logo

сиёсат

САРВАР

 
Бахту саодат ва хушнудию  сарфарозии ҳар миллат ба иттиҳоду озодӣ ва соҳибихтиёрии он вобаста аст. Миллати фарҳангсолори тоҷик садсолаҳо аз ин  бахту саодат ва хуррамӣ маҳрум буд. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳанӯз  дар асрҳои IX - VII то милод давлатҳои  Суғду Бохтар, Порт ва Хоразми бузургро созмон дода, дар рушди тамаддуни башарият ҳиссагузорӣ намудаанд. Дар масири таърих борҳо бо сабаби ҳамлаҳои давлатҳои абарқудрат истиқлолу озодии худро аз даст додаанд. Ҳамеша ҳисси истиқлолиятхоҳӣ ниёгони  шарафманди моро ба корнамоиву шуҷоатмандӣ даъват мекард. Мисоли онро дар муборизаву ҷонбозиҳои Темурмалик, Абумуслими Хуросонӣ, Спитамен, Шерак, Восеъ ва садҳо ҷоннисорони Ватан метавон дид. 
Миллати куҳанбунёди тоҷикро лозим омад, ки алорағми ҳамаи  маҳрумиятҳои қисмат сабр намояд, вале оташи озодихоҳӣ ҳеҷ гоҳ дар дили ӯ хомӯш нагашт. Пас аз чанде офтоби бахту саодати ваҳдату истиқлолият бар сари халқи мо нурпошӣ кард. Боз бар ҷӯйи иззату икроми миллат оби мусаффои шуҳрату сарбаландӣ ҷорӣ гашт. Бо вуҷуди вазъияти мураккаби сиёсии  Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 аввалин маротиба тоҷикон рӯзи озодиву сарбаландӣ, яъне рӯзи Истиқлоли давлатии худро ҷашн гирифтанд. Орзуву ормони ҳазорсолаи тоҷикон ҷомаи амал пӯшид. Давлати навини тоҷик чун гузаштаи тамаддунофараш  соҳиби парчам, нишон, суруду артиши миллӣ ва Конститутсия гардид.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистони азизу ҳамешабаҳори мо бо дасисаву таҳрики душманону  хоинони миллату давлати тоҷик дар хун оғушта гардид. Аз замини зархезаш ба ҷойи бӯйи гулу мушк бӯйи хуну ашк ба машом мерасид. Аз сабаби манфиатхоҳиву маҳалбозӣ, кинаварзиву беэътиноиҳо миллат дар вартаи нестӣ қарор гирифт. Абри яъсу номуродӣ дар осмони Меҳани  аҷдодӣ доман густурда, фазои онро сарду ғуборолуд мекард. Оташи ормонҳои  миллат хомӯш мегардид, вале охирин шуълаҳои умеду орзу дар қалби сокинони ин кишвари офтобӣ ҳанӯз ҳам фурӯзон буд.
Бо фарҳангу идроки азалӣ ва талошу заҳмати  бесобиқаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон халқи азияткашидаву парешонгаштаи тоҷик боз сарҷамъу муттаҳид гардида, зери ливои якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ дар бунёди ҷомеаи мутамаддин камари ҳиммат бастанд. 
Таҳти роҳбарии Сарвари оқилу фозил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи мо гулгулшукуфон гашта, миллати созандаи тоҷик ба дастоварду комёбиҳои беназире ноил гардид. 
Боиси хушнудӣ аст, ки солҳои охир Тоҷикистон бо давлатҳои дигар робитаи мустаҳками  иқтисодию фарҳангӣ  барқарор намуда, мақоми баландеро дар сатҳи байналмилалӣ касб намуда истодааст.  Дастовардҳои бузурги миллатро дар  самти  сиёсат, иқтисодиёт, илму фарҳанг, варзиш ва саноат бе ҷаҳду талош, кӯшишу сарсупурдагии фарзанди бонанги миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур намудан номумкин аст. Бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, ташкилоту идораҳо, биноҳои истиқоматию маишӣ, муассисаҳои таълимӣ, иншооти бузурги истеҳсолӣ, неругоҳҳо, сохтмони роҳҳо ва садҳо бунёдкории дигар бозгӯйи онанд, ки халқи тоҷик зери сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат якдилона чун ангуштони як даст ҷамъ омада, қувваю неруи давлатдориро бо ҳам пурзӯртар мекунанд. Оморҳои расмии байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар қатори давлатҳои рӯ ба тараққӣ қарор дорад. 
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 11- уми октябри соли 2020 доир гардид, бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён ба Сарвари хеш, ба Пешвои миллати азизи худ дар сидқу вафо устуворанд ва меҳру муҳаббати ӯро дар дилу дидаҳо ҷо намудаанд. Ҳамагон шоҳиди он гардидем, ки бо ба даст овардани 98 фоизи раъйи мардуми кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Мардуми ҳушманди кишвар мутмаин буданд, ки дар интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат аз ибтидои давлатдорӣ то имрӯз хато накардаанд.
Чун анъанаи нек ва рамзи давлатдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назди мардуми сарбаланди кишвар савганд ёд намуда, назди эҳтирому эътиқод ва интихоби мардуми Тоҷикистон сари таъзим фуруд оварданд. Пешвои раиятпарвару миллатдӯсти мо дар суханрониҳои онрӯзаашон нону намаки миллати азиз, сарсупурдагиву ҷонфидоии занону мардони диловари кишвар, самимияту садоқати хурду бузурги ин сарзамин ва ободкориро қадршиносӣ намуда, қавл доданд, ки то ҷон дар рамақ доранд, то даме, ки як зарра неру дар бадан ҳаст, то охирин нафас барои миллати азизашон хизмат хоҳанд кард. 
Пешвои миллат қайд намуданд, ки тули 7 соли охир Тоҷикистон ва мардуми шарифи он дар тамоми самтҳо ба пешравиҳои бузургу бесобиқае ноил гардиданд. Комёбиҳои давлату миллат дар бахши сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ, сиёсати хориҷӣ, энергетика, бунёдкорӣ, варзиш ва ғайра хеле назаррас аст. Сарвари давлат ба таври мухтасар дастовардҳои кишварро дар 7 соли сипаригашта  зикр намуда, нияту нақшаҳои созандаву бунёдкоронаи ояндаашонро бобати беҳтар намудани вазъи зиндагии мардуми кишвар, баланд бардоштани мақому мартабаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, амалӣ намудани барномаҳои нави давлатӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, аз кишвари воридотӣ ба давлати содиротӣ табдил додани Тоҷикистон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат, беҳтар намудани соҳаи тандурустӣ ва илму маориф, шароити хубу созанда муҳайё намудан барои соҳибкорон ва дигар бахшҳо иброз намуданд.
Метавон гуфт, ки ин суханронии Сарвари давлат як ҷаҳон маънии ватандӯстонаро дар бар гирифта буд. Дар фарҷоми нутқи онрӯзаашон Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардӣ медиҳам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи ҳифзи Истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдории сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам”. Метавон гуфт, ки ин савганди Пешвои миллат савганди ҳар як фарди баору поквиҷдон ва ватандӯсту бомаърифати кишвар аст. 
Имрӯз ҳар фарди соҳибхирад аз зебоиву шукуфоии Ватан хушҳол аст. Хандаи беғаши кӯдакон, нигоҳи меҳрбори модарон, азму иродаи қавии ҷавонон,  дасти дуои неки пирон ва рафтуои пайвастаи меҳмонон шаҳодат аз он медиҳанд, ки Тоҷикистони мо роҳи дурусти рӯ ба сӯйи фардои дурахшонро  интихоб намудааст. 
Сулҳу ваҳдат, якдилию иттиҳод, бунёдкорию созандагӣ шиори халқи сарбаланди тоҷик аст. Месазад, ки имрӯз ин истиқлолияти комил, ин сарфарозию озодӣ ва ин ободию саодатмандиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Таманнои онро намоем, ки Пешвои миллати мо, Сарвари оқилу фарзонаи мо, рамзи хушбахтиву саодати мо, обрӯю шаъну шарафи мо то  абад бар сари миллати бофарҳанги тоҷик раҳбар бимонанд. 
 
Сиротулло ЗОИРОВ, омӯзгори литсейи № 3 - и шаҳри Душанбе
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 515
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед