logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПАЙВАНДИ ТОҶИКИСТОН БО ҶАҲОНИ МУОСИР

 
Тоҷикистон дар масири 30 соли Истиқлол дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои  ҷаҳонии  ин  шахсияти барӯманд дар ҷаҳони муосир тавонист ҷойгоҳи шоиста касб намояд. Акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавон  тасаввур  кард. Имрӯз ҷомеаи байналмилалӣ бо шарофати Истиқлолият миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон хуб мешиносанд ва эътироф мекунад.
 
Дар ҳама давру замон кишварҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манофеи миллии худ дар арсаи байналмилалӣ, расидан ба ҳадафҳои умумибашарӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳоди боэътимоду боварибахш ниёз доранд. Ба роҳ мондани чунин навъи иттиҳоди боэътимод дар шакли созмонҳои байналмилалӣ, ки яке аз ниҳодҳои пуриқтидори дастгирии сулҳ ва амнияти байналмилалӣ мебошанд, омили асосии расидан ба марому мақсадҳои ягона дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Вақте аз назари коршиносон ва диди воқеъбинона баҳо диҳем, ки чӣ гуна Ҷумҳурии Тоҷикистон – як кишвари ошӯбзадаву дар ҳоли ҷанг қарордошта ба оромтарину босуботтарин кишвари минтақа ва яке аз  мамлакатҳои осоиштаву бонизом дар ҷаҳон  табдил  ёфт, мусаллам хоҳад гашт, ки, бешубҳа, ин  ҳама дастоварду комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи барномарезии дақиқ, талошҳои пайгирона ва хидматҳои софдилонаи фарзанди фарзонаи миллати шарафманди тоҷик, қаҳрамони миллат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.
Нигоҳе аз даричаи имрӯз ба рӯзҳои аввали таъсиси давлатдории  тоҷикон пас аз истиқлол ва ташаккули заминаҳои сиёсати хориҷӣ нишон медиҳад, ки роҳандозии сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ низ дар он шабу рӯз чун ҷузъи раванди умумии ҳаводиси кишварҳои пасошӯравӣ сурат мегирифт. 
Он вақте ки Пешвои миллат ба ҳайси Роҳбари давлат дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд аз фарози минбари иҷлосияи XVI Шурои Олии ҷумҳурӣ муаррифӣ шуд, дар майдони сиёсии кишвар шахсияти тамоман нав буд. Вале фосилаи кӯтоҳи вақт собит сохт, ки ӯ дар ҳақиқат давлатмадори соҳибтадбир буда, илоҷи мушкилоти пешомадаро пайдо мекунад. Ба шарофати хиради стратегӣ, иродаи қавӣ ва малакаи беназири сиёсии худ, сарвари навинтихоби Ҳукумати ҷумҳурӣ тавонист дар як муддати нисбатан кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги бародаркуши шаҳрвандиро дарҳам шиканад ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшад. Дар ин замина Роҳбари давлат истифодаи самараноки имкониятҳои байналмилалиро ҷиҳати фурӯ нишондани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор дод. Ӯ зимни аввалин муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 изҳор намуданд, ки барои ба ҷумҳурӣ ёрӣ расондан ба Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат хоҳад кард.
Дар замони истиқлолияти ҷумҳурӣ Пешвои миллати тоҷикон ҳамчун ҳомии манфиатҳои мардуми бо мо ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ баромад кардаанд, ки таърих онро фаромӯш намекунад. Пешвои миллати тоҷик зимни мулоқот бо роҳбарони ҷаҳон, дар конференсияҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамеша ва ба таври хастагинопазир таъкид намудаанд, ки мушкили ҶИА роҳи ҳалли низомӣ надорад ва барои ҳалли мусолиматомез ва одилонаи қазияи ҶИА даъват намудаанд. Бояд гуфт, ки маҳз Пешвои миллати тоҷикон муътақиданд ва борҳо аз минбарҳои баланд гуфтаанд, ки низои ҶИА натиҷаи мудохилаи қувваҳои хориҷӣ мебошад. Яъне, Пешвои миллат мухолифи қатъии мудохилаи хориҷӣ дар корҳои дохилии ҶИА ҳастанд. Изҳороти Пешвои миллат зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон М. Қурайшӣ ва суханронии эшон дар иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ аз 24 сентябри соли 2021 ношӣ аз нигаронияшон аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанги дохилӣ дар ҶИА дар заминаи маҳдудиятҳои ҷоринамудаи "Толибон" нисбат ба занон, ақалиятҳои қавмӣ ва гурӯҳҳои сиёсӣ мебошанд. 
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва иштироки мустақими он дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили марбут ба ҶИА, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ва ғайра саҳми назаррас доранд.
Мавзеъгирии Пешвои миллат идомаи ҳамон сиёсати шаффоф, воқеӣ, якрӯ ва устувори ӯ дар давоми ин солҳо мебошад. Ҳадафи изҳороти охири Пешвои миллат он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ мисли солҳои 90-уми асри гузашта дар баробари нақзи ҳуқуқи башар, бахусус ҳуқуқи занон, сиёсати табъизи қавмӣ ва мазҳабӣ ва пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ бетарафиро ихтиёр накунад. Кишварҳои бузург, ки дар эҳё ва ба сари қудрат баргаштани "Толибон" нақш доранд, аз "Толибон" ҷиддан тақозо намоянд, ки ба ваъдаҳои худ дар мавриди ҳуқуқи башар ва сохтани ҳукумати фарогири ҳамашумул амал намояд, ки дар он манфиатҳои ҳамаи қавмҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва занон риоя шуда бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон як бор ҷанги дохилиро таҷриба намуд ва пайомадҳои талхи онро, аз ҷумла таъсири воқеаҳои ҶИА-ро дар оғоз ва ташдиди ҷанги дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1990 дар ёд дорад. 
Коршиносон бар он назаранд, ки дар шароити пурпечутоби воқеияти имрӯзаи геополитикӣ нишасти ҷашнии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ буда, чун дар он намояндагони аксарияти аҳолии ҷаҳон иштирок намуда, вобаста ба доираи васеи масоили таъмини амнияти дастаҷамъӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои гуманитарӣ изҳори назар намуданд.
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ ёфтани ибтикороти Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти ҶИА баёнгари мавқеи хоссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обрӯйи баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди маҳфилҳои сиёсии ҷаҳон мебошад.
Дар доираи баргузории ҳамоишҳои гуногунсатҳ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҷониби Тоҷикистон ба намояндагони давлатҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла ба ҷониби Ҷумҳурии Исломии Покистон дар самти ҳалли низоъҳои Афғонистон пешниҳодҳои судманд намуд. Тибқи маълумоти сомонаҳои расмӣ ҷониби Тоҷикистон ва Покистон барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон» ва тоҷикон ба ифоқа расиданд. Ин пешниҳод аз ҷониби Пешвои миллат сурат гирифт, ҷониби Покистон, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон хуб қабул намудааст. Пешвои миллат дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон изҳор доштанд, ки зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа қазияи ҶИА дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт. Вазъи кунунӣ дар он кишвар нигаронкунанда арзёбӣ гардид. Бино ба суханони Пешвои миллат ҳамсоякишварҳои ҶИА ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдоранд ва ба эҳёи иқтисоди миллии ҶИА таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. «Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар ҶИА ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад», - изҳор доштанд Пешвои миллат. Дар ин зимн, изҳори умед карда шуд, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳар чи зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар ҶИА ба эътибор гирифта мешаванд. Пешвои миллат бори дигар ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад. Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. «Сулҳу субот дар ҶИА фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад», - изҳор доштанд Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон. 
Дар идомаи суханронӣ Пешвои муаззами миллат таъкид бар он намуданд, ки ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошад. Пешвои миллат хабар доданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард. «Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузарондани гуфтушунидҳо байни «Толибон» ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд. Ба эътидол овардани вазъ дар ҶИА, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад. …Мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Итминон ҳосил гардид, ки сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад», - гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон. 
Инчунин, дар нишасти мазкур Пешвои миллат таъкид намуданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор аст ва ба таъсиси ҳукумати фарогир дар ҶИА даъват мекунад».
Пешвои миллат бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус СММ, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх даъват карданд, ки ба Афғонистон ва аҳолии вилояти Панҷшер, ки давоми ду моҳ дар муҳосираи пурра қарор доранд, кумаки фаврӣ намоянд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи амният сухан ронда, зикр доштанд, ки «терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои кибернетикӣ ҳамчун таҳдидҳои асосии амният дар фазои СҲШ боқӣ мемонанд».
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ шинохта шавад.
 
Азимҷон РАҲМОНЗОДА, 
муовини директори Институти омӯзиши Осиё ва Аврупои АМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2021    №: 210 - 211    Мутолиа карданд: 486
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед