаи маориф таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Ҳар сол дар Рӯзи дониш дар назди аҳли маорифу илм сухан меронанд, балки вазъи таълиму тарбияро таҳлил ва арзёбӣ мекунанд. Дар ҳар сафари худ ба ин ё он гӯшаи кишвар ин ё он бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро ифтитоҳ мебахшанд ва бо омӯзгорону мактабиён мулоқотҳо барпо мекунанд. Ҳамаи ин гувоҳ бар он аст, ки Ҳукумати кишвар ва ба хусус Сарвари он маориф ва илмро аз соҳаҳои афзалиятнок меҳисобад. Дар тули солҳои истиқлолият садҳо муассисаҳои таълимӣ тармими замонавӣ ва аз нав сохта шуд. Даҳҳо мактабҳои олӣ таъсис ёфт. 
Вақте  мо дар хусуси маориф сухан меронем, илм дар канори он қарор мегирад, зеро маҳсули хуби илмӣ яке аз сарчашмаҳои ба роҳ мондани раванди хуби тадрис ва баланд бардоштани сифати таълим аст. Баланд шудани сифати таълим боиси тарбияи мутахассиси хуби замонавӣ мегардад. Мутахассиси хуб ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳм мегузорад.
Қатъи назар аз он ки баъзан таърих аз ҷониби муҳаққиқин таҳриф мешавад, аммо ҳақиқати таърихиро инкор карда намешавад. Истиқлол ба мо имкон дод, ки таъриху фарҳанг ва адаби худро аз нигоҳи имрӯз, албатта бо назардошти манфиатҳои миллӣ бозомӯзӣ кунем, паҳлуҳои камомӯхта ва ё наомӯхтаи онро ба риштаи пажӯҳиш гирем. Бе муҳобот дар ин бахш низ Пешвои миллат пешгоманд. Асарҳои доир ба таърих, забон ва чеҳраҳои мондагор таълиф намудаи Пешвои миллат на танҳо моро ба асолатҳои таърихӣ, забонӣ ва шахсӣ ошно мегардонанд, балки барои пажӯҳишҳои оянда ҳамчун сарчашмаи муътамад хидмат мекунанд.
Раванди ободкориву созандагиҳо дар кишвар бомаром ва босуръат идома дорад, ин раванд дар матбуоти даврӣ инъикос мешавад, дар адабиёти бадеӣ тасвир мегардад. Аммо агар таносубан ба ин масъала, яъне воқеиёти рӯз ва инъикосу тасвири он дар матбуоти даврӣ ва адабиёт назар афканем, ҳоло ҳам адабиёту публитсистикаи мо самараву дастовардҳои замони пас аз истиқлолияти давлатии кишварамонро инъикос нанамудаанд, баъзан асарҳои камарзиш, якранг, қолабӣ ба назар мерасад. Бо вуҷуди ин, гумон мекунам, ки матбуот ва адабиёт дар ҳар давру замон, ҳамчунин, дар замони имрӯз рисолати худро дар самти бозтоби комёбиҳои беназири замони истиқлол холисона ва ба манфиати ҷомеа иҷро мекунад. 
Ба комёбиҳои тули 30 - соли истиқлолияти кишвар омилҳои гуногун таъсиргузор бошанд ҳам, омили инсонӣ ва неруи тавонои шахсияти таърихӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Ин неру ва шахсияти таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Комёбии асосии мо – тоҷикон дар он аст, ки чунин шахсият тақдири давлатдории моро ба дӯш гирифт, мардумро ба ҳам муттаҳид сохт, роҳи зиндагии иҷтимоиамонро мунаввар кард, моро ба корҳои созандагӣ ҳидоят намуд, дар кишвар руҳияи бунёдкориро тақвият бахшид.
 
Мурод МУРОДӢ,
профессори ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2021    №: 203    Мутолиа карданд: 923
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед