logo

сиёсат

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанг соҳаи муҳим ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа муайян гардида, ҳамчун воситаи тавонои ташаккули идеологияи миллӣ, муаррифгар ва муайянкунандаи мақому манзалати кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Пешвои миллат ҳанӯз дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ таъкид намуда буданд: «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст». 
 
Фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии миллат, муттаҳидсозандаи неруҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи пурғановати он, анъанот ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст. 
Чуноне ки маълум аст, дар ибтидои солҳои 90 - уми асри гузашта соҳаи фарҳанг ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардид. Дар шароити тезутунди сиёсӣ ва вазъи ногувори иҷтимоӣ  кормандони соҳа тавонистанд, ки арзишҳои фарҳангии миллатамонро  ҳифз намуда, тамоми неруи хешро ба таҳкими сулҳу ваҳдат, тарғиби дӯстиву бунёдкорӣ равона намоянд.  Дар ин марҳалаи ҳассос соҳаи фарҳанг таҳти таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифта, қатъи назар аз вазъу ҳолати сангину мураккаби ҷомеа рӯ ба инкишоф ниҳод. 
Ҷиҳати фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангӣ як силсила қонун ва барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд, ки ба рушду такомули он такони бузург бахшиданд. Солҳои охир маблағгузории соҳа ба таври назаррас меафзуд. 
Дар шароити ҳозираи таърихӣ масъалаи солимии маънавии ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими инкишофи ҷамъият ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода санъати театрӣ метавонад нақши калидӣ дошта бошад. Он дар бавуҷудории ҳисси зебоипарастии мардум низ метавонад нақши бузурги тарбиявиро бибозад.
Бояд гуфт, ки ҳунармандони театр неруи бузурги эҷодиро ташкил медиҳанд.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тармиму таъмири биноҳои театру муассисаҳои фарҳангӣ ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо менамояд. То имрӯз биноҳои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Саидалӣ  Вализода ва Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон  ба номи Маҳмудҷон  Воҳидов пурра таъмир гардиданд. Барои мисол, дар таъмири Театри опера ва балет аз Фонди захиравии Президенти мамлакат 11 миллиону 835 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов («Аҳорун») соҳиби бинои худ шуд.  Ҳамчунин, бо фармони махсуси Президенти кишвар дар ноҳияҳои Данғара ва Ашт театрҳои драмаи мусиқӣ таъсис ёфтанд. Таҷдиди бинои нави Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский низ аз дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти кишвар дарак медиҳанд. 
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо пурра гардидани ҳайаташ аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманди дар хориҷи кишвар таҳсилнамуда марҳилаи навро аз сар мегузаронад. Бо кӯшишу ғайрати ин ҷавонони болаёқат театр дар таҳияи як қатор асарҳои классикӣ ва миллӣ ба комёбиҳои эҷодӣ дастёб шуд. 
Сулҳу суботи дар кишвар барқароргардида ва сабақи таърихии он театрҳои ҷумҳуриро водор сохт, ки ба мавзуоти таърихӣ даст зада, дар раванди поянда доштани муқаддасоти таърихӣ ва боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ саҳмгир бошанд. Дар ин раванд, Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пешгом аст. Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов таҳқиқи табиати хислати ҷавонон ва дигаргуниҳои дар ҷаҳонбинии онҳо баамаломадаро идома дода, бо таҳияи асарҳои ҷолиб пештози ин навъи санъат дар Осиёи Марказӣ эътироф шудааст. Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ низ бо таҳияи намоишҳои тозапардозонааш  на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ мавқеи хос пайдо намуд. Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ аз оғози фаъолияти хеш такя бар анъаноти миллӣ дорад. Беҳтарин асарҳои дар тули таърихи хеш таҳиянамудаи театр дар ҳамин равия рӯйи саҳна омадаанд. Ҳайати нави эҷодии театр ин анъанаро ба хубӣ ривоҷ дода истодааст. Айни замон, театр таҳти роҳбарии Умед Хисравов рушд намуда, бо таҳияи асарҳои нав ба нав дар боло бурдани маънавиёти мардуми минтақа саҳм мегирад. Сохтмони бинои нави театр, ки бо ташаббус ва ибтикори Сарвари давлат сурат гирифтааст, аҳли ҳунарро руҳбаланд ва ба таҳияи асарҳои нав ба нав раҳнамун месозад. Солҳои 90 – уми асри гузашта шаҳри Қурғонтеппа дар маркази даргириҳои сиёсӣ қарор дошт. Дар ин ҳол ба ояндаи ҳунар касе умед ҳам баста наметавонист. Таҳиягари хушсалиқа Бурҳониддин Раҷабов на танҳо ба ҳунармандони Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонов, балки ба тамоми аҳли ҳунари минтақа умед бахшида, фаъолияти онро дубора барқарор намуд. Дар натиҷа, ҳоло дастаи ҳунарии театри мазкур дар тамоми Осиёи Марказӣ ҳамчун яке аз театрҳои навҷӯ шуҳрат пайдо кардааст. Соли 2015 бинои нави театр, ки бо риояи суннатҳои миллии меъморӣ ва талаботи тахассусӣ сохта шудааст, бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди истифода қарор дода шуд. Ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат аҳли ҳунари театр тасмим гирифтаанд, ки бо таҳияи асарҳои баландмазмун дар рушди ҳунари кишвар саҳми хешро бигузорад. 
Театри нави миллӣ, ки дар шафати Китобхона ва Осорхонаи миллӣ қомат меафрозад, минбаъд барои қонеъ гардондани ниёзҳои маънавии мардум ба сифати яке аз марказҳои бузурги маърифат ва тарбия хидмат хоҳад намуд. Хишти аввали онро соли 2015 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аҳли фарҳанг ва ҳунари пойтахт дар вазъияти тантанавӣ ниҳоданд.
Бунёди ин театри бузург дар пойтахти кишвар, қабл аз ҳама, рамзи кӯшишҳои наҷиби тамаддунсозии навинро фарогир аст ва ин иқдоми шоистаи Президенти мамлакат бори дигар собит менамояд, ки дар сиёсати фарҳангии давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус барои тарбияи насли ояндаи миллат  мақоми махсусро ишғол менамояд.
Бино аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, театр дорои 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар мегардад. Толори асосии он барои 2500 тамошогар пешбинӣ шудааст. 2 толор, яке дорои 1200, дигаре 1000 ҷойи нишаст хоҳад буд. Баландии толори асосӣ 18 метр буда,  дар он барои оркестр низ ҷой пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд.
Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. 
Лоиҳаи театр давоми 5 сол дар асоси омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои кишварҳои пешрафта омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад. Театри мазкур бузургтарин ва зеботарин иншоот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам  хоҳад буд.  Он на танҳо барои имрӯзиён, балки барои садсолаҳои минбаъда хизмат карда, ҳамчун ёдгори оғози марҳилаи тозаи тамаддуни тоҷикон боқӣ хоҳад монд. 
Ба шарофати фазои мусоид театри миллии мо тавонист дар арсаи байналмилалӣ мақоми хоссаи хешро ба даст орад ва дар қатори дастаҳои театрии кишварҳои аз лиҳози рушди фарҳангӣ пешсаф қарор гирад. Халқе, ки фарҳанги сулҳофарӣ дорад, дар офаридани саҳнаҳои ҷолиби театрӣ низ, ҳатман муваффақ мегардад. 
 
Барноз РАҲМОНШОЕВА,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2021    №: 213 - 214    Мутолиа карданд: 443
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед