logo

иқтисод

Ар-ар ба ҷои санавбар. Ё шарт аст, ки ҳар сол бо сарфи маблағи ҳангуфт аз Русия симчӯб оварем?

Шабакаҳои барқ дар сар то сари ҷумҳурӣ ба навсозии ҷиддӣ ниёз доранд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ симчӯбҳои хати интиқоли барқ тӯли истифодабарии 50-сола корношоям гардидаанд.  Бо як миқдор симчӯбҳои санавбар (сосна)-ие, ки аз Федератсияи Русия тавассути роҳи оҳан бо нархи гарон ба ҷумҳурии мо ворид мекунанд, эҳтиёҷотро пурра қонеъ гардондан мумкин нест. Пас, чӣ бояд кард?
Пирумшо Шаидов, як тан аз ашхоси пуртаҷрибаи соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, муовини сармуҳандиси Шабакаҳои барқи ноҳияи Рашт, роҳи раҳоӣ аз ин мушкилотро шарҳ медиҳад.
-Шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот дар пуштазаминҳо, камари кӯҳҳо ва заминҳои селоварди соҳили дарёҳо воқеъ гардидаанд. Таъмини онҳо бо қувваи барқ тавассути хатҳои интиқол, зеристгоҳҳо ва истгоҳҳои трансформаторӣ ба амал бароварда мешавад, -мегӯяд мутахассиси соҳа Пирумшо Шаидов ва меафзояд: - Дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ шабакаҳои барқ солҳои 60-70-уми асри гузашта сохта шуда, қариб 70 фоизи пояҳои хати интиқол аз симчӯбҳо иборат аст ва 25-30 фоизи боқимондаро пояҳои оҳану бетонӣ ё оҳанин ташкил медиҳанд. Насби пояҳои оҳану бетонӣ ё оҳанин дар маҳалҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо душвор аст. Аз ин сабаб дар ин ҷойҳо барқчиён симчӯбҳои хатҳои барқро бо нерӯи даст устувор мекунанд. Мӯҳлати истифодаи симчӯбҳои бо маводи зиддипӯсиш (антисептик) коркардшуда 25 сол буда, баъди гузаштани ин мӯҳлат онҳо аз таъсири омилҳои табиӣ (барфу борон, намнокӣ) оҳиста-оҳиста ба пӯсиш сар карда, корношоям мегарданд.
Симчӯбҳои мавҷуда аз солҳои 60-70-уми асри гузашта то имрӯз ду мӯҳлати истифодабарӣ – 50 солро аз сар гузаронида, айни замон қисман дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ва иҷрои корҳои таъмирии хатҳои барқ (иваз намудани изоляторҳо, ноқилҳо ва ғайра) дар онҳо аз имкон берун аст.
Махсусан дар мавсими тирамоҳу зимистон аз таъсири барфу борон ва яхчабандии ноқилҳо ҳолатҳои гурӯҳ-гурӯҳ афтидани симчӯбҳо рух дода, таъмини муштариёнро бо барқ мушкил мегардонад.
Барқчиён дар бисёр маврид аз набудани симчӯби нав қисми пӯсидаи симчӯби кӯҳнаро бурида, онро барқарор мекунанд, ки дар натиҷа фосилаи  зарурӣ миёни замин ва ноқили барқ риоя намегардад ва ба қоидаҳои сохтори дастгоҳҳои барқию истифодаи техникии иншоотҳои барқӣ мухолиф буда, эҳтимоли сар задани ҳодисаҳои нохуш пеш меояд.
Симчӯбҳо ба ҷумҳурии мо бо қимати 800-1200 сомонӣ  аз Федератсияи Русия ба воситаи қатора оварда мешаванд ва бо вуҷуди  сарфи калони маблағ ҳамасола талаботи ҷумҳурӣ ҳамагӣ ба қадри 10-15 фоиз таъмин мегардаду халос.
 Бино бар ин кайҳо вақти он расидааст, ки ба ин мақсад ба дарахтони чӯбашон сахту устувори боғу ҷангалзорони ватанӣ  рӯ оварем.
 Дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Файзобод, Роғун, водии Рашт ва ВМКБ дарахти ар-ар ( тирак) мерӯяд, ки аз ҷиҳати мустаҳкамии таркиби сохт қариб, ки ба дарахти санавбари Русия баробар аст. Баландии ар-ар то  15-20 метр ва ғафсиаш то 40-60 сантиметр мерасад. Ин дарахт садсолаҳо масолеҳи асосии сохтмонӣ буда, аҳолӣ онро барои бунёди  ҳама намуди бино ва иншоот васеъ истифода мебарад. Ҳамасола дар баҳорон ниҳоли ин дарахт аз тарафи аҳолӣ ба таври оммавӣ дар ҳамаи заминҳои ғайрикишоварзӣ (лаби ҷӯю заҳбурҳо, шибирзаминҳо ва ғайра) шинонида мешавад.
Дар бисёр ҷойҳо, махсусан дар ноҳияҳои водии Рашт ар-ар дар майдонҳои васеъ парвариш меёбад ва аҳолӣ бо истифода аз он хонаву дигар иншооти зарурӣ месозад. 
 Солҳои охир дар деҳот, аз сабаби набудани симчӯбҳои стандартии хатҳои барқ,  ин дарахтро мардум бе коркарди махсус дар гузаронидани хатҳои барқ истифода мебаранд. Дар сурати хушконидан ва бо маводи зиддипӯсиш коркард намудан метавон аз он ба сифати симчӯб истифода бурд.
Барои исботи коршоямиаш ба сифати симчӯбҳои хати барқ намунаи ар-ар дар озмоишгоҳи ҶСК «Хуҷандсоз» санҷида шуд ва он нишон дод, ки хусусиятҳои мустаҳкамии дарахти ар-ар ба дарахти санавбари Русия қариб ки  баробаранд.
Энергетикони тоҷик ба натиҷаи ин санҷиш қаноат накарда, охирҳои соли 2005 чӯби ар-арро барои омӯзиши иловагӣ ба ҶСК «Институти лоиҳакашии иншоотҳои энергетикӣ ва шабакаҳои барқ», ОАО «РОСЭП»,  РАО «ЕЭС Россия» -и  Федератсияи Русия фиристоданд. Баъди санҷиш бо пешниҳодҳои иловагӣ истифодаи ар-ар бо коркарди иловагӣ дар хатҳои барқ аз тарафи Институти лоиҳакашии шаҳри Маскав тавсия дода шуд.
Истифодаи ар-ар дар хатҳои барқ ба таври таҷрибавӣ аз тарафи ташкилотҳои мутасаддии соҳаи барқи ҷумҳурӣ низ мусбат арзёбӣ гардида буд, вале ҳалли он дастгирӣ наёфт.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони иншоотҳои хурду бузурги энергетикӣ босуръат идома дорад, ки истиқлолияти энергетикии кишварро дар солҳои наздик таъмин намуда, Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои содиркунандаи энергияи барқ табдил медиҳад. Бо ба кор даромадани ин нерӯгоҳҳо барқ ба воситаи шабакаҳо ба истифодабарандагон расонида мешавад, ки дар ин сурат нигоҳдории ҳолати хуби ин шабакаҳо ва кафолати таъмини мӯътадили муштариён бо барқ пеш меояд. Дар ин ҳолат яке аз қисмҳои асосии шабакаҳои барқ – симчӯбро мо бояд дар ҳудуди ҷумҳурии худамон аз дарахти ар-ар истеҳсол намуда, дастнигари дигарон набошем.
Роҳҳои парвариши сифатнок ва ба меъёрҳои техникӣ мувофиқ, инчунин зиёд намудани майдонҳои парвариши ар-арро бояд кормандони соҳаи хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ якҷоя бо олимони соҳа дида баромада, истеҳсоли саноатии симчӯбро  масъулони соҳаи энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ҳаллу фасл намоянд.
 Ҳалли ин масъала якчанд паҳлӯи мусбат дорад:
Якум, дар ҷумҳурӣ ҷойҳои нави корӣ пайдо ва соҳаи энергетика бо ашёи хоми ватанӣ барои истеҳсоли симчӯб таъмин мешавад, инчунин масолеҳи иловагӣ барои соҳаи сохтмон пайдо мегардад.
Дуюм, шароити экологии ҷумҳурӣ беҳтар шуда, заминҳо аз эрозия эмин мемонанд ва имконияти самаранок истифода бурдан аз заминҳои бекорхобидаи ғайрикишоварзии обӣ дучанд меафзояд.

Н. ХУДОЙБАХШ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1031

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед