logo

қарорҳои ҳукумат

ҚАРОРИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, № 176, ш. Душанбе

Дар бораи ворид намудани илова ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005, № 472
 
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба эзоҳи замимаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005, № 472, «Дар бораи тасдиқи андозаи хироҷҳои гумрукӣ барои хизматрасонии гумрукӣ» ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Андозаи хироҷҳои гумрукие, ки дар банди 1 дарҷ шудааст, нисбати молу воситаҳои нақлиёти таҳти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ ҷойгирбуда, татбиқ намегардад.».
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
 
 
 
 
ҚАРОРИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 октябри соли 2021, № 432, ш. Душанбе
 
Дар бораи  Тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва низомҳои хазинаҳои шартан (виртуалӣ) ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ
 
Мутобиқи моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 38 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ–хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва низомҳои хазинаҳои шартан (виртуалӣ) ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Субъектҳои хоҷагидор, ки бо аҳолӣ муомилоти нақдӣ ва ғайринақдӣ анҷом медиҳанд, ҳангоми истифодаи маблағҳои пулии нақдӣ ва ғайринақдӣ мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои имконияти реҷаи вақти воқеӣ (онлайн)-ро истифода намоянд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хариди мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва низомҳои хазинаҳои шартан (виртуалӣ) ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ аз ҳисоби ҷалби маблағҳои грантии шарикони рушд, кумаки техникӣ, барои субъектҳои соҳибкории калон бошад, аз ҳисоби дигар манбаъҳои молиявие, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, чораҳои зарурӣ андешад.
4. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати марҳила ба марҳила то 31 июли соли 2022 таъмин намудани субъектҳои хоҷагидор бо мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва низомҳои хазинаҳои шартан (виртуалӣ) ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ чораҷӯӣ намояд;
- назорати аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор риоя гардидани талаботи тартибро таъмин намояд;
- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро дар муҳлати ду моҳ бо қарори мазкур мутобиқ намояд.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 210, «Дар бораи Тартиби истифодаи мошини назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (аз ҷумла, ҳангоми муомилот бо кортҳои пардохтӣ ва штрихкодҳо), талаботи техникӣ ба мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (назоратӣ), инчунин, талабот нисбат ба системаи компютерӣ оид ба назорати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва хизматрасониҳои электронӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2021    №: 209    Мутолиа карданд: 3486
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед