logo

илм

Александр Якубовский аз бунёдгузорони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ аст

Сарзамини тоҷикон – Хуросони Бузург дорои иқлими мӯътадил ва имкониятҳои хуби зист барои инсон аст. Аҷдодони мо дар ин макон аз асри қадими санг инҷониб зиндагӣ доранду аз худ мероси бузурги моддиву маънавиро боқӣ гузоштаанд. Харобаҳои садҳо шаҳру кӯшк  шоҳиди безаволи он аст.
Омӯзиши ёдгориҳои бостонии Осиёи Миёнаро дар нимаи дуюми асри XIX русҳо оғоз намуданд, вале таҳқиқоти васеъ пас аз инқилоб сар шуд. Муддате бо сабабҳои мухталиф дар қаламрави Тоҷикистон то анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳон дар ин ҷода корҳои пажӯҳишӣ бурда намешуд.
Соли 1945 Раёсати Академияи илмҳои Шӯравӣ  гӯрӯҳи бостоншиносии Тоҷикистонро бобати омӯзиши ёдгориҳои даврони гузашта таъсис дод ва Александр Юревич Якубовский сарвари он таъйин шуд.
Ховаршинос, академики АИ Тоҷикистон, узви вобастаи АИ Шӯравӣ, профессор А. Якубовский соли 1886 дар шаҳри Самарқанд,  дар оилаи хизматчии маъмурияти русҳо ба дунё омадааст. ӯ дар байни тоҷикон ба воя расид ва маълумоти ибтидоӣ гирифт. Соли 1913  ба бахши таъриху забони Донишгоҳи Петербург дохил шуда, баъди хатми он таҳсилашро дар бахши шарқшиносӣ идома дод.
Соли 1925 дар Пажӯҳишгоҳи таърихи тамаддуни моддӣ (баъдан бостоншиносӣ) ба фаъолият шурӯъ намуда, ҳамзамон  шурӯъ аз соли 1928 дар Эрмитаж низ корҳои илмиву таҳқиқиро идома дод. Роҳбари илмии ӯ шарқшиноси бузург В. Бартолд буд.
А. Якубовский забонҳои тоҷикӣ – форсӣ ва арабиро хуб медонист ва омӯзиши сарчашмаҳои хаттӣ  барояш осон буд. ӯ ба таъриху тамаддуни асримиёнаи Хуросони Бузург,  Эрон,  Хилофати  Араб ва Қафқозу Ҷануби Русия таваҷҷӯҳи калон дошт. Корҳои илмиаш ба воқеаҳои таърихи ин минтақаҳо, аз ҷумла шаҳри Самарқанд ва ғайра бахшида шудаанд.
Ҳамчунин дар ин солҳо оид ба этимологияи вожаҳои Самарқанду Бухоро таҳқиқоти бостонӣ бурда, роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти фарзанди бузурги халқи тоҷик – Абӯалӣ ибни Сино ва саркардаҳои шӯришҳои калон – Муқаннаъ ва Маҳмуди Торобӣ мақолаҳои ҷолиб навишт.
А. Якубовский яке аз саромадони илми Тоҷикистон аст. Соли 1934 дар назди Шӯрои Комиссарони халқии Тоҷикистон шӯро оид ба илм созмон ёфт. Ба он А. Раҳимбоев (раис), Е. Павловский, А. Якубовский, А.Семёнов, М. Андреев ва дигар олимон шомил буданд. Ин шӯро дар рушди илм, омӯзиши сарватҳои табиӣ, таърих, нерӯҳои истеҳсолкунандаи кишвар нақши муҳим бозид.
Бо сарвари гурӯҳи бостоншиносии Тоҷикистон таъйин шудан, дар фаъолияти илмии Якубовский давраи нав сар шуд. ӯ олимони ҷавону боистеъдод – М. Дяконов, А. Белениский, О. Смирнова, Б. Ставиский, В. Воронина ва дигаронро ба кори гурӯҳ ҷалб намуда, соли 1946 ба омӯзиши ёдгориҳои бостонии кишвар пардохт.
Ба сифати ёдгории асосӣ, барои бурдани ҳафриёти бисёрсолаи бостонӣ, харобаҳои Панҷаканди қадим интихоб шуд. Дастовардҳои илмии солҳои аввал нишон доданд, ки Якубовский дар ин масъала иштибоҳ накардааст. Ва инак, зиёда аз 65 сол аст, ки дар ин шаҳр ҳафриёт идома дорад. Он аз хазинаҳои бузурги таъриху тамаддуни аҳди қадими халқи тоҷик эътироф шудааст. Дар ин муддат бостоншиносон оид ба ҷанбаъҳои гуногуни таърихи Панҷаканд силсилаи бузурги корҳои илмиро сомон бахшиданд ва нахустин мақолаву асарҳои илмӣ оид ба таърихи ин шаҳр ба қалами Якубовский тааллуқ доранд.
А. Якубовский ҳамчунин аз бунёдгузорони Академияи илмҳои Тоҷикистон аст. Бо қарори Шӯрои Вазирони Шӯравӣ аз 9 октябри соли 1950 ӯ узви комиссияи ташкилӣ буд. Бо бунёди АИ Тоҷикистон  А. Якубовский академики он интихоб шуд.
Ин донишманди нуктасанҷ дар ташкили пойдевори илми Тоҷикистону омӯзиши таъриху тамаддуни куҳани халқи мо ҳиссаи босазо дорад ва мактаби бостоншиносии тоҷикро асос гузошта, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст.
ӯ соли 1953 дар шаҳри Ленинград аз ҷаҳон чашм пӯшид.

Усмони ЭШОНЗОД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 647

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед