logo

сиёсат

ИНСОНЕ БА СУРАТИ МИЛЛАТ

 
Солҳои ноошноӣ. Ҳар  нафар дар симои дигаре душманро набинад ҳам, дӯстро намешинохт.  Аз суҳбати якдигар мекебиданд. Ва куҷо буд ҳамдаму  ҳамроз?  Бародар ба бародар душман шуд. Дар назар аз дару погаҳ хун меборид. Нола ва шеван, ғаму дарду ранҷу озор ҳукумат мекард. Шумораи дастзӯрон ҳар қадам аз мардумони эҳтиёҷманд ҳуҷҷат мепурсиданду зодгоҳашонро. Силоҳу силоҳдор ҳоким буду боқӣ мазлум. Гӯё ҳама дар мамлакати бегона буданду дастнигар ва забони муошират ноошно буд. Бесарусомонӣ кишварро фаро гирифта. Сохторҳои идорӣ аз кор монда буданд. Ҳич кас ба ояндаи рӯшан ва ободии Тоҷикистон бовар намекард. Ҳатто онҳое, ки дар курсии мансаб нишаста буданд. Ҳамон овон андешаҳои солхӯрдагон, ки пучу сафсатаашон медонистам: “Вафо рафт, бало мехезад ва хиёнат зоҳир шуд, баракат пинҳон мешавад”, андарзи ҳама давру замонҳо намуд. 
Ҷон дар кафи даст ҳар субҳ аз "Саховат" то Донишкадаи омӯзгорӣ пиёда ба кор меомадем, балки барои нон (ду хлеб), ки ҳар рӯз ба муаллимон медоданд. Насибаамонро дар рӯзномаҳои куҳна ва аслан дар рӯймоле, ки аз хона меовардем, парпеч мекардем, барои аз чашми гуруснагон пинҳон доштан ва хавфи рабудан.
Боре  аз кӯчаи он овон ба номи Свириденко бо андеша мегузаштам, ки оё ба рӯзгори осуда мерасида бошем? Ва ҳич роҳи раҳоиро аз ин варта дарнамеёфтам. Дар ин авзо  дунболам  наврасеро мушоҳида кардам, бо як пераҳан дар фасли сармо ва пойафзори  дарида, ки дар даст чутка ва лата дошт. Ба ҷуз ману ӯ каси дигаре наменамуд  Пас аз  чанд қадам баргаштаму матлабашро пурсидам. Гардан каҷ карду бо илтиҷо гуфт:
- Пойафзоратонро тоза кунам? - Ба ҷойи посух пурсид ӯ ва аз авзоям ҳаросид, ки идома дод.- Барои хоҳарам нон мехарам.
Гиристан ва оби чашм дар хотирам ҳам наомад, чи ба дарду алам одат карда будам.   Лол дороиямро ба дасташ додам. Зиёд набуд ва зарурат надоштам, чун  нақлиёт набуд. Аввал ба коғазҳои дасташ ва сипас ба рӯям нигаристу баргардонд:
- Ман гадо нестам!- Гуфту пас гашт.
Бо илтиҷо аз дасташ гирифтаму ба дуконе даромадем, ки чалпак мепухт.  Чанд донае хӯрдем ва бо иҷборан боқиро  печонда ба дасташ додам ва таъкид кардам, ки аз ин ор накунаду дилшикаста нашавад. Рӯзҳои шум мегузаранду ба шодиву нишот хоҳем расид ва чанд ҳарфи дигар. Аз пушташ чун ба парвози уқоби навомӯхт менигаристам.
Гиря дар пеши ҳолате, ки доштам, ҳич наменамуд. Мехостам аз ҷабре, ки сари худ овардаем, фарёд бизанам. Хотирам ҷамъ буд, ки касе маро намебинад ва намешунавад. Вале боз ҳам гӯшаи дилам рӯшанӣ дошт. Аз ору номус ва амали наврасе, ки ғурур дорад ва худро мешиносад. Ин ҳамаро барои худ фоли нек гирифтам.
Аз ҳодисае мегӯям, ки дар дафтари хотираам сабт шудааст. Аз он ҳодиса чанде қабл ҷавонеро ба сарварӣ пазируфта буданд.  Ва илоҷи дигар ҳам надоштанд. Чи аз киштии ба тӯфон мубтало “кӯрмушон” роҳи фирор меҷустанд. Касе масъулиятро ба дӯш гирифтан намехост. Ва нохудои “сафинаи шикаста”- ро қурбонии навбатӣ мехонданд. Сарвари ҷавон  Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо дили гарм ва нияти эҳёи миллати ҷабркашида роҳбариро пазируфт.  Яқин буд, ки дӯстро аз душман шинохта ва рисолаташро медонад. Ва ҳам  рисолаташро Парвардигор муқаррар карда буд. Ӯро ҳамчун давои миллати ранҷур ва ғарибону бечорагон, ятимону бенавоён  муқаррар намуда буд. Ин падида натиҷаи ҳамон ҳикмате буд, ки аз аҳди куҳан омадааст: “Ҷаҳонофарин ҳар он чиро ба гунае фарогустаранда барои мардуми боисманд бошад, ҳам мехоҳад ва ҳам меофаринад”. 
Чи нақшаҳое дар мағзи душманони миллат матраҳ мешуд, вале Парвардигор ноҷии миллатро  ҳифз кард. 
Рӯзу моҳҳо ба тадриҷ сипарӣ шуданд ва авзо ба эътидол омад. Президент  Эмомалӣ Раҳмон дар паймони худ устувор монд. Амну осудагӣ барқарор гардид. Фирориён ба Ватан баргардонда шуданд. Мо аз вартаи пурдаҳшати миллаткуш ба даврони пурмасъулияти миллатсоз расидем.
Бо анҷоми ин тадбирҳо дар матлабе навишта будам, ки танҳо барои инчунин амали дурандешона мешавад пайкараи Эмомалӣ Раҳмонро аз  зар бунёд кард. Чаро ки бо пажӯҳиш аз аҳволи гурезагони солҳои 20-30-и асри ХХ бохабар будам. Дар солҳои 20-30 – и асри ХХ бино ба навиштаи Волиди Туғон,  бештар аз як миллион аз марзҳои тоҷикнишин  ба хориҷи кишвар гуреза шуданд. Ва тибқи ахбори муҳаққиқон  62 дарсад  аҳолии вилояти кунунии Хатлон ё кушта шуданд ё ба  Афғонистон  ва дигар кишварҳо кӯч бастанд. Дар натиҷа ҳазорҳо тан дар ғарибӣ умр ба сар  мебурданд ва ҳазорҳои дигар ҷон бохтанд. Вале ҳукумати аз бунёд бегонаи Шуравӣ на танҳо барои ба Ватан баргардондани фирориён талош накард, балки то фурӯ пошиданаш ба аҳли таборашон нобоварии ошкоро варзид.
 Дар муқоиса бо авзои давронҳо ёдам омад қиссаи бобои Шерхон. Тифли ду - сесолае буд, ки оилаи онҳо аз шарри муҳоҷимон рӯ ба Афғонистон оварданд. Чун ба хатти марз наздик меомаданд, аз рӯйи зарурат ҳангоми убур аз рӯдхона чашм ва даҳони тифлонро мебастанд ё дар хавфи ҷони худ наздикии деҳае бо баҳонае мегузаштанд.  Зеро бо садои гиряи тифлон марзбонон хабардор гардида, сели тирро бар сари фирориён мерехтанд. Дар ҳамин ҳолат Шерхони хурдсол афтода буд. Ӯро миёни газзор хобонданд. Замоне бедор шуд, ки аз наздикон танеро дар гирду вана наёфт. Гирёну нолон рӯйи хору хас афтону хезон модарашро меҷуст. Вале касе садои ӯро намешунид.  Дар ҳамин вақту соат гурезагон  мунтазири торикӣ буданд, то аз чашми сарҳадбонон пинҳон монанд. Айни ҳолатро  модари муштипар истифода кард ва аз роҳаш баргашт ва ҷигарбандашро дар чангу хок олуда миёни хору хас пайдо намуд, ки рӯй бар замин хобида. 
Хонандаи арҷманд! Ин афсона нест. Модараш бибии Гулмоҳ ва падараш  Қулиёмуҳаммад аз Деҳи Қозӣ (ҳоло ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) ин воқеаро борҳо ба ёд оварда, аз фарзандашон мешармиданд. Бино ба нақли бибии Гулмоҳ дар роҳ чанд устухонпораҳои одамонро дидааст, ки шояд туъмаи дарандагон шудаанд. Бо нолаву шеван бо суханони “бимирам ҳам, бо ҷигарбандам бимирам”, аз раъйаш гаштааст...
 Ин қисса дар дилам алами фирориёнро зинда гардонда буд. Ва тақдири ҳар нафарро андеша мекардам ва чеҳраҳои тифлони ҳайрону саргардон пеши чашмонам ҷилвагар мешуданд. Ҳоли зори мардумони ғариб ҷойи шарҳу бозгӯӣ надорад.
Солҳо сипарӣ шуданд. Даҳаи 25 - солагии Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон омодаи ҷашн буд. Пиёда мерафтам. Сабукрави гаронарзише дуртар истод ва ҷавонмарди зебоандому баландболои  хушлибос фаромад ва бо муҳаббат ба оғӯшам гирифт ва гарму самимона ҳолпурсӣ кард. Нашинохтамаш. Дар роҳ хоҳиш кард, ки сари қадам ба мағозае бидароем. Даромадем. Мехост бароям шиму костюме ҳадя кунад. Рад кардам. Дар ҳамин лаҳза ба сухан даромад:
-  Шояд Шумо дар хотир надошта бошед, ман ҳамон бачае ҳастам, ки нагузоштед, ки пойафзоратонро тоза кунам... 
Аз нақлаш маълумам шуд, ки бо дастгирии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  ӯ аввал дар кишвар ва баъд дар хориҷа таҳсил кардааст ва ҳоло соҳиби корхона мебошад...
Бо шунидани ҳарфҳои самимӣ ва миннатдорӣ оби чашмонамро нигоҳ дошта натавонистам. Шонашикан гиристам Аз хурсандӣ, аз вафо ва миннатдории як фарзанди тоҷик.... 
Дар “Ҷовидонхирад” омадааст: “Чаҳор чиз аст, ки андаки ӯ бисёр аст: дарду дарвешӣ, дуо ва душманӣ”. 
Муддатҳост, ки  Пешвои  миллат  Эмомалӣ Раҳмон дар паймон ва адои рисолаташ  устувор аст. Ба василаи амалҳои хирадмандонааш  дардҳои ҷомеа дармон мешаванд. Вафо ва меҳрубонӣ ҷомеаро фарогир аст. Аз тангдастӣ раҳоӣ меёбем ва душманӣ аз миён меравад. Дар миёни  дуо ва таманноҳои мардум ҷавшан ва сипари фӯлодинанд  дар нигаҳбонии тану ҷонаш аз баду балоҳо.
Дар симои Эмомалӣ Раҳмон дар олами мутамаддин миллати куҳанбунёди  тоҷик муаррифӣ мешавад. Ва ҳар куҷое қадам мениҳад, на бар сурати фарзонафарзанди миллат, балки ба сурати миллат, шинохта мешавад.
 
Ҷонибек АСРОРИЁН,  
мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ, номзади илми таърих, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2021    №: 213 - 214    Мутолиа карданд: 596
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед