logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ҲАРАКАТИ ЭҲЁГАРӢ ДАР САРЗАМИНИ ТОҶИКИСТОН

Шоир дар тавсифи бузургмарде чунин байти гӯёро сурудааст, ки онро бо як самимияти вижа ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меарзад бахшид:
Китоби фазли туро оби баҳр кофӣ нест,
Ки тар кунам сарангушту сафҳа бишморам.
Дар ҳақиқат барои тавсифи фазилатҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон саҳифаро пур кардан кам аст. Бинобар ин, мо тасмим дорем танҳо якчанд паҳлуи сиёсати давлатсозиву миллатсозии ин шахсияти сарнавиштсози тоҷиконро, ки бештар ишора ба тобиши хештаншиносии миллӣ доранд, ба ёд оварем. 
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз ҳама вопасмонда ва камбисот дониста мешуд. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз пайомади он 150 ҳазор нафар кушта, ҳамчунин, ҳафт миллиард доллар зарари иқтисодӣ расонда шуд, ки баробар ба буҷети 18 - солаи ҷумҳурӣ буд, на камтар аз 90 дарсади аҳолиро дар сатҳи фақру бенавоӣ қарор дод.
Ба ҳама кишварҳои пасошуравӣ имкон фароҳам омад, ки бо пошхӯрии давлати паҳновару пурзӯри Иттиҳоди Шуравӣ аз ҳисоби захираҳои низомии ҷузву томҳои дар қаламрави мамлакаташон ҷойгирбуда ҳиссае барои давлатсозии худ бигиранд. Аммо тоҷикон бинобар сустиродагии сарварони сиёсии вақт ва сар задани нооромиҳои бабороварда аз ҷониби гурӯҳҳои хомандеши аз ҳунари давлатсозӣ дур ва ба мазҳабгароиву дингароӣ наздик, бар ивази дасти якдигар гирифта баҳам омадану ба роҳи дурусти давлатсозӣ пайвастан, рӯ ба ҳамдигарситезӣ ниҳода ба куштору сӯхтор пардохтанд.  Яке аз сабабҳои ҳамдигарситезии тоҷикон реша дар нохудогоҳии миллӣ дошт, ки ба ин иллати асосии ҷомеа на ҳама дармерафтанд. На ҳар шахси ба курсии сарвари давлат талошдошта огоҳ буд, ки миллати тоҷик бар асари таъсири забону фарҳангу шеваи андешаронии ҳамлаварони тозиву туркӣ, ки дар баробари аз худ кардани сарватҳои беҳамтои сарзамини тоҷикнишинон, ҳадафи таҳмил намудани забон ва фарҳанги худро бар сари мағлубон низ доштанд, афканда дар кӯрароҳи худбохтагии миллӣ мебошад. На ҳар шахси ба мамлакатҳои комёби ҷаҳон нигариста ба нуктае дармерафт, ки ҷорӣ кардани саросарии низоми демократӣ бо шеваи (модели) аз мамлакатҳои бегона воридшуда, дар кишваре, ки  ҳафт пушти мардумонашро шоҳону диктаторони аз нигоҳи этнофарҳангӣ ба маниши онҳо бегона сарварӣ карда омадаанд, пайомади нохуб дорад. Ташаккул додани институти (қонуни) давлатдории навин ва дар зимн тарбияи фарҳанги демократисозии ҷомеа кори якбораву таъҷилиро намепазирад. 
Сарвари давлати навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи устувор нақши омилҳои этнофарҳангиро дар дигаргуниҳои сифатии андешаи хештаншиносии миллӣ бознамоён сохта, тасбит намуданд, ки идеяи миллӣ ҳақиқати зиндагисоз ва хусусиятҳои вижаи намудҳои гуногуни санъат ва адабиёти миллиро муайян мекунад. Ба ин васила ҷаҳонбинӣ ва ормонҳои миллат ба худнигарӣ меоварад ва мардумони ҷаҳон ба саҳми миллати тоҷик дар фарҳанговарӣ ошно мегарданд. 
Дар ҷараёни омӯзиши генезис (усули пайдоиш) ва нақши шуури этникӣ, пажӯҳишгарон ба нуктае ишора доранд, ки омили дигари ташаккули хотираи этникӣ ва хештаншиносии миллӣ ба ономастика (номшиносӣ) пайваста мебошад, зеро дар номҳо ва тахаллусҳои имрӯзаву гузаштаи одамон ба як силсила маводи этнофарҳангӣ дучор омадан мумкин аст, ки баёнгари вазъи ҷомеа дар марҳилаҳои гуногун, фарҳанги маънавӣ, мероси этникӣ ва таърихи миллат мебошанд. Ин назарияи илми ономастика (номшиносӣ) - ро омӯхта шахси андешаманд бар пояи илм устувор будани ташаббусҳову талошҳои Сарвари давлатро дар мавриди бозбинӣ ва баргашт ба номҳои миллӣ, ба хубӣ дарк мекунад.  Дар миёни роҳбарони давлатҳои Иттиҳоди Шуравии собиқ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсияте буданд, ки номи хонаводагии худро ба шеваи миллӣ баргардонда, як силсила тадбиру дастурҳоро барои номгузории дурусти миллӣ ба роҳ андохтанд.
Омили дигари ташаккулёбии хотираи этникӣ ва худогоҳии миллӣ топонимика (шинохти ҷойномҳо) мебошад, зеро ҷойномҳо дар жарфои садсолаҳо пайдо шуда дар хотираи таърихӣ ё этникӣ нигаҳ дошта шудаанд. Ин ҳикмати давлатсозиро ба назар гирифта, Сарвари давлат барои баргардон ва аз нав номгузории номҳои бостонии кишвар, дастур доданд. Бар асари чирамандии бегонагон, ба сарзамини тоҷикон ҷойномҳо саросар ба шеваи гуфтори арабиву турку муғулӣ ва русӣ сурат гирифта буданд. 
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мулоҳиза карданд, ки дар роҳи бедории миллӣ ва бозшинохти худогоҳии таборӣ, бахше аз мардумон ба нигаҳбонии фарҳангу одоб, оину русуми хоси худаш бетафовут буда, дар сиришти худ вазифаи посдошти фарҳанги мардумии худро намепарваранд, ба нозукиҳои нигаҳдошти ҳувияти миллӣ дарнарафта, номҳои поки тоҷикиро бо номҳои бегона иваз менамоянд, фарҳанги динпаноҳии тоҷиконро ба таассубгароии мазҳабӣ дармеомезанд, ҳамчун як Пешвои асили миллат талош варзидаанд, ки аз роҳи дастурҳои мушаххас, тадвини қонунҳо, тоҷиконро водоранд то хештани хешро гум накунанд, дар ғори худбохтагии таассуби динӣ фурӯ нарафта, гузаштаи даҳҳазорсолаи худро ба фаромушӣ насупоранд.
Воқеан, шахсияти меҳанпарасту миллатдӯст будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номгузории фарзандонашон, ки дар он замон як корманди одии аз марказ дур мезистанд, гувоҳ аст. Фарзандонашонро бо номҳои пурифтихори қаҳрамонони саргузашти ҳазорсолаҳои тоҷикон ниҳодан гӯёи меҳри бепоён ба таърихи дури пурифтихори тоҷикон мебошад; Озода, Рустам, Таҳмина, Сомон.
Сарвари давлат зимни суханрониҳои худ борҳо ин гуфтаҳои файласуфи Чини бостон Конфутсийро ёдовар шудаанд, ки таъкид ба омӯзиши таърихи тоҷикон мебошад: «Миллате, ки гузаштаи худро намедонад, ояндаашро сохта наметавонад». Дар ин росто, пеш аз ҳама, новобаста ба маҳдудияти буҷет, бо дастури Пешвои миллат қалъаҳову ҷойҳои муҳими таърихӣ азнавсозӣ (реставратсия) шуда, то андозае шакли бостонии онҳо барқарор гардиданд. Чуноне ки қалъаҳои анқариб ба замин яксонгаштаи Истаравшан, Ҳулбук, Ҳисор, Хуҷанд дубора тарҳи меъмориву мудофиавӣ ҳосил карда, ба осорхонаҳои таърихӣ - кишваршиносӣ табдил гаштанд.
Бо дастуру талошҳои Роҳбари давлати тоҷикон оинҳои миллӣ дар сатҳи баланди давлатӣ ҷашн гирифта шуда, Наврӯз аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохти ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Садаро дар баробари арҷгузорӣ ба асолату ҳувият ва маърифати  рангини ниёконамон дар дарозои  ҳазорсолаҳо донистан, онҳоро оинҳои ҳамбастагии халқу миллатҳои ориёитабори Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон донистаанд: «Воқеан, агар пазироии Наврӯз, Меҳргон ва Сада бурду бохтҳои роҳи паймуда ва ҷанбаҳои иҷтимоиву фарҳангии онро мавриди баррасӣ қарор диҳем, беихтиёр мебинем, ки ин оинҳои маросимӣ чун рамзи ҳамбастагии халқу миллатҳои ориёитабор дар тули хазорсолаҳо бо симои хос идома дошта, дар тули давлату давлатдориҳои мухталиф бидуни аз даст додани асолату ҳувияти аслии худ таҳаввулу ташаккул ёфта, то ба имрӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар байни кулли ориёитаборон ва ҳудудҳои паҳновари Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори он ҷашн гирифта мешаванд. Ин расму оини куҳан, бешубҳа, яке аз ҳалқаҳои пайванди занҷири ногусастании миллатҳои ҳамнажод, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги ориёӣ мебошад. Мо, тоҷикон, онро дар сатҳи давлатдорӣ бо шукӯҳу азамати хосса таҷлил намуда, бо тору пуди ногусастании ин ҷашнҳои безавол ормонҳои волою хуҷастаи зиндагии гузашта, имрӯз ва ояндаро бо ҳам пайванд мезанем». 
Ин ва даҳҳо далелҳои дигари собитшуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки иқдомҳои Роҳбари давлати тоҷикон аҳамияти бузурги миллатсозӣ дошта, даъват ба бозёбии фарҳанги гумкардаи худ, дарёфти салиқа ва табъу завқи баланди ҷавобгӯ ба хостҳои ҷаҳони муосир дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 декабри соли 2018 гуфта буданд: «Соли 2021 мо Ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем. Мо барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ корҳои зиёди ободониву созандагиро ба нақша гирифтаем. Дар ин марҳалаи барои ояндаи кишварамон сарнавиштсоз ҳар яки мо аз Роҳбари давлат, аъзои Ҳукумат ва вакилони парламент сар карда, то роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва хизматчиёни давлатӣ вазифадорем, ки як масъалаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошем: тибқи Конститутсия халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, яъне ҳокимият ба халқ тааллуқ дорад». 
Барои пешвози шоистаи ин ҷашни бузург дар муддати кӯтоҳ садҳо муассисаҳои томактабӣ ва умумӣ, қасрҳои зебои фарҳангӣ, китобхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, марказҳои тиҷоративу савдо, корхонаҳои хурду миёна бунёд шуданд ва ҳар кадоме аз онҳо симои шаҳру деҳотро дигаргун сохта, ба инкишофи Ватан таъсири амиқ гузошта истодаанд. Мардумони кишвар пешниҳоди зиндагисози Пешвои хирадманди худро дар мавриди ободу зебо гардондани Ватан самимона пазируфта хурду бузург дар пайи амалӣ гардондани он мебошанд.
Бахшида ба пешвози шоистаи 30 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар тамоми вилоятҳо, шаҳрҳову навоҳӣ ва деҳоти кишвар як силсила тадбиру чораандешиҳо ҷараёни саросарӣ гирифтаанд, ки такрори эҳёгарӣ ё таҷаддуди (ренесанси) Аврупоро дар Тоҷикистони мо мемонад.
Президенти Шурои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Антон Караҷа дар маросими сарафроз намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони баланди Пешвои асри XXI, чунин изҳори андеша намудааст: «... Мо, ҳамагон, дӯстони башарият, пайи суроғи шахсиятҳои фарзонае ҳастем, ки қарни моро дигаргун сохта, бо амал, идрок  ва неруи ҳастии худ суботи ҷаҳонро барои мову шумо таъмин менамоянд. Мо ба он мақсад омадаем то ба  Пешвои асри XXI, ба марде, ки дар мавриди низоъву ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб намуд, марде, ки дар замони таназзулу  буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин кард, марде, ки дар ҳамдастӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ дар кори эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир меварзад, изҳори қадрдонӣ намоем. Ин шахс Президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад».  
Ва бидуни хурдтарин дудилагӣ метавон гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шоистаи унвони баланди Пешвои асри XXI гардидаанд, Пешвои марҳилаи ренесанси Тоҷикистон низ мебошанд. 
 
Зафар МИРЗОЁН, 
профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2021    №: 213 - 214    Мутолиа карданд: 675
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед