logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ИСТИҚЛОЛ ВА ПАЙКИ ИҚБОЛИ БАЛАНД

Мавриди зикр аст, ки 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистони мо ҳам аз истиқлолияти воқеӣ бархӯрдор шуд. Халқи тоҷик баъди давлатдории муназзам ва муаззами сулолаи муқтадири Сомониён бори дигар, аниқтараш баъди ҳазор соли интизорӣ ва бедавлатӣ, ба истиқлолият ва озодии комил расид. Чун шуълаҳои дурахшони шамси Ховари аз паси қуллаҳои сарбаланди Помири дилнавоз  бароянда  мардуми сарзамини куҳанбунёди тоҷик ин муждаи фараҳбахшро басо ҳам гарм истиқбол гирифтанд.  Ба қавли устоди зиндаёд Муъмин Қаноат:
Мурғи истиқлол омад пайки иқболи баланд,
Чун ҳумое соя меафганд аз боли баланд.
Оре, шодиву фараҳи тоҷикон ҳадду андоза надоштанд. Мо ид доштем, ҷашни озодиву истиқлол. Вале душман дар камин буду аз таҳаммулпазириву одамгарии мо суистифода карда, бар сарамон ҷанги шаҳрвандиро таҳмил дод. Хуни бисёр рехтанд, шаҳру деҳотро ғорат карданд, сипас, оташ заданд, дороии кишварро дуздиданд ва ба хориҷа бурданд, иқтисодиёт таназзул ёфта, ба сифр баробар шуд. Гуруснагӣ домангири хурду калон гардид. Ҳазорҳо нафар сокинони мамлакат  ба кишварҳои дуру наздик фирорӣ шуданд. Хавфи  аз миён рафтани давлат ва миллат пайдо шуда буд.  
Ана дар ҳамин вазъияти душвору мураккаб, пуртаҳлука ва пурҳаводис  миллати бесарпанаҳмонда,  бахтбаргашта  ва  то ҳадде бесоҳибмонда  сарват ва ганҷи бебаҳотарини    худро  пайдо намуд. Дар шахсияти ҷавонмарди далеру шуҷоъ, покдилу поксиришт, ташаббускор ва ватандӯсту ҳимматбаланд Эмомалӣ Раҳмон  наҷотбахши худро пайдо кард. Дар Ҷаласаи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд ин ҷавонмарди чандин зинаҳои роҳбариро тайзада  Раиси Шурои Олии кишвар – Сарвари давлати Тоҷикистон якдилона интихоб гаштанд. Роҳбари тозаинтихоб аз соли нахуст тавонистанд, ки алангаи ҷанги хонумонсӯзро хомӯш намоянд, гурезагонро ба Ватан баргардонанд, сулҳи деринтизорро биоранд. Чи хуб шуд, ки бисёр ҷавонони гумроҳ ва фиребхӯрда хатоии худро фаҳмида, камонҳоро аз китф ва ханҷарҳоро аз миён дур карданд ва ба ҳаёти осоишта баргаштанд Онҳо дар баробари насли калонсол баҳри ободии Ватан-Модар камари ҳиммат бастанд. 
Аз ибтидои соҳибистиқлолӣ сар карда, аз ҳама муҳимаш он буд, ки давлатҳои пуриқтидор ва пешрафтатарини дунё - Амрико, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Англия, Фаронса, Олмон, Эрон, Ҳиндустону Покистон, мамолики Араб ва дигар кишварҳо дар сароғози  соҳибистиқлолӣ моро ба расмият шинохтанд ва сафоратхонаҳояшонро дар шаҳри Душанбе кушоданд. Дар кӯтоҳтарин фурсат Тоҷикистонро  тамоми ҷаҳон шинохт, ки ин дастоварди беназиртарини Сарвари  мамлакат  дар сиёсати байналмилалӣ буд.
Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин солҳои истиқлолият амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ оғоз шуданд. Мавриди зикр аст, ки В.И. Ленин бо як нақшаи электрикунонии мамлакаташ машҳур шуд. Роҳбари давлати мо бошанд,  зиёдтар амалҳои бунёдкорӣ ва созандагиро ба ҷо оварданд. Ба амал баровардани  чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, ба истиқлолияти энергетикӣ  расидан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ниҳоят саноатикунонии мамлакат оғоз гашт ва бомаром идома дорад. Давра ба давра  дар татбиқи  садҳо лоиҳаҳои ободгарӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ дар тули  30 соли истиқлолият  гомҳои устувортарин гузошта шуданд. Ин ҷо ҳақ ба ҷониби  Пешвои муаззами миллат мебошад, ки Тоҷикистон биҳишти рӯи Замини мо аз файзу баракати ваҳдати миллӣ ва истиқлолият ва заҳмати софдилонаи  мардуми заҳматкаш танҳо ба пеш, ба сӯи ояндаи боз ҳам дурахшонтар рафта  истодааст.
Бузургтарин муъҷизаи  нодири  солҳои соҳибистиқлолӣ ин дар баробари бунёди шоҳроҳи  автомобилгарди Душанбе - Чанак, Душанбе – Лахш - сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, роҳҳои оҳани Душанбе - Кӯлоб, Ваҳдат - Ёвон, сохтмони  шоҳроҳи байналмилалии  автомобилгарди Душанбе -  Кӯлоб – Дарвоз - Хоруғ – Мурғоб - Қулма ба ҳисоб меравад. Бо  бунёд гардидани ин шоҳроҳ дар охирин соли  асри бистум саросари мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт. Аз ин  ташаббускорӣ ва ҳиммати баланду  мардонаи Пешвои муаззами миллат, пеш аз ҳама,  сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бурд карданд. Онҳо аз машаққати тайи шаш моҳ  аз бероҳӣ азият кашидан ва чашм ба роҳи об гаштанҳои  барфу тармаҳои ағбаи Хобу Рубот халос шуданд ва сарашон чун қуллаҳои Помир ба осмон расидааст. 
Акнун шоҳроҳи Душанбе – Қулма ба шоҳроҳи транзитӣ табдил ёфта,  аз масири   он ҳоло  бисёр   мамолики Осиёи Марказӣ  ва дигар кишварҳо истифода мебаранд. Халқи тоҷик, пеш аз ҳама, сокинони Бадахшон ҳеҷ гоҳе фаромӯш нахоҳанд кард, ки сармеъмори ин шоҳроҳи нодиртарини дунё  Роҳбари хирадманди мушкилкушои миллат мебошанд. Ваъдаеро, ки ба мардуми Бадахшон ва кишвар дода буданд: «Ин роҳро мо бо нохун бошад ҳам, месозем» содиқона ба  ҷо оварданд.  Шоири  номвар, устод  Муъмин Қаноат, ки дар ин  роҳкушоиҳои Пешвои миллат дар Тангнои Дарвоз, Девдараи  пешина (Гулдараи ҳозира)  иштирок доштанд,  ин воқеаи бузурги таърихиро   чунин тасвир кардаанд;
Меъмори азал аҷаб раҳе сохтааст, 
Меъмори наве  тарҳи нав андохтааст,
Дар рӯи Замин раҳи яқин аст, биё, 
Меъмор чу кӯҳ қомат афрохтааст.
 
Роҳе, ки зи коми аждаҳо мегузарад,
Аз он дами субҳдам Даҳо мегузарад.
Зоди сафараш ниҳода дар мулки Шикай,
Аз омаданаш оби бақо мегузарад.
Дар раҳандозии ҳадафи дуюми  стратегии мамлакат,  ба истиқлолияти энергетикӣ расидан низ тайи ин солҳо корҳои зиёде ба ҷо оварда шудаанд. Неругоҳи барқи обии « Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», « Помир-1», «Тоҷикистон» ва боз даҳҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар минтақаҳои гуногуни  кишвар қад кашидаанд. Имрӯзҳо бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа  оғоз гаштааст. Пешвои миллат ба сохтмони он санги асос гузоштанд Як нуктаро зикр кардан зарур аст, ки дар  паси чанбараки булдозер  чун кӯҳҳои сарбаланди Тоҷикистон бовиқор  нишастан ва бастани  оби дарёи Вахши саркаш аз ҷониби Роҳбари ташаббускор,   ба ояндаи дурахшон ҳидоятгар ва раҳнамунсози кишвар рамзи  саодатбахши он аст, ки мо метавонем бе кумаки дигарон неругоҳи  муқтадири «Роғун»-ро  бунёд созем он гуна ки шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе – Хоруғ - Мурғоб - Қулмаро сохтем. Мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани ду агретаги  нахустини ин кохи  нурофар, инчунин, дар ин айёми сиюмин солгарди  Истиқлоли давлатии мамлакат вусъати баланд пайдо кардани корҳои сохтмонӣ дар бунёди агрегатҳои  боқимонда далели  боэътимоди ин гуфтаҳо мебошад.
Дар пиёдасозии ҳадафи сеюми  стратегӣ - таъмини   амнияти озуқаворӣ низ вазифаҳо ва нишондодҳои бамиёнгузоштаи Роҳбари давлат ба пуррагӣ  ба ҷо оварда шуда истодаанд. Дар кӯтоҳтарин фурсат  ҳазорҳо гектар маконҳо ва заминҳои   бекорхобидаи киштбоб обод ва обёрӣ гашта, ба гардииши кишоварзӣ ворид гардидаанд. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро дар чорсӯи кишвар, алалхусус дар музофотҳои кӯҳистон, ба ҷо оварда, ҳоло аз ҳар як  ваҷаб  замину боғот пурсамар истифода бурда мешавад. Имрӯзҳо  боғҳои  интенсивӣ бунёд мегарданд, самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ, ситруспарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва  парандапарварӣ,  ривоҷ меёбанд.
Дар ёд дорем, ки дар нахустин солҳои  истиқлолият Пешвои миллат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом медоданд. Дар чорбоғи шаҳраки Рохарви ноҳияи Ванҷ, вақте ки  Роҳбари маҳбуб хабар ёфтанд, ки дар музофотҳои баландкӯҳ ва дурдасти  вилоят бо сабаби сардии ҳаво ба парвариши ниҳолҳои себу нок, зардолу, гелосу чормағз ва тут деҳнишинон кам машғуланд, бо боварии қатъии ба худашон хос  изҳор намуданд, ки ин фикру андешаҳо тамоман  ғалат ва бепояанд. Дар  ҳамон вохӯрӣ Пешвои миллат аҳли деҳотро даъват намуданд, ки домони боғҳоро бебокона то ба наздикии пиряхҳо расонанд. Дастуру  ҳидоятҳо ва маслиҳатҳои Сарвари  давлат ба зудӣ ба ҷо оварда шуданд. Ҳоло боғистонҳои зиёде  дар деҳоти домони пиряхҳои Федченко, Хирсон ва наздикиҳои қуллаҳои  ба номи Исмоили Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Синои водии Ванҷ бунёд шудаанд. Чунин боғҳои мевадор ва дарахтони ороишӣ дар дурдасттарин нуқоти водиҳои баландкӯҳ ва дурдасти Вахё, Язгулом, Бартанг, Ғунду Шоҳдара ва Ғорону Вахон низ арзи вуҷуд кардаанд. Акнун меваҳои шаҳдбори ин музофотҳои Бадахшон низ ба мисли дигар минтақаҳои кишвар, вилоятҳои Суғду Хатлон, водиҳои Ҳисору Рашт ба хориҷи  мамлакат содирот мешаванд.
Дар иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии мамлакат низ дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор пешравиҳои намоён  ба назар мерасанд. Сокинони Бадахшон хуб дар хотир доранд, ки дар даврони  шуравӣ дар шаҳри Хоруғ  ягона  корхонаҳои истеҳсоли оҳану бетон, коркарди гӯшту шир,  коргоҳи дӯзандагӣ, нонпазӣ ва дар ноҳияҳо бошад, сехҳои хурди комбинатҳои хизмати маишӣ амал мекарданд.
Ҳоло бошад, дар маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳо даҳҳо корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои «Карон-калсид» ва дӯзандагии «Меҳри модар», коркарди  асал ва меваҳои  ситрусӣ дар ноҳияи Дарвоз, санги мармар дар ноҳияи Ванҷ, истихроҷи нуқра бо номи «Истиқлол» дар мавзеи  Якҷилваи водии Аличури ноҳияи Мурғоб ва боз чандин корхонаҳову коргоҳҳои саноатии хурду миёна дар сартосари Помир дар даврони соҳибистиқлолӣ, бунёд гаштаанд. Теъдоди корхонаҳои сохташуда   дар мамлакат ба ҳазорҳо адад мерасад. 
Боиси тазаккур аст, ки дар 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи дарҳои кушодаи Пешвои муаззами миллат  ба он мусоидат намудааст, ки сармоя ва технологияи муосири кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба Тоҷикистон ворид мешаванд. Дар ин давра дар ҳамдастии Ҳукумати мамлакат ва шарикони хориҷии рушд корхонаҳои зиёди саноатӣ, иншооти энергетикӣ, роҳу пулҳо, муассисаҳои самти иҷтимоии зиёде  сохта шудаанд ва ин  амалҳои созандагӣ босуръат идома доранд. Сармоягузорони  хориҷӣ хуб фаҳмидаанд ва дарк кардаанд, ки маблағҳои ҷудокардаи онҳо  мақсаднок истифода бурда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин барои  азнавсозии қитъаи роҳи Қалъаихумб – Ванҷ - сарҳади ноҳияи Рӯшон 203,9 миллион доллар ҷудо шудааст. Пешвои муаззами миллат ба бунёди  ин қитъаи  роҳ, ки 109 километрро ташкил менамояд, зимни сафари кориашон ба ноҳияи Дарвоз санги асос гузоштанд. Дар наздиктарин фурсат сохтмони ин қисми  мушкилтарини  роҳҳои тулонии Помир сар мешавад. 
Бо камоли эътимод гуфтанием, ки  сокинони  "Боми ҷаҳон"-и тоҷик, ба мисли  мардуми   саросари  кишвар, дастуру ҳидоятҳо ва даъватҳои Пешвои  арзанда ва шоистаи миллатро содиқона ба ҷо меоранд. Дастаҷамъона  Бадахшон ва дар маҷмуъ, Тоҷикистонро боз  ҳам ободтар ва зебову  дилоротар месозанд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2021    №: 218 - 219    Мутолиа карданд: 400
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед