logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН КУНИО МИКУРИЯРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТАНД

12 октябр дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия вохӯрданд.
 
Дар суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистону Созмони ҷаҳонии гумрук матраҳ шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид сохтанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ислоҳотро дар ҳамаи бахшҳои тиҷорату иқтисод амалӣ гардонда истодааст ва, дар ин раванд, ба такмили бомароми фаъолияти гумрукӣ низ, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.
Изҳори итминон шуд, ки натиҷаи ин вохӯрӣ қадами наве дар роҳи таҳкиму тавсеаи робитаҳои самарабахши дуҷониба хоҳад буд.
Мусоҳибон масъалаҳои мукаммалгардонии маъмурияти гумрук, низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи он бо технологияҳои муосир, таҷдиди зерсохтори гумрук ва рушди иқтидори захираҳои инсониро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ муҳокима карданд. Дар зимн, фаъол намудани ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук барои баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони ниҳоди гумрукии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот амалисозии санадҳои қабулшуда дар доираи Созмон, аз ҷумла Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукии Киото (соли 1973), Созишнома оид ба содагардонии расмиёти савдо (соли 2013) ва мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Конвенсия ва Созишномаи зикршуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки Тоҷикистон соли 2018 меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотӣ мутобиқ ба стандартҳои Созмони ҷаҳонии савдоро қабул намуд.
Имтиёзҳои гумрукию андозӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони молҳои ватанӣ ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамоянд. Онҳо, инчунин, ба афзун гардидани ҳаҷми истеҳсоли молҳои ватанӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ замина гузоштанд.
Дар вохӯрӣ масъалаи такмили қонунгузорӣ дар арсаи тиҷорату иқтисод ва амалисозии сиёсати давлатии дастгирии содирот низ муҳокима гардид.
Изҳори итминон шуд, ки гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии гумрук таҳия ва пешниҳод мешаванд, ба афзоиши гардиши тиҷорат ва қисми воридотии Буҷети давлатӣ, инчунин, рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамҷавор ва минтақа мусоидат менамоянд. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 491
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед