logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН – ТАШАББУСКОРИ ҒОЯҲОИ ҶАҲОНИИ ОБУ ИҚЛИМ

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудан ва тавъам ба хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор кардани соҳаҳои дар рафти ҷанг харобгардида, эҳёи дигарбораи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани эътибори миллату Меҳан дар арсаи ҷаҳонӣ ба масоили обу иқлим ва муҳити зист аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, бо иқдомоти дурбинонаю пешниҳодҳои илман собитгардидаи аҳамияти ҷаҳонидоштаашон Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун кишвари ташаббускори масоили байналмилалӣ ва мардуми шарифи онро халқи фарҳангию бунёдкор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. 
 
Боиси тазаккур аст, ки ҳанӯз 1 октябри соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид иброз доштанд, бояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили оби тоза ҷиддӣ гардад. Бар ин асос, бо тасмими Сарвари давлати Тоҷикистон дар оғози асри нав барои аҳли башар ҳадафҳои стратегии ниҳоят муҳим ва комилан ҷадид пешниҳод гардиданд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро ҷонибдорӣ намуд, зеро Ҳукумати Тоҷикистон диққати ҷаҳониёнро ба масъалае ҷалб карда тавонист, ки ба ҳаёту зиндагии ҳаррӯзаи инсон рабт дорад. 
Чунончи, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Соли оби тоза эълон шуд. Дар асоси ин ташаббус дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. Сипас, бо ташаббуси дигари Пешвои муаззам СММ солҳои 2005 – 2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълом дошт. Азбаски дар рӯи Замин беш аз 240 дарёи сарҳадгузар мавҷуд аст ва ҳудуди 145 давлат дар чунин ҳавза воқеанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала низ диққати махсус зоҳир карда, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об пешниҳод намуданд. 21 декабри соли 2016 бошад, дар ҷаласаи пленарии Ассамблеяи генералии СММ бо ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои он ташаббуси чоруми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» қабул гардид, ки далели равшани гуфтаҳои болост.
Боиси зикр аст, ки дар ҷаҳони муосир таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ рӯз ба рӯз афзун гардида, хатарҳоеро ба монанди тағйирёбии иқлим, мушкилоти демографӣ, амнияти озуқаворӣ, вазъи экологии ҷаҳон ва ғайра ба миён овардааст ва бо афзоиш ёфтани ин хатарҳо, ҳеҷ кишваре дар танҳоӣ ба муқобили онҳо истодагарӣ карда наметавонад ва, аз ин рӯ, пешгирӣ аз ин хатарҳо бидуни талоши якҷояи кишварҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ имконнопазир аст. Тоҷикистон низ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири чунин хатарҳои глобалӣ дар канор монда наметавонад ва дар ин росто бо ташаббусу ибтикороти худ ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ баромад намуда, пешниҳодҳои худро ироа менамояд. 
Дар робита ба омилҳое, аз ҷумла кам гардидани захираҳои оби тозаи ошомиданӣ, айни замон дар ҷаҳон беш аз 2 миллиард нафар камбуди шадиди онро эҳсос мекунанд. Бо назардошти афзоиши тадриҷии аҳолӣ то соли 2030 қариб 40%-и сокинони ҷаҳон ба мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дучор мегарданд. Маҳз бо ин мақсад, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли саривақтии ин масъала ҷалб намуда, аз минбарҳои баланди байналмилалӣ иброз доштанд: «Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад». Зимнан, Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои захираи фаровони об, ҳамеша ҷонибдори истифодаи оқилонаву самараноки сарвату захираҳои он тавассути ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт дониста, бо роҳандозии густурдаи дипломатияи бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи об ҳадафи бозидани нақши фаъол дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайваста пайгирӣ мекунад. 
Ҳадаф аз ин ташаббусҳо таъкиди зарурати ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҳамчун манбаи ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Вобаста ба ин, яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъмини нақши созандаи кишвар дар масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор аст. Дар идомаи ин ташаббускорӣ дар ҳалли масоили мубрами байналмилалии вобаста ба об, моҳи августи соли 2016 бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи Рушди Устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» ва июни соли 2018 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» баргузор гардиданд.  
Ҳамзамон, инъикоси ҳадафҳои рушди устувор дар ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо ташаббусҳои байналмилалии меҳанамон дар соҳаи об алоқаманд мебошад. Таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои арзон, боваринок, устувор ва муосири неру барои ҳамагон, дарбаргирандаи ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Яъне, мақсад аз ироаи ташаббусҳо ва қабули ҳадафҳои рушди устувор низ ба таври назаррас баланд бардоштани самаранокии истифодабарии об дар тамоми бахшҳо ва таъмин намудани иҳотаи устувор ва додани оби ширин барои ҳалли проблемаи норасоии об ва бештар кам намудани шумораи одамони аз норасоии об танқисӣ кашанда, вусъат бахшидан ба ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирӣ дар кори пурзӯр намудани иқтидори кишварҳои дар ҳоли рушд дар амалисозии фаъолият ва барномаҳо дар соҳаи таъмини об ва беҳдошт, аз ҷумла ҷамъоварии обҳои ҷории сатҳӣ, ширинсозии об, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, тозакунии гандобҳо ва истифодаи технологияи гардиши дубора ва истифодабарии такрорӣ ва дигар фаъолияти ба самти рушд равонашударо дар бар мегиранд.
 Тавре маълум аст, Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ният дорад, ки бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъолро ба роҳ монад. Таҳлили воқеияти табиӣ ва захираҳои энергетикии Тоҷикистон бармало нишон медиҳанд, ки рушди босуботу муназзам ва ояндадори Меҳанамон, асосан, тавассути истифодаи васеи иқтидори гидроэнергетикӣ, пеш аз ҳама, бунёди неругоҳҳои барқи обии миёна ва бузург имконпазир мебошад. Маҳз ин иқтидори бузурги энергетикиро ба назар гирифта, созмонҳои байналмилалии соҳавӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон аз рӯйи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил мебошад. Зеро дар кишвари мо истеҳсоли неруи барқ танҳо аз ҳисоби энергияи обӣ 98%-ро ташкил медиҳад ва мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои 2011 – 2015 ба ҳисоби миёна 99,56% неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол шудааст.
Бо назардошти ин далелҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ (22. 12. 2016 ва 26. 12. 2019) ва суханрониҳояшон дар Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (1. 03. 2017, Исломобод) ва дар Ҷаласаи 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим (12. 11. 2019, Париж) ёдовар шуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсол ва истеъмоли неруи барқ барои таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, сохтмони иқтидорҳои нави тавлиди барқи обӣ, истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи истеҳсоли неруи барқ, инчунин, ҷорӣ намудани усулҳои муосири истифодаи сарфакоронаи он пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ва ин тадбирҳои Тоҷикистон баробари таъмини амнияти энергетикӣ дар сатҳи миллӣ аҳамияти минтақавӣ низ доранд, зеро онҳо ба қонеъ гардондани эҳтиёҷоти рӯзафзуни ҳамсояҳои дуру наздики мо ба неруи барқ нигаронда шудаанд. 
Қобили зикр аст, ки дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистон тавонист бо ташаббусҳои башардӯстонаи худ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Имрӯз Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешсафу ташаббускор оид ба масъалаҳои об пазируфта шудааст. Ба ҳамин хотир, рисолати ҳар як фарди миллатдӯсту меҳанпараст ин тарғиби нақш ва дастовардҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ҷодаҳои фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳо мебошад. Зеро кулли ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат дорои ҳадафҳои мақсаднок барои ҳалли мушкилоти дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарордошта буда, тамоми башариятро барои мубориза бар муқобили тағйирёбии иқлим ва таъсири ногувори он ба захираҳои обӣ даъват менамоянд.
 
Ориф АМИРЗОДА,
директори Институти масъалаҳои об,
гидроэнергетика ва экологияи АМИТ,
Номвар ҚУРБОН,
муовини директори Институти масъалаҳои об,
гидроэнергетика ва экологияи АМИТ оид ба илм


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 515
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед