logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ШИНОХТИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

 
Дар замони соҳибистиқлолӣ доир гардидани ҷашнҳои солгарди Борбади Марвазӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигар симоҳои намоёни шеъру адаб ва илму фарҳанги халқамон аз ибтикороти наҷиби Пешвои миллат дар роҳи расидан ба худшиносии миллист.
Дар мавриди шинохти ин бузургон аз тарафи Сарвари кишвар агар навишта шавад, рисолаи ҷудогона хоҳад шуд. Аз ин хотир, танҳо мехоҳам аз хидматҳои Пешвои миллат дар эҳё ва ба роҳ мондани самтҳои шинохт ва таҳқиқи Камоли Хуҷандӣ барои ҷомеаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии кишвар ҳарф бизанам. Бархӯрди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шахсияти Камоли Хуҷандӣ ба ду роҳ сурат гирифтааст. Нахуст, бархӯрд ва муносибате, ки як сиёсатмадор ба бузургон ва нобиғагони миллату давлати хеш дорад. Аз ин дидгоҳ Президенти мамлакат ба Шайх Камоли Хуҷандӣ ба ҳайси яке аз шоирони номвари миллати тоҷик дар зимни суханронӣ дар ин ё он маврид ва ё таҳқиқ дар таъриху адабу фарҳанги ин миллат ба хидматҳои бузургу наҷиби ӯ дар эҳёи маънавияту башардӯстӣ ва афкори баланди инсонгароӣ дар қатори бузургтарин шоирони қарнҳои гуногун муносибат мекунад.
Дигар бархӯрди сирф олимона ва комилан илмӣ бо шахсият, шеър ва мақоми Камоли Хуҷандӣ, ки дар суханрониҳои ҷудогона ва навиштаи пурбори эшон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» сабт аст. Чунончи, ҳанӯз дар суханронии Пешвои миллат соли 1996, ҳангоми таҷлили ҷашни 675-солагии шоири мавриди назар ба чунин андешаи амиқ бармехӯрем: «Овози ӯ ифодакунандаи руҳи замонаш мебошад. Камол шоири ба куллӣ гӯшанишин ва мардумгурез ё маддоҳи дарбор набудааст. Ӯ миёни тӯдаҳо зиндагӣ ва фаъолият намуда, ноҷӯриҳо ва ноҳамвориҳои иҷтимоиву маънавии ҷомеаро нисбат ба ҳар тоифаи дигар пештар ва бештар идрок мекард. Дар тафаккури бадеии ӯ тамоюлҳои озодандешӣ, ошкорбаёнӣ, хуруҷҳову эътирозҳо ба муқобили тазодҳои иҷтимоӣ ва маънавии муҳит роҳ ёфтаанд». 
Бар замми он, Пешвои миллат аз шахсияти Камоли Хуҷандӣ бо чунин зарфият шинохт доранд ва гурӯҳи олимонро ҳам ба омӯзиши ҷиддитари масъала ҳидоят мекунанд: «Тавре дар оғози сухан зикр кардам, ҳоло аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси адабии Камоли Хуҷандӣ ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Чанд сол пеш дар маркази шаҳри Хуҷанд боғи зебои Камоли Хуҷандӣ, мақбара, пайкара ва хонаи ӯ бо дарназардошти фарҳанги меъморӣ ва боғдории замони зиндагии шоир бунёд гардид, ки имрӯз воқеан ба макони зиёрати ҳазорон нафар мухлисону муътақидони шоир табдил ёфтааст. Илова ба тадбирҳои муҳими зикршуда, Ҳукумати мамлакат ба таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» мусоидат намуд».
Сарвари кишвар барои шинохти ҳар чи бештари шахсияти Камол дар ифтитоҳи пайкараи шоир соли 1996, қатъи назар аз шароити ҳамонвақтаи муташанниҷи сиёсии дохилӣ иштирок кардаанд. Соли 2015 бошад, шахсан дар бозсозиву барқароркунии боғи фарҳангию фароғатии ба номи шоир ширкат карда, дар он маҷмааи мақбараи рамзӣ (бо овардани мушти хоки мадфани шоир аз Табрез), пайкараи барқади шоир ва хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандиро ифтитоҳ намуданд. Ба ақидаи Роҳбари давлат: «Хуҷанд Камол ва Камол Хуҷанди худро машҳури ҷаҳон карданд».
Бунёд шудани Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ дар ҷараёни камолшиносӣ марҳилаи тозаеро бунёд гузошт. Асли ин ҷараён ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта, бо таъсиси «Академияи Камол» дар Хуҷанд, ки сарварии онро профессор Саъдулло Асадуллоев ба дӯш дошт, монда шуда буд ва таҷлили ҷашни 675-солагии шоир ҳам маҳз бо пешниҳоди ин ниҳод ва бо дастгирии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат пазируфт. Ҷашнгирии солрӯзҳои шоир аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, на танҳо омили ба вуҷуд омадани мақолот, ашъор ва осори зиёд гардид, балки дубора ба равишҳои тозаи таҳқиқ даст задани гурӯҳи бузурге аз онон шуд. Ба назари ман, решаи пайдо шудани муассиса ҳам маҳз аз ҳамин кори ҷашнгирӣ ва таҷлилу бузургдошти мақоми Камол дар фарҳангу таъриху маданияти мо сурат гирифт. То имрӯз 50 ҷилд китоб ва 30 ҷилд маҷаллаи тахассусии адабиву илмии «Камоли Хуҷандӣ» бо ибтикори муассисаи мазкур нашр ва паҳн шуданд. Чунончи «Муқаддимаи камолшиносӣ”, “Армуғони аҳли дил”, “Маводи конференсияи байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ», “Иксири саодат”, “Ишқи минӯӣ”. (тарҷумаи ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ), “Варақи ҳусн”, “Мактаби Камол”, “Камол дар оинаи тазкираҳо”, Номномаи  «Донишномаи  Камоли  Хуҷандӣ», “Камол дар оинаи пажӯҳиш”, “Китобномаи Камоли Хуҷандӣ”, “Камол – устоди бузурги забон”,  “Ҳабдаҳ чаман” ва ниҳоят Девони Камоли Хуҷандӣ дар таҳияи Баҳром Раҳматов ва Оқилбой Оқилов падидаҳои тозаву маърифатии Шайх Камоли Хуҷандиянд.
Зикр менамоям, ки тақрибан даҳ китоби дигар, ки марбут ба камолшиносиву матншиносист дар дасти нашранд. Аслу моя ва решаи ҳамаи ин дастоварди як муассиса, ки перомуни Хоҷа Камол ва рӯзгору осори вай таҳқиқ мекунад, дар шахсияти поягузори он – Пешвои муаззами миллат таҷассум меёбад. Танҳо мурур ба фаъолияти илмии як муассисаи хурд, ки ҳанӯз 6-7 сол аст, ки кор мекунад, равшан месозад, ки то кадом андоза Ҷаноби Олӣ таваҷҷуҳ ба зиндагинома, мерос ва маҳсули тафаккури шоир доштаанд ва ин нашри китобҳо, ки номбар шуд, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ мешаванд. Муассиса тавонист, ки як мактаби хуби илмиро дар вилоят роҳандозӣ кунад, гузашта аз ин, ман хато намекунам агар бигӯям, ки кормандони мо новобаста аз ҷавонии худ тавонистанд кори мондагореро дар ҷамъу тадвини девони шоири хуҷандӣ анҷом диҳанд, ки дархӯри завқи Пешвои муаззами миллат шуд. Ин марди бузург бо камоли майл ба девони таҳиянамудаи кормандон сарсухани фарогиру амиқ навиштанд ва бо имзои Президенти кишвар Девони ҷашнии Хоҷа Камоли Хучандӣ нашр гардид. Ин муваффақият на ба ҳама олим ва қаламкаш даст медиҳад ва банда, ки яке аз таҳиягарони ин девонам, ҳамвора худро хушбахт меҳисобам. Ба нуктаи мазкур худи Сарвари кишвар ишораи алоҳидае доранд: “Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли фаъолияти ин марказ беҳтарин нусхаҳои хаттии девони шоир ҷамъоварӣ гардида, бо иловаи ашъори то замони мо номаълуми ӯ аз рӯйи нусхаҳои хаттии муътабари девони шоир бо пешгуфтори мо аз нашр баромад ва фикр мекунам, ки он яке аз беҳтарин туҳфаҳои ҷашнӣ ба шумор меравад”. 
То ҳанӯз кор дар арсаи камолшиносӣ идома дорад ва тибқи дастуроти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Зарур аст, ки Академияи миллии илмҳо, Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм дар самти ҷамъоварӣ, омӯзишу таҳқиқ ва нашри осори шоир тадбирҳои иловагӣ андешанд”.
То ҳамин ҷо ба хонандаи азиз бояд равшан шуда бошад, ки то кадом андоза Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи маънавият ва фурӯғи фарҳангу тамаддуни тоҷикон мекӯшанд ва дар ин ҷода пора-пораву қитъа-қитъа мероси гаронбаҳои ниёгон ва шахсиятҳои маъруфро дубора ба майдони мубодилаи афкори илмӣ мекашонанд. Кори ин абармард нигаҳдории фурӯғи таърих, фурӯғи маърифат, фурӯғи миллат аст, бузургон бесабаб нафармудаанд: кори хуршед рӯшаниву гармӣ аст!
 
Баҳром РАҲМАТОВ,
шоир, номзади илмҳои филология, директори Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2021    №: 210 - 211    Мутолиа карданд: 584
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед